Дар як сатр
» » НАҶОТ САФАРЗОДА

НАҶОТ САФАРЗОДА

31-12-2014, 22:11

НАҶОТ САФАРЗОДА10-уми сентябри соли 1956 дар деҳаи Кадучии ноҳияи Восеъ ба дунё омадааст.

Баъди хатми мактаби миёнаи №6 ба факултаи филологияи Университети давлатии Тоҷикистон шомил шуда, бахши журналистикаи факултаи мазкурро соли 1978 ба поён расонидааст.

Фаъолияти кориашро аз мусаҳҳеҳии рӯзномаи вилоятии «Роҳи ленинӣ» оғоз намуда, минбаъд дар ин ҷо ба сифати тарҷумон ва мухбири калон адои вазифа намудааст.

Аз моҳи январи соли 1981 ба рӯзномаи «Мубориз», имрӯза рӯзномаи ноҳиявии «Гулхани Восеъ»-и ноҳияи Восеъ, ба кор омада, аввал ба сифати котиби масъул, ҷонишини муҳаррир ва аз соли 1993 то имрӯз ба сифати муҳаррири рӯзнома фаъолият менамояд.

Ҳамзамон хабарнигори рӯзномаи вилоятии «Хатлон» дар минтақаи Кӯлоб буда, дар саҳифаҳои ин нашрия мунтазам маводҳояш ба табъ мерасанд.
Узви Иттиҳоди журналистони Тоҷикистон ва дорандаи нишони «Аълочии матбуоти Тоҷикистон» аст.


БОЙГОНИИ МАТЛАБҲОИ НАҶОТ САФАРЗОДА

Шарҳи хонандагон +

Матолиби дигар:

ҒАЙБУЛЛО ҲАЛИМОВ

ҒАЙБУЛЛО ҲАЛИМОВ

Ҳайати эҷодӣ
САТТОР ҚАРАХОНОВ (С. Аттор)

САТТОР ҚАРАХОНОВ (С. Аттор)

Ҳайати эҷодӣ
Ҳайати кории нашрияи

Ҳайати кории нашрияи "Хатлон"

---
АСАЛМО САФАРОВА (Вахшона)

АСАЛМО САФАРОВА (Вахшона)

Ҳайати эҷодӣ

ҲУСЕЙН МАЛИКОВ

Ҳайати эҷодӣ