Дар як сатр
» » Барномаи интихоботии Кабирӣ: Даъват ба хашм

Барномаи интихоботии Кабирӣ: Даъват ба хашм

8-02-2015, 10:49

Барномаи интихоботии Кабирӣ: Даъват ба хашмБа машомам бӯйи солҳои 90-уми асри гузашта мерасад. Рафтору гуфтори баъзе аз сиёсатмадорони муосир, такрори заминагузориҳои он воқеаҳои мудҳишро дар хотирот зинда месозад.

- «Аз хашми инсони ҳалим битарсед», - ҳушдор медиҳад Раиси ҲНИТ Муҳиддин Кабирӣ ба мақомот. Магар таҳрик нест, ин ҳушдор, вақте на дар назди кормандони мақомот давлатӣ, балки дар ҷаласае садо медиҳад, ки танҳо аъзои ҳизби худаш ҳастанду халос. Магар хашми инсони ҳалимро таҳрик додан нест, вақте, ки дар баромади пешазинтихоботӣ ба ҷои пешниҳоди барнома аз кадом як «фишор»-ҳои будаю набуда шикваю нола мекунӣ?!

Чаро аз «фитна» гуфтан, вақте худ бо Ислом бозӣ мекунию мусулмонро ба фирқаҳо ҷудо кардаӣ? Магар ибратат нест даҳҳо ҳизби исломӣ дар Афғонистони бародар, ки беш аз 30 сол мешавад алайҳи якдигар «ҷиҳод» доранду ҳар яке дар алоҳидагӣ бозичаи дасти бозигарони минтақавӣ гаштаанд. Магар ибратат нест бадбахтие, ки созмони улгую ҳидоятгарат «Ихвонулмуслимин» бар сари сокинони осудаю ороми Миср овард. Ҳазорҳо куштаю иқтисодиёти фалаҷгашта. Худи созмон ҳатто як сол сари қудратнапоист. Зеро барномае надошту Мурсӣ нафаҳмид, ки бо кадом васила зимоми ҳукуматро пеш барад. Чунки на бо барномаи мушаххаси давлатдорӣ, балки бо шиорҳои дурӯғину танқиди бепояи ҳукумати пешин, бо таҳрики «инсонҳои ҳалим ба хашм» сари қудрат омада буд. Ӯ соле давлатдорӣ кардан натавонисту оромию суботи кишвар барои даҳсолаҳо аз байн рафт, иқтисодиёти он даҳсолаҳо ақиб партофта шуд. Чуноне, ки мо солҳои 90-ум аз сар гузаронидем.

Ва боз Кабирӣ шиорпартоӣ дорад. Аз озодӣ мегӯяду плюрализм. Куҷост дар дини мубини Ислом плюрализм. Ба ҳамандешонатон аз ДИИШ гӯш андозед. Онҳо имрӯз киҳоро муртаду кофир мехонанду ваҳшиёна ба қатл мерасонанд? Пеш аз ҳама мусулмононро! Имрӯз то қаламрави Афғонистони ҳамсоя расиданд. Толиби дирӯзаро, ки худро мусулмонтар аз узви ҳизбҳои исломии Раббонию Гулбиддин, Аҳмадшоҳу Сайёфу дигарон меҳисобиду мекушт, куштан доранд. Чаро Кабирии мо бо ҳизбиёнаш дар ин росто хомӯшанд. Чаро мусулмонони «ҳалим»-и моро бар зидди ин душмани башарияту аҳли Ислом «хашмгин» намесозанд.

Муҳиддин Кабирӣ хеле осон раъйи овоздиҳандаро моли худ карданист. Бо танқиди камбуди ҳукумат ва ҳақиру нотавон, ҷабрдидаю бечора нишон додани ҳизби ҳуд. То имрӯз шиква дошт, ки дар расонаҳои давлатӣ имкони баромадаш намедиҳанд. Вале вақти барояш ҷудошударо танҳо барои бечоранолӣ сарф кард. Аз мусоидату дастовардҳои ҳизб дар роҳи таъмини некуаҳволии мардум ҳарфе нагуфт, зеро ҲНИТ дар тӯли мавҷудияташ дар ин самт амали хайреро анҷом надодааст. Мушаххасотеро низ аз барномаи интихоботии ҲНИТ наовард, зеро мисли бародарони ихвониашон чунин барномаеро надоранд.

Баромади Кабириро бо суханронии пешвои коммунистони ҷумҳурӣ қиёс кардам. Бартарияти Кабирӣ танҳо дар чарбзабонӣ буду дар кӯшиши гӯлзании интихобкунанда. Шодӣ Шабдолов бошад, дақиқан андешаҳои худу барномаи ҳизбашро дар тамоми ҷанбаҳои ҳаётан муҳими хоҷагии халқи ҷумҳурӣ иброз дошт. Буҳрони энергетикиро сарчашмаи ҳамаи мушкилоти иқтисодӣ-иҷтимоии ҷумҳурӣ номид. Ислоҳоти агросаноатиро дар шакли ҳозирааш хато хонду давлатро ба дастгирии соҳибони аслии замин даъваткард. Таҳдидҳои геополитики терроризми байналмилалиро ба суботи кишвар ҷиддӣ хонду ба ваҳдату ягонагӣ ва ҳифзи истиқлолияти ҷумҳурӣ даъват кард. Бигузор андешаҳои ӯ ғалат бошанд, коршиносон ба онҳо баҳо хоҳанд дод, вале ӯ дақиқан барномаи ҳизбаш ва андешаҳояшро перомуни шомилшавӣ ба ЕВРАЗЭС ҳамчун намуна истифода бурдани таҷрибаи Чин дар роҳи бурунрафт аз мушкилоти ҷойдошта изҳор намуд. Кабирию ҲНИТ чӣ? Киро минҳайси улгу ва тақлид пазирем? Мурсиро? Ё ал-Бағдодиро?

Наҳзатиҳо ҳанӯз ба рақобати асосӣ, рӯзи овоздиҳӣ нарасида бохти хешро ошкор кардаанд. Агар чуниннест, чаро ҳарфашон танҳо аз кадом як фишорҳосту тақаллубҳои хаёлию монанди инҳо. Хеле аҷиб аст, ки наҳзатиҳо ба майдони сиёсат ворид шудаю аз фишор меноланд. Намедонам дар кадом кишвари дунё онҳо муборизаҳои сиёсии бидуни рақобатро дидаанд. Аз ин рӯ, ба андешаи фардии банда, онҳо аз ин баҳонаҳо истифода бурдаи заминаҳои ҳисоботи бохти яқинашонро дар назди маблағгузорони берунаашон омода карда истодаанд. Эҳтимол даъватҳо ба хашмгин намудани «мусулмонони ҳалим» аз ҷониби Кабирӣ низ аз ҳамон сарчашмаҳо маншаъ мегиранд. Вагарна ин ҳама даъвату шиорҳои духӯра барои чиву барои кист?

Муҳиддин Кабирӣ аз як ҷониб эълом медорад, ки «Набояд интихоботро ба саҳнаи ихтилофандозӣ ва душманӣ табдил диҳем». Ҳамоно масъулини интихоботро тарс медиҳад, ки (бале? маҳз тарс медиҳад, на даъват мекунад), «агар ба ҲНИТ хиёнат кунед, фардо шармсор хоҳед шуд, Худо нишонатон медиҳад. Дунё ба як қарор нест». Ва боз шеъри Иқболро пеш меорад, ки «Худо он миллатеро сарварӣ дод…». Шеъре, ки солҳои 90-ум зуд-зуд садо медод. Кабирӣ намегӯяд, ки Иқбол инчунин гуфтааст, ки:

Давлат ҳама з-иттифоқ хезад,
Бедавлатӣ аз нифоқ хезад.


Зеро худу ҳизбаш дар радаи якуми нифоқангезон қарор доштанду доранд.

Зафар Саидзода


Шарҳи хонандагон +

Матолиби дигар:

Каҷ шину рост бигӯ!

Каҷ шину рост бигӯ!

Сиёсат, Хабарҳо, Ҳуқуқу амният
Дӯст хуни ҷигарам мекунад

Дӯст хуни ҷигарам мекунад

Сиёсат, Хабарҳо, Номаҳои Шумо
Бо душмани ман чу дӯст бисёр нишаст…

Бо душмани ман чу дӯст бисёр нишаст…

Сиёсат, Хабарҳо, Ҳуқуқу амният, НОСИРҶОН МАЪМУРЗОДА
Таҳрифи воқеият кори мардони оқил нест

Таҳрифи воқеият кори мардони оқил нест

Сиёсат
Ф. Абдуллоева: Ҷавонони Хатлон бо муҳтавои номаи донишҷӯёни суғдӣ ба унвони ...

Ф. Абдуллоева: Ҷавонони Хатлон бо муҳтавои номаи донишҷӯёни суғдӣ ба унвони ...

Сиёсат, Хабарҳо, НОСИРҶОН МАЪМУРЗОДА