Дар як сатр
» » Таҳрифи воқеият кори мардони оқил нест

Таҳрифи воқеият кори мардони оқил нест

11-02-2015, 11:05

Таҳрифи воқеият кори мардони оқил нест

«Фақат баъзеҳо метавонанд сиёсат офаранд,
аммо дар бораи он ҳама мулоҳиза карда метавонанд».
ПЕРИКЛ

«Идеали сиёсии мо Ваҳдати миллӣ, муттаҳидию ягонагӣ, дӯстию бародарӣ ва пешрафти Ватани азизамон мебошад», - гуфтааст Эмомалӣ Раҳмон, Президенти Тоҷикистон ва халқи кишвари азизамон, бидуни шубҳа, бо ин ақидаи Роҳбари давлат мувофиқ буда, пуштибонии комили худро изҳор медоранд. Модоме ки ҷангу ҷидол балову фалокат барои зиндагист, пас сулҳофаринӣ - кӯшиши боздоштани ҷараёни марги оммавӣ, гурезагиву оворагӣ ва фақру гуруснагӣ, бояд дар сатҳи умумиҷаҳонӣ қадр карда шавад ва номи сулҳоварон дар тамоми дунё ба хосу омм ҳамчун қаҳрамони сулҳ маъруф гардад.

Имрӯзҳо дар арафаи маъракаи муҳими сиёсӣ – интихоботи вакилони маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва маҷлисҳои вакилони халқи вилоятҳо, шаҳру ноҳияҳо ва ҷамоатҳо – қарор дорем. Табиист, ки ҳизбҳои сиёсӣ ва номзадҳои алоҳидаи довталаби курсии вакилӣ дар маҷлисҳо ба хотири ба даст овардани раъйи интихобкунандаҳо тадбирҳои таблиғотию ташвиқотӣ меандешанд, дидору мулоқот анҷом медиҳанд. Аммо, ҷойи таассуф аст, ки гоҳе бархе аз раҳбарон ва намояндагони аҳзоби сиёсӣ зимни вохӯриҳояшон бо мардум аз чаҳорчӯби этикети сиёсӣ ва маданияти шаҳрвандӣ берун омада, аз усулҳои мамнӯи таъсиррасонӣ ба омма истифода карданӣ мешаванд. Гузашта аз ин, вақте аз онҳо хоҳиш мешавад, ки ба арзишҳои миллию давлатӣ арҷ гузошта, аз қиёсҳои ноҷоиз ва гуфтори таҳқиромез худдорӣ варзанд, ин дархости мақомоти давлатиро ҳамчун мудохила ва саддгузорӣ ба фаъолияти худ ташреҳ медиҳанд.

Чанде пеш дар ноҳияи Ҷалолиддини Румӣ конфронси якҷояи пешазинтихоботии созмонҳои Ҳизби наҳзати исломӣ дар навоҳии Ҷ. Румӣ, Қубодиён ва Ҷиликӯл барпо гардид, ки дар он масъалаи пешбарии номзадии Абдуқаҳҳор Давлятов ба вакилии Маҷлиси намояндагон мавриди муҳокима қарор гирифт.
Намояндагони комиссияи ҳавзавӣ, мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳия ва дигар масъулон барои баргузории ин конфронс дар чаҳорчӯби қонунгузории кишвар ҳамаҷониба мусоидат намуд. Ҳамчун муовини раиси ноҳия дар чорабинии мазкур ширкат варзида, аз номи мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳияи Ҷалолиддини Румӣ меҳмононро хайрамақдам гуфта, ба кори конфронс муваффақият хостам.

Қабл аз суханронии банда намояндагони бахши ҲНИТ дар ноҳия ва вилояти Хатлон маърӯза намуда, аз ҳолатҳои фишор болои ҳизбашон ва нотавонии худ лаб ба шиква кушоданд ва мақомоти давлатиро мавриди интиқод қарор доданд. Албатта, ҳизбҳои оппозитсионӣ ҳамеша ҳукумат ва мақомоти давлатиро интиқод мекунанд ва ин як ҷузъи раванди сиёсӣ мебошад. Аммо дар ҷаҳони сиёсат ва сиёсатшиносӣ истифода аз усулҳои сиёҳу ноҷоиз дар ташаккули афкори сиёсии ҷомеа қобили қабул намебошад.

Зимни суханронии худ тамоми аъзо ва пайравони ҲНИТ-ро ба меҳанпарастӣ ва дар ҳама ҳолат афзалият додан ба арзишҳои миллию давлатӣ даъват намудам. Ҳамаи мо, алҳамдулиллоҳ, мусулмон ҳастем, яъне бояд талош кунем, ки номи нек, фарзанди нек, аъмоли нек дошта бошем ва бо ҳисси баланди ватанпарастию ватандорӣ аз худ дарак диҳем. Фарзанди фарзонаи миллати тоҷик, Сардори давлати мо муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар ҳар як суханронияш таъкид мекунад, ки бо ҳамдигар дӯст бошем, тифоқ бошем, бародар бошем, шукронаи миллату меҳан кунем. Расули акрам (с) ҳам ба мо – умматонаш фармудааст, ки «меҳрубон бошед, тифоқ бошед, муъмин бародари муъмин бошад».

Тоҷикистон давлати демократӣ, ҳуқуқбунёд, дунявӣ ва ягона мебошад, пас бояд ҳама якҷо барои ҳифзи якпорчагии давлат, таҳкими сулҳу субот, амнияти миллӣ, пешгирӣ аз ифротгароӣ, терроризм ва тафриқаандозию гурӯҳбозӣ ва нигоҳ доштани сохти конститутсионии Тоҷикистони азиз талош ба харҷ диҳем. Мо ҳама дар чорчӯбаи қонун бояд кор кунем, ҳам мақомоти давлатӣ, ҳам ҳизбҳои сиёсӣ, ҳам ташкилотҳои ҷамъиятӣ. Тавре ки Президенти кишвар Эмомалӣ Раҳмон таъкид мекунад, бояд тамоми ҷомеаи шаҳрвандӣ дар пешорӯи хатарҳои ҷаҳонишавӣ ва таҳдидҳои беруна ба амнияти давлату миллат иттифоқи назар ва нерӯ нишон диҳем.

Илми сиёсатшиносӣ тақозо дорад, ки ҳама гуна муборизаи сиёсӣ бояд маънӣ дошта бошад, ҳадафи ҳизбҳо ҳам танҳо рушди ҷомеа бошад, на барангехтани хусумат ва интиқоду таҳқири роҳбарони давлат. Бояд аз ҳаводиси кишварҳои арабӣ, бахусус Сурия, Ироқ, Покистон, Миср, Афғонистон ибрат гирем ва бо маърифати баланди сиёсӣ, бо мафкураи солиму созандаи худ барои роҳ надодан ба такрори чунин рӯйдодҳо дар кишвари азизамон чораандешӣ кунем.
Вақте мо тамоми Қуръони азимушшаънро мутолиа мекунем, мағзи исломи нобро аз худ мекунем, саволе дар зеҳнҳо пайдо мешавад, ки агар дар ислом ҳизб нест, пас, сӯйистифода аз ифодаи исломи азиз дар номи як ҳизби сиёсӣ то куҷо мантиқӣ ва зарур аст?

Яке аз нишонаҳои давлати мардумсолорӣ ин аст, ки дар баробари Ҳукумат ва мақомоти давлатӣ, бояд тамоми ҳизбҳои сиёсӣ, созмонҳои ҷамъиятӣ ва муассисаҳои дигари ғайриҳукуматӣ низ ба мардум ҳисоботдиҳанда бошанд. Мардум бояд донад, ки ин ё он ҳизби сиёсӣ ё созмони ғайриҳукуматӣ барои рушди ҷомеа, барои беҳ шудани вазъи иҷтимоӣ чӣ хизмате кардааст ё чӣ барномаи мушаххасе барои беҳбуд бахшидан ба ҳаёти иқтисодию иҷтимоии мардум рӯйи даст дорад.

Дар он конфронси пешазинтихоботии ҲНИТ раиси ин ҳизб М. Кабирӣ низ сухан гуфт. Пас аз ин конфронс дар тамоми ВАО хабаре нашр шуд, ки гӯё Майрамбӣ Ғаффорова (ҳатто исми маро масъулони ҲНИТ барғалат нишон додаанд), сухани Кабириро бурида, гуфта бошад, ки на аз Худо, балки аз Ҷаноби Олӣ бояд шукрона кард. Дар хабарҳо ҳамчунин гуфта мешуд, ки гӯё гурӯҳе аз занон болои генератори барқдиҳанда об пошидаанд, то барқ хомӯш шавад.

Ростӣ, бори дигар мутмаин шудам, ки масъулони ҲНИТ ба хотири пиёда сохтани ғаразҳои сиёсии худ аз ҳама усули ноҷоиз, ҳатто туҳмату таҳқир ва таҳрифи воқеият истифода карда, аз ВАО ва журналистон низ сӯйистифода мекунанд.

Воқеияти ҳол чунин буд: Дар ин чорабинии ҳизбӣ танҳо аъзои ҲНИТ ширкат доштанд ва он генератор ҳам дар дохили мавзеи баргузории конфронс воқеъ буд. Занони ноҳияи Ҷ. Румӣ ба он ҳад дур аз маърифату маданият нестанд, ки барқасдона чунин коре анҷом диҳанд. Амалан нафари бегонае ба он генератор наздик шуда наметавонист. Баръакс, вақте банда ба минбар омада, сухан мегуфтам, 3-4 маротиба микрофон хомӯш гардид ва ниҳоят аз кор бозмонд. Пасон, вақте раиси ҳизб ба минбар омад, микрофон «худ ба худ» ба кор даромад…

Вақте ба Муҳиддин Кабирӣ сухан доданд, вай дар баробари ситоиши номзадҳои пешбаришудаи ҳизби таҳти раҳбариаш ба парлумон ва маҷлисҳои маҳаллии вакилони халқ, гуфт, ки Тоҷикистон ба ғайр аз сулҳ дигар дастоварде надорад. «Ба касе маъқул аст ё не, касеро Ҳизби наҳзат намефорад, ин масъалаи мову шумо нест. Ҳизби наҳзати исломии Тоҷикистон вазифадор нест, ки ба ҳар кас ҷавоб бигӯяд, ба мулло ҳам ҷавоб гӯяд, ба судяву хонуми чаккафурӯши бозор ҳам. Дар ислом ҳизб ҳаст ё нест, агар дар Тоҷикистон қонуни шариат ҷорӣ мебуд, баҳси қуръонӣ мекардем. Ҳар кас мегӯяд, ки Ҳизби наҳзат лозим нест, ба суди конститутсионӣ муроҷиат кунад», - гуфт ӯ.

- Ягона дастоварди тоҷикон сулҳ аст, - идома дод М. Кабирӣ. - Мана бигӯед, ки мо тоҷикон чӣ дастовард дорем, ғайр аз сулҳу ваҳдатамон? Ягона миллате дар минтақа ҳастем, ки зимистон барқ надорем. Ягона миллате ҳастем, ки аз ҳама бисёр муҳоҷир дорем! Буҷети давлатамон аз ҳама камтарин дар сатҳи ҷаҳон аст, ҳамагӣ 3 миллиард доллари амрикоӣ ҳам нест. 3 миллиард доллар буҷаи як командаи футболи Англия аст. Челси, Барселона, Манчестер Юнайтед. Дар кишварҳои араб ҳам баъзеяш масхара мекунанд, ки чанд миллиард аст буҷаи кишваратон, мегӯям «ҳамин қадар дорем», посух медиҳад, ки «ман дар шоти банкиам мумкин ҳамин қадар пул дошта бошам». Африқоию ҳинду ҳам ҳамин гапро мегӯянд. Ягона дастоварди мо сулҳу ваҳдат аст. Дигар ҳеҷ кас нанозад, ки ман хизмат кардам, на ҳукумат, бовар кунед, ҳичи хизмат накардем, ба қадри ин миллат ҳозир ҳиҷ кас бахубӣ нарасидааст. Мо аввалаш бояд аз Парвардигор миннатгузор бошем, баъд аз ҳамин мардуми босабру ботаҳамулламон…

Дар идомаи сухани Муҳиддин Кабирӣ банда гуфтам, ки дар баробари ин бояд аз заҳамоти Роҳбари давлатамон низ ёдовар бошем, ки ба хотири ба даст овардани сулҳ, эҳёи иқтисоди кишвар ва беҳ шудани рӯзгори мардуми кишвари ҷангдида бисёр хизмат кардааст. Ин ҷо Абдуқаҳҳор Давлятов, ки номзад ба вакилии палатаи поёнии парлумони кишвар буд, сӯйи банда ҳамлаи лафзӣ кард: «Ҷаноби олӣ ба тра Ҷаноби олияй. Даҳанта раҳ бгӣ, хап кун, раис гап задестай…»

Ростӣ, чунин қиёси таҳқиромез, ки буҷаи солонаи Тоҷикистонро кадом миллиардери араб дар суратҳисоби бонкиаш дорад, аз ҷониби як сиёсатмадори тоҷик кори оқилона наменамояд. Магар М. Кабирӣ намедонад, ки Тоҷикистон солҳои бисёре гирифтори ҷанги шаҳрвандӣ буд ва Ҳукумати кишвар танҳо аз соли 2000-ум ба ин сӯ, ба эъмору эҳёи иқтисоди кишвар даст ёфт. Барқарор намудани харобаҳои ҷанг, баргардонидани садҳо ҳазор гуреза, фаъол кардани ҳазорҳо корхонаи саноатии аз кор бозмонда, бунёд намудани роҳу нақбҳо, бунёди нерӯгоҳҳои барқи обӣ – ин ҳамаро магар нодида гирифтан кори мардон аст?!

Муҳиддин Кабирӣ пас аз берун рафтани банда дар назди ҳозирин таҳқиру носазо гуфтанҳояшро хатм накард. «Ба қадри оппозитсияи Тоҷикистон, ҳизбҳои сиёсӣ баъд мерасанд. Вақте ки ДИИШ-ро бинанд, ки чи кор карда истодааст, Толибону Ал-Қоидаву дунёра бинанд… Агар ҳами ҳукумати ноҳия, шумо набошед, дунё чаппа мешавад, дар Тоҷикистон дигар ҳамин муаллима барин як давлатӣ набошад, дигар дунё чаппа шуд. Э одат кардаанд… Ин қадар одамони эрка дорем, ки мара таъриф накардӣ, дигар тамом, дунё чаппа шуд… Мансабдоре, мақомоте, провокаторҳое, ки дар ин тараф-ун тараф ҳастанд, ҳоло мехоҳанд сина сипар кунанд, худашонро ҳомию тарафдору ҷонфидо нишон диҳанд, ба хотири мансаб. Дигар ба хотири ҳеҷ чиз нест, ки гузориш тиянд фалони ҳамин гапҳоро гуфт. Инҳоро мо зиёд дидаем, зиёд хоҳем дид, ки имрӯз дар мансабанд, ин ҳарфҳоро мезананд. Ба Худо қасам, фардо ай вазифа бгиранд, агар душмани Президент нашаванд, ба Худо, чизе мегӯед, бигӯед! Фардо ай вазифашон мегиранд, баъд гӯшакӣ мекунанд кати мо, ки чи кор кунем? Шумо ҳастед, ки то рӯзи дар сари вазифа будан таъриф мекунед, рӯзи ай вазифа рафтан дигар мавқеъ мегиред…», - зикр кард ӯ.

Магар ишора ба ДИИШ-у Ал-Қоида таҳдиди пӯшида нест?! Магар лаҳни суҳбаташ оид ба ходимони давлатӣ таҳқир ба шаъну эътибори онҳо нест?!

Бо тамоми масъулият мегӯям: То ин замон дар ҳар куҷо ва дар кадом мақоме, ки фаъолият доштам, мавқеъ, назар ва фаъолияти яксону якгуна доштам, ки он ҳам хизмат ба халқ, садоқат ба Ватан ва пуштибонӣ аз сиёсати пешгирифтаи Роҳбари давлатамон Эмомалӣ Раҳмон буду ҳаст.

Раҳбари Ҳизби наҳзати исломӣ ба шуҳрату маҳбубият доштанаш дар миёни мардум зиёд таъкид мекунад. Фарз кардем, агар ифодаи «исломӣ»-ро аз номи ин ҳизби сиёсӣ ҳазф кунанд, Кабирӣ то куҷо мутмаин аст, ки шумораи тарафдорони ин ҳизб коҳиш намеёбад? Агар ҳадаф сохтани танҳо як ҳизби сиёсӣ бошад, чаро бо эҳсосоти динию мазҳабии мардум бозӣ мекунанд?

Мо бояд фарҳанги сулҳро дар кишвар, бахусус дар миёни ҷавонон бештар ташвиқ намоем, насли навро ба дӯстию рафоқат ва ҳамдигарфаҳмии комил таҳрик диҳем. Зеро фарҳанги сулҳ маҷмӯи арзишҳо, мақсадҳо, рафтор ва тарзи зиндагиест, ки дар заминаи даст кашидан аз зӯроварӣ ва эҳтироми ҳуқуқу озодиҳои ҳар фард бунёд шудааст. Дар ин робита, Абӯшакури Балхӣ, шоири номдори тоҷик, хеле зебо гуфта:

Чун аз оштӣ шодӣ ояд ба чанг,
Хирадманд ҳаргиз накӯшад ба ҷанг.


Ходими сиёсӣ, аз он ҷумла роҳбари ҳизб ва вакили парлумони кишвар бояд бо назокати сухан, хушрафторӣ дар ҷамъият, маърифати баланди роҳбарӣ, бо зебо риоя кардани нормаҳо, арзишҳо, қоидаҳо ва талаботи одоби расмию сиёсӣ дар ҷомеа фарқ карда истад. Ҷойи таассуф аст, ки дар майдони сиёсати Тоҷикистон нафароне даъвои сарварию пешвоӣ мекунанд, ки ба ин арзишҳо эҳтиром қоил нестанд. Ҳамон гуна, ки Ҳофизи бузургвор фармуда:

На ҳар ки кулаҳ каҷ ниҳоду тунд нишаст,
Кулоҳдориву ойини сарварӣ донад.


Таҳрифи воқеият кори мардони оқил нестМайрамбӣ ҒАФУРЗОДА,
муовини раиси ноҳияи Ҷалолиддини Румӣ


Шарҳи хонандагон +

Матолиби дигар:

Бо душмани ман чу дӯст бисёр нишаст…

Бо душмани ман чу дӯст бисёр нишаст…

Сиёсат, Хабарҳо, Ҳуқуқу амният, НОСИРҶОН МАЪМУРЗОДА
Худобердӣ Холиқназар: ҲНИТ ҳаққи аз номи ИНОТ ҳарф заданро надорад

Худобердӣ Холиқназар: ҲНИТ ҳаққи аз номи ИНОТ ҳарф заданро надорад

Сиёсат, Хабарҳо
Ҷавонони Фархор: ҲНИТ барои мо лозим нест

Ҷавонони Фархор: ҲНИТ барои мо лозим нест

Хабарҳо, Ҷавонон ва варзиш, Номаҳои Шумо
Талош баҳри сулҳу истиқлоли давлатдории миллӣ

Талош баҳри сулҳу истиқлоли давлатдории миллӣ

Сиёсат
Ҳизб агар нотавон бошад...

Ҳизб агар нотавон бошад...

Сиёсат, НОСИРҶОН МАЪМУРЗОДА