Дар як сатр
» » Мулоқоти хотирмон бо меҳтарон

Мулоқоти хотирмон бо меҳтарон

14-05-2018, 10:45

Яке аз мулоқотҳои хотирмоне, ки
  дар доираи чорабиниҳои бахшида ба Рӯзҳои фарҳанги Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон дар Хатлон доир гардид,  мулоқоти раиси ВМКБ Шодихон Ҷамшед бо собиқадорони ҷангу меҳнати вилояти Хатлон буд. Дар тарабхонаи "Сайри орзу”-и шаҳри Бохтар ба ифтихори собиқадорони ҷангу заҳмати вилояти Хатлон зиёфати расмии раиси ВМКБ доир гардид. Дарвоқеъ, собиқадорони арсаи ҷангу заҳмат баҳри ободониву осудагии ҳамагон  саҳми арзандаи хешро гузоштаанд. Соли 1941 фарзандони вилояти Хатлон низ дар сангарҳои Ҷанги Бузурги Ватанӣ корнамоиҳои бемисл нишон дода, нагузоштанд, ки фашизми хунхор ба мақсади нопоки хеш ноил гардаду инсониятро  несту нобуд созад ва тухми ҷаҳолатро дар замин пошад.

Пас аз адои хизмати содиқона ба халқу ватан қисми зиёди онҳо ба зодгоҳашон баргашта, дар ободониву пешрафти соҳаҳои гуногуни халқамон саҳм гузоштанд. Аз ин рӯ, дар ин мулоқот ҳам раиси вилояти Хатлон Давлатшоҳ Гулмаҳмадзода ва ҳам раиси ВМКБ Шодихон Ҷамшед сухан ронда, аз заҳматҳои беподоши меҳтарони ҷангу заҳмат, қаҳрамониҳои онҳо дар набардҳо, ободкориву ватандӯстиашон ёдовар шуданд. Имрӯз низ собиқадорони ҷангу меҳнат чун офтоби дурахшон ба халқу ватан бо панду андарзҳои некашон меҳру тавон мебахшад.

Раиси вилояти Бадахшон ба меҳтарон  туҳфаҳои хотиравӣ ва пулӣ тақдим намуда, барояшон тансиҳатӣ, хотири ҷамъ орзу кард ва таъкид дошт, ки  обҳои шифобахшу дар олам беназири Бадахшон барои ин пирони кордида дармон мебахшад ва меҳтаронро бо як ҷаҳон меҳрубонӣ ба ташрифи вилояти Бадахшон таклиф намуд. Дар анҷом ҳунармандон бо савту таронаҳои дилнишин хотири пирони равшанзамирро болида гардониданд.

ВАХШОНА,

"Хатлон”



Шарҳи хонандагон +

Матолиби дигар:

«Шоми дӯстӣ» ба қалбҳо шодиву сурур бахшид

«Шоми дӯстӣ» ба қалбҳо шодиву сурур бахшид

Фарҳанг ва адабиёт
Кӯлоб. Ёде аз гузашта

Кӯлоб. Ёде аз гузашта

Хабарҳо, Ҳаёти иҷтимоӣ, Номаҳои Шумо
Таҷлили Рӯзи Ғалаба дар Қӯрғонтеппа

Таҷлили Рӯзи Ғалаба дар Қӯрғонтеппа

Хабарҳо, Ҳокимияти давлатӣ, Ҳуқуқу амният, КОМРОНИ БАХТИЁР
«Корвони ваҳдат»-и Хатлон дар ВМКБ

«Корвони ваҳдат»-и Хатлон дар ВМКБ

Хабарҳо, Фарҳанг ва адабиёт, ҲАНГОМА ПАҲЛАВОНОВА
Ҳадяи наврӯзии Президент ба меҳтарон

Ҳадяи наврӯзии Президент ба меҳтарон

Ҳаёти иҷтимоӣ, Хабарҳо, НОСИРҶОН МАЪМУРЗОДА