Дар як сатр
» » Қӯрғонтеппа. Мизи мудаввар бо ширкати намояндагони аҳзоби сиёсӣ

Қӯрғонтеппа. Мизи мудаввар бо ширкати намояндагони аҳзоби сиёсӣ

14-02-2015, 09:04

Қӯрғонтеппа. Мизи мудаввар бо ширкати намояндагони аҳзоби сиёсӣДар дафтари саҳроии Созмони амният ва ҳамкорӣ дар Аврупо дар шаҳри Қӯрғонтеппа бо иштироки намояндагони тамоми аҳзоби сиёсӣ мизи мудаввар баргузор шуд.

Дар кори мизи мудаввар ҳамчунин Невинг Рудшер, мушовир оид ба масъалаҳои сиёсии САҲА, Ҷаъфар Усмонов, масъули намояндагии САҲА оид ба кор бо ҳизбҳои сиёсӣ ва масъулон аз мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии вилояти Хатлон ширкат доштанд.

Дар ин ҳамоиш маърӯзаи Шоҳрухи Саидҷаъфар, ассистенти кафедраи сиёсатшиносии Донишгоҳи давлатии Кӯлоб ба номи Абӯабдуллоҳи Рӯдакӣ, дар мавзӯи «Парламентаризм ва нақши ҳизбҳои сиёсӣ дар он» мавриди баҳсу баррасӣ қарор дода шуд.

Аҳмадҷон Ализода, раиси комиҷроияи ҲХДТ дар вилояти Хатлон, бо ёдоварӣ аз Паёми имсолаи Президенти кишвар ба Маҷлиси Олӣ қайд кард, ин чорабинии сиёсӣ бояд дар доираи талаботи Конститутсияи (Сарқонуни) Ҷумҳурии Тоҷикистон, қонунҳои амалкунанда, дар сатҳи баланди ташкилӣ ва маърифати ҳуқуқӣ, шаффофу озод, ба таври демократӣ ва бо иштироки фаъолонаи интихобкунандагон доир гардад.

- Ҳамон гуна ки Роҳбари давлат таъкид намудааст, интихоби навбатӣ бояд ба омили муттаҳидкунандаи халқи Тоҷикистон, таҳкими сулҳу субот, ваҳдати милливу сарҷамъии мардуми кишвар ва болоравии эътибору обрӯи давлати мо дар арсаи ҷаҳонӣ гардад, - гуфт А. Ализода. - ҲХДТ тамоми чораҳоро меандешад, ки чунин шавад.

Иштирокдорони дигари мизи мудаввар изҳори умед намуданд, ки сохторҳои масъули баргузории интихобот ба ҳамаи ҳизбҳои сиёсии дар интихобот ширкаткунанда ва ба номзадҳои пешбаришуда шароити баробар фароҳам меоранд.

Бобоҷон Саидов, намояндаи мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии вилояти Хатлон, зимни ин ҳамоиши ҳизбҳои сиёсӣ гуфт, ки тамоми корҳои омодагӣ ва гузаронидани интихобот дар асоси талаботи Қонунҳои конститутсионии Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи интихоботи Маҷлиси Олии Чумҳурии Тоҷикистон», «Дар бораи интихоботи вакилон ба Маҷлисҳои маҳаллии вакилони халқ», дастурҳои Комиссияи марказии интихобот ва раъйпурсӣ баргузор карда мешаванд.


Шарҳи хонандагон +

Матолиби дигар:

«Оилаи солим – ҷамъияти солим»

«Оилаи солим – ҷамъияти солим»

Хабарҳо, ҲАНГОМА ПАҲЛАВОНОВА
Анҷоми бақайдгирии номзадҳо аз ҳавзаҳои якмандата

Анҷоми бақайдгирии номзадҳо аз ҳавзаҳои якмандата

Сиёсат, Хабарҳо, НОСИРҶОН МАЪМУРЗОДА
То интихобот 25 рӯз монд

То интихобот 25 рӯз монд

Сиёсат, Хабарҳо
Семинарҳои омӯзишӣ дар ҳавзаҳои Қӯрғонтеппа ва Вахш

Семинарҳои омӯзишӣ дар ҳавзаҳои Қӯрғонтеппа ва Вахш

Сиёсат, Хабарҳо, ҲАНГОМА ПАҲЛАВОНОВА
Эмомалӣ Раҳмон: Ҳамаи мо барои фардои давлату миллат масъулият дорем

Эмомалӣ Раҳмон: Ҳамаи мо барои фардои давлату миллат масъулият дорем

Сиёсат, Хабарҳо