Дар як сатр
» » Дидорбиниҳо - сарчашмаи меҳру муҳаббату дӯстӣ

Дидорбиниҳо - сарчашмаи меҳру муҳаббату дӯстӣ

15-05-2018, 10:53

Гузориш аз Рӯзҳои фарҳанги Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон дар вилояти Хатлон, 13 майи соли 2018

 
Суханронии раиси вилояти Хатлон Гулмаҳмадзода Давлатшоҳ Қурбоналӣ

Ҳамдиёрони азиз!
Ҳозирини гиромӣ!
Сараввал, шахсан аз номи худ ва мардуми вилояти Хатлон кулли меҳмонони Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшонро ба сарзамини бостонии Хатлон хайрамақдам гуфта, таҷлили Рӯзҳои фарҳанги Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон дар вилояти Хатлонро муборакбод мегӯям.
Баргузории Рӯзҳои фарҳанги вилоятҳои Суғду Хатлон дар Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон ва имрӯз баргузории ин чорабинӣ дар вилояти Хатлон, аз соли 2016 шурӯъ гардид, ки бевосита натиҷаи иҷрои дастуру ҳидоятҳои Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон буда, дар худ ҳикмати бузурге дорад.
Пешвои миллат дур будани ҷомеаро аз фарҳанг мушкилоти ҳамаи корҳо, махсусан костагии маънавиёт, арзёбӣ намуда, гиромидошти фарҳанги миллӣ ва ваҳдату ягонагиро дар кишвар яке аз самтҳои муҳимтарин ва афзалиятноки сиёсати давлат ва Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон донистаанд.
Рӯзи дуюм аст, ки аҳли фарҳангу ҳунар, боғдорон ва саноатчиёну кишоварзони Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон дар шаҳру ноҳияҳои вилоят ҳунарҳои волои хоси мардуми Бадахшон ва маҳсули меҳнати худро пешкаши аҳолӣ намуда истодаанд, ки ин натиҷаи сулҳу субот ва ваҳдати комил дар кишвар буда, дар доираи чорабиниҳо бахшида ба Рӯзи ваҳдати миллӣ баргузор шуда истодааст.
Ҳозирини арҷманд!
Меҳмонони азиз!
Фарҳанг ҳамчун рукни муҳими давлатдорӣ қодир аст тамоми риштаҳои гусастаро пайваст, халои маънавиро пур, робитаи байни инсонҳоро қавӣ ва дилу рӯҳро қувват бахшад. Маҳз такя ба неруи фарҳанг метавонад инсониятро аз ҷаҳолат раҳо бахшида, зиндагиро тароват ва ҳастиро маънӣ бахшад. Бо дарназардошти ҳамин хусусият сиёсати фарҳангии Ҳукумати мамлакат ва таваҷҷуҳи бевоситаи Пешвои муаззами миллат ба масъалаи рушди фарҳангу маънавиёт имрӯз баҳри тавсеи ҳамаҷонибаи он шароит фароҳам овардааст.
Таҷрибаи баргузории рӯзҳои фарҳанги як минтақаи кишвар дар минтақаи дигараш омили муҳими рушди рукнҳои гуногуни фарҳанги як миллат буда, баҳри ғанӣ гаштани дастовардҳои фарҳангӣ, густариши робитаҳо байни минтақаҳо, муаррифӣ ва шинохти чеҳраҳои нав мусоидати комил менамоянд.
Ҳозирини арҷманд!
Дӯстони гиромӣ!
Миллати сарбаланди тоҷик, ки ҳам заҳри ҷанги шаҳрвандӣ ва ҳам шаҳди ваҳдати миллиро чашидааст, хуб дарк мекунад, ки барҳамзанандаи ҳамаи шодию нишот ҷанг ва асоси ҳамаи хушбахтиву бунёдкориҳо сулҳу ваҳдат аст. Аз ин рӯ, ҳар тоҷики огоҳу бофарҳанг, бояд талошҳои беҳамтои Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмонро, ки дар кишвар сулҳу амният барқарор кард, қадр кунанд.
Хеле зарур аст, ки насли имрӯзаи ҷавони давлати мо ба воқеияти даврони ба соҳибистиқлолӣ расидани Тоҷикистон хубтару наздиктар ошно гардида, дар фазову рӯҳияи баланди ватанпарастиву ватандорӣ таълиму тарбия бигиранд. Чеҳраҳои барҷастаи тамаддунамон – Имоми Аъзам, Имом Бухорӣ, устод Рӯдакӣ, Ҳаким Фирдавсӣ, Абӯалӣ ибни Сино, Носири Хусрав ва бузургони дигарро, ки истиқлолияту озодӣ ва асолату ҳувияти миллиро бо ҷасорату матонат ва зиракиву фаросат ҳифз намудаанд, бишносанд ва ба онҳо ҷило ва бақои тоза бахшанд.
Ҳамзамон, аз асли хеш ва ёдгориҳои таърихии моддиву ғайримоддиамон бохабар бошанд.
Ҳозирини азизу арҷманд!
Бовар дорам, ки мардуми шарафманди Бадахшон, чун дигар сокинони Тоҷикистони азиз, аз заҳмату талошҳои шабонарӯзии Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон рӯҳу илҳоми тоза гирифта, дар роҳи созандагию бунёдкории кишвар саҳми арзандаи худро мегузоранд.
Баргузории Рӯзҳои фарҳанги Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон дар вилояти Хатлон нишонаи самимият ва меҳру муҳаббати мардуми вилояти Хатлон ба мардуми сарбаланди Бадахшон буда, василаи муҳими таҳкими робитаҳои фарҳанги байни мардуми ду минтақаи кӯҳистони кишвар аст.
Мусаллам аст, ки қадами меҳмон файзу баракати хосаи худро дорад ва рафтуои ҳамсоягӣ, меҳру муҳаббат ва дӯстию рафоқати мардумони моро самимӣ, неруи созандаи мардумони моро қавию иродаи онҳоро устувор ва сулҳу ваҳдат ва якпорчагии Тоҷикистони азизамонро пойдортар мегардонад. Имрӯзҳо муждаи омадани дӯстони бадахшонӣ вориди ҳар шаҳру навоҳӣ, маҳаллаву русто ва деҳаҳо гардида, дари хонаи ҳар фарди хатлонӣ барои истиқболи меҳмонони бадахшонӣ кушода, дастурхони пур аз нозу неъмати кадбонуҳои хатлонӣ баҳри меҳмонон омода ва пиру барнои хатлонӣ бо дили пур аз меҳру сурур интизори истиқболу пазироии эшонанд.
Қудуми мубораки эшонро ба ҳар гӯшаи ин диёр «Нури дида, тоҷи сар» мегӯем. Таманнои онро дорем, ки аз файзи қудуми онҳо хонадони мо пур аз нуру зиё, дастурхони мо пурнозу неъмат, мазраи мо сабзу хуррам ва ҳосили он бемислу беҳамто, диёри мо боз ҳам ободу зебо ва сулҳу ваҳдат дар он то абад ҳукмфармо гардад. Ва ин таманниётро нисбат ба ҳамаи меҳмонон ва ба кулли мардуми шарифи Тоҷикистон дорем.
Хоҳони онем, ки равобити дӯстию бародарӣ миёни мардуми манотиқи Тоҷикистони ба ҷон баробар боз ҳам бештар густариш ёбанд. Офтоби бахту саодат равшангари роҳи ҳамаи мо дар раванди таҳкими давлатдории миллиамон бошад. Бигузор, сулҳу ваҳдат, садоқату самимият ва эҳтирому муҳаббат ҳамчун арзишҳои воло пайвандгари қалби инсонҳо бошанд.
Марҳабо, дӯстони азизу гиромиқадр, ба диёри биҳиштосои Хатлон!




Шарҳи хонандагон +

Матолиби дигар:

«Шоми дӯстӣ» ба қалбҳо шодиву сурур бахшид

«Шоми дӯстӣ» ба қалбҳо шодиву сурур бахшид

Фарҳанг ва адабиёт
Дидорбиниҳо - сарчашмаи меҳру муҳаббату дӯстӣ

Дидорбиниҳо - сарчашмаи меҳру муҳаббату дӯстӣ

Ҳокимияти давлатӣ
Асоси ҳамаи хушбахтиву бунёдкориҳо сулҳу ваҳдат аст

Асоси ҳамаи хушбахтиву бунёдкориҳо сулҳу ваҳдат аст

Хабарҳо, Ҳаёти иҷтимоӣ, Ҳуқуқу амният
«Корвони ваҳдат»-и Хатлон дар Бадахшон (аксҳо)

«Корвони ваҳдат»-и Хатлон дар Бадахшон (аксҳо)

Хабарҳо, Ҳаёти иҷтимоӣ, Фарҳанг ва адабиёт, Матолиби чандрасонаӣ, АСАЛМО САФАРОВА
Ангораи Наврӯз-2016 тасдиқ шуд

Ангораи Наврӯз-2016 тасдиқ шуд

Фарҳанг ва адабиёт, Хабарҳо, НОСИРҶОН МАЪМУРЗОДА