Дар як сатр
» » Сафари Қоҳир Расулзода ба Кӯлоб

Сафари Қоҳир Расулзода ба Кӯлоб

12-02-2015, 09:03

Сафари Қоҳир Расулзода ба КӯлобСарвазири мамлакат Қоҳир Расулзода ба шаҳру навоҳии минтақаи Кӯлоби вилояти Хатлон сафари корӣ анҷом дод.

Ошноӣ бо ҷараёни омодагиҳо ба таҷлили 700-солагии Мир Сайид Алии Ҳамадонӣ, 70-солагии Донишгоҳи давлатии Кӯлоб ва Пойтахти фарҳангии ИДМ интихоб шудани шаҳри Кӯлоб ва умури сохтмонӣ дар иншоотҳои ҷашнӣ аз ҳафдафҳои аслии сафари мазкур унвон мешавад.

Ҷашнҳои мазкур қарор аст, ки соли ҷорӣ дар шаҳри Кӯлоб ба шаҳомати хос ва ширкати ҳазорон меҳмонони дохилию хориҷӣ таҷлил шаванд.

Қоҳир Расулзода ва ҳайати корӣ нахуст аз оромгоҳи Мир Сайид Алии Ҳамадонӣ дидан карда, бо рафти навсозиҳо дар сағонаҳои оромгоҳ ошно гаштанд. Сарвазир ба масъулин супориш дод, ки биноҳои истиқоматӣ ва маъмурии атрофии оромгоҳро таъмиру тармим созанд.

Гурӯҳи корӣ инчунин аз ҷараёни бунёди бинои маъмурии Донишгоҳи давлатии Кӯлоб, ки аз ҷониби Дирексияи сохтмони иншоотҳои ҳукуматии Дастгоҳи иҷроияи Президенти кишвар сурат мегирад, боздид кард.

Дар Муҷтамаи меъмории 2700-солагии шаҳри Кӯлоб, ки айни ҳол бо зиёда аз як миллион сомонӣ маблағгузории мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии вилояти Хатлон корҳои таъмиру навсозияш идома дорад, Қоҳир Расулзода дар ҳашари ниҳолшинонӣ ширкат варзид.

Сарвазир ҳамчунин дар ноҳияи Шӯрообод бо ҷараёни бунёди роҳу пулҳо низ шинос шуда, ҷиҳати вусъати умури сохтмонӣ ба масъулин дастурҳо дод.


Шарҳи хонандагон +

Матолиби дигар:

Сафари Сарвазир ба Ҷайҳун

Сафари Сарвазир ба Ҷайҳун

Хабарҳо, Арсаи кишоварзӣ, НОСИРҶОН МАЪМУРЗОДА
Шиносоии Сарвазир бо умури роҳсозӣ

Шиносоии Сарвазир бо умури роҳсозӣ

Иқтисоду тиҷорат, Хабарҳо, ҲАНГОМА ПАҲЛАВОНОВА
Ситоди кории раиси вилоят дар Кӯлоб

Ситоди кории раиси вилоят дар Кӯлоб

Фарҳанг ва адабиёт, Хабарҳо, ҲАНГОМА ПАҲЛАВОНОВА
Эроди Сарвазир аз ҷараёни сусти сохтмони роҳи оҳан

Эроди Сарвазир аз ҷараёни сусти сохтмони роҳи оҳан

Иқтисоду тиҷорат, Хабарҳо, НОСИРҶОН МАЪМУРЗОДА
Машварати кории назди Сарвазир

Машварати кории назди Сарвазир

Хабарҳо, НОСИРҶОН МАЪМУРЗОДА