Дар як сатр
» » Ҳалокати 4 нафар аз дасти ронандаи ноболиғ

Ҳалокати 4 нафар аз дасти ронандаи ноболиғ

10-02-2015, 10:33

Ҳалокати 4 нафар аз дасти ронандаи ноболиғБар асари садамаи нақлиётии фоҷеабор дар вилояти Хатлон 4 нафар ба ҳалокат расиданд.

Бино ба иттилои дафтари матбуотии ВКД, ахири ҳафтаи гузашта ронандаи автомашинаи тамғаи «Шаанчи-Долун», ноболиғ С.Р.-и 17-сола, истиқоматкунандаи шаҳри Қӯрғонтеппа, бе ҳуҷҷати ронандагӣ ҳангоми ҳаракат дар шоҳроҳи Душанбе-Панҷи поён аз самти ноҳияи Ҷ. Румӣ ба самти ноҳияи Қумсангир, дар ҳудуди деҳаи Истиқлоли ноҳияи Ҷ.Румӣ аз уҳдаи идораи автомашина набаромада, ба самти муқобили роҳ мебарояд ва ба автомашинаи тамғаи «Опел-Вектра», таҳти идораи ронанда Абдулвоҳид Ҳамроеви 56-сола, сокини ноҳияи Рӯдакӣ, бармехӯрад.

Гуфта мешавад, бар асари ин бархӯрд ронандаи автомашинаи «Опел-Вектра» ва мусофирони ӯ – сокинони ноҳияи Рӯдакӣ - Муриватшо Наврӯзови 50-сола, Табаракшо Наврӯзови 56-сола ва сокини 30-солаи ноҳияи Қумсангир Ҳусейн Урозалиев аз ҷароҳатҳои ҷисмонии бардошта дар ҷойи ҳодиса ба ҳалокат расидаанд.


Шарҳи хонандагон +

Матолиби дигар:

Се парвандаи ҷиноятӣ ва мусодираи қариб 10 кг нашъа

Се парвандаи ҷиноятӣ ва мусодираи қариб 10 кг нашъа

Хабарҳо, Ҳуқуқу амният, НОСИРҶОН МАЪМУРЗОДА
Садамаи нақлиётӣ бо марги ҷавони 30-сола анҷомид

Садамаи нақлиётӣ бо марги ҷавони 30-сола анҷомид

Хабарҳо, Ҳуқуқу амният
Ноболиғи 16-сола дар куштори кӯдак гумонбар дониста мешавад

Ноболиғи 16-сола дар куштори кӯдак гумонбар дониста мешавад

Хабарҳо, Ҷавонон ва варзиш, НОСИРҶОН МАЪМУРЗОДА
Боздошти ду сокини ноҳияи Ҷ. Румӣ

Боздошти ду сокини ноҳияи Ҷ. Румӣ

Хабарҳо, Ҳуқуқу амният, НОСИРҶОН МАЪМУРЗОДА
Таҷовуз ба номус аз ҷониби гурӯҳи ашхос

Таҷовуз ба номус аз ҷониби гурӯҳи ашхос

Хабарҳо