Дар як сатр
» » Вахш. Музди миёна 132 сомонӣ афзудааст

Вахш. Музди миёна 132 сомонӣ афзудааст

11-02-2015, 09:08

Вахш. Музди миёна 132 сомонӣ афзудаастМузди миёнаи кормандон дар ноҳияи Вахш дар соли 2014 ба қадри 132 сомонӣ афзуда, ба 501 сомонӣ расидааст.

Ба иттилои Шарбатулло Девонаев, иҷрокунандаи вазифаи раиси ноҳияи Вахш, яке аз ҳадафҳои аслии мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳия дар соли 2015 ин аст, ки андозаи ҳақмузди миёнаи кормандон дар Вахш то 20 дарсад афзоиш ёбад.

- Коҳиш додани сатҳи бекорӣ дар миёни сокинони ноҳия низ аз ҳадафҳои мост, - афзуд Ш. Девонаев. – Баҳри иҷрои Қонун «Дар бораи мусоидат ба шуғли аҳолӣ» дар соли гузашта ба 1469 нафар мақоми бекорӣ додаа шуда, дар ноҳия 2775 ҷойи нави корӣ таъсис ёфтааст.

Ин ҳам дар ҳолест, ки тибқи омори расмӣ, феълан наздики 8,5 ҳазор сокини ноҳияи Вахш феълан дар муҳоҷирати корӣ дар хориҷ аз кишвар будубош доранд, ки беш аз 1100 нафарашон занҳоянд.

Дар робита ба муҳоҷирати экологӣ и.в. раиси ноҳияи Вахш гуфт, ки соли гузашта 15 оилаи вахшӣ ба ноҳияи Қумсангир кӯч баста, он ҷо бо қитъаи замин таъмин шудаанд. «Ҳамчунин аз ҷамоати шаҳраки Киров 17 оила ба мавзеи бехавф кӯчонида шуда, ба онҳо кӯмакҳои якдафъаина ироа гардид», - зикр кард Ш. Девонаев.

Н. МУСТАФО


Шарҳи хонандагон +

Матолиби дигар:

Вазир: Камбудиҳо бояд зуд ислоҳ шаванд!

Вазир: Камбудиҳо бояд зуд ислоҳ шаванд!

Иқтисоду тиҷорат, Ҳаёти иҷтимоӣ, Хабарҳо, Маориф ва илм, КОМРОНИ БАХТИЁР
Носири Хусрав. 8 мутахассис даркор

Носири Хусрав. 8 мутахассис даркор

Хабарҳо
Муъминобод. 69,3%-и буҷет барои маош

Муъминобод. 69,3%-и буҷет барои маош

Хабарҳо, ҲАНГОМА ПАҲЛАВОНОВА
25700 сомонӣ кӯмакпулӣ ба маҳбусони афвшуда

25700 сомонӣ кӯмакпулӣ ба маҳбусони афвшуда

Ҳаёти иҷтимоӣ, Хабарҳо, НОСИРҶОН МАЪМУРЗОДА
Ба 18,7 ҳазор нафар мақоми бекорӣ дода шуд

Ба 18,7 ҳазор нафар мақоми бекорӣ дода шуд

Иқтисоду тиҷорат, Хабарҳо