Дар як сатр
» » Терроризм, стратегияи Озодӣ ва қонунҳои Тоҷикистон

Терроризм, стратегияи Озодӣ ва қонунҳои Тоҷикистон

6-02-2015, 08:30

Терроризм, стратегияи Озодӣ ва қонунҳои Тоҷикистон


Ҳеҷ расонаи муқтадири хабарӣ дар ҷаҳон барои ифротгароёну террористҳо микрофон намедиҳад, то бо истифода аз ин минбар озоду ошкоро ба амнияти мардум, давлат ва миллат таҳдид кунанд. Ин меъёр дар сиёсати редаксионии ҳама ВАО-и Амрико низ таъкид шудааст, аз он ҷумла дар стандартҳои Радиои Озодӣ. Аммо…

Дар ҷаҳони муосир тамоми воситаҳои ахбори омма кӯшиши бозорёбӣ намуда, хостаҳо, интизориҳо, доираи мавзӯъҳои мавриди назари мардумро меомӯзанд ва бо матолиби ҷолибу хонданӣ аудиторияи муайянеро аз худ мекунанд. Ба даст овардани эътимоди аудитория, сохтани имиҷи расонаи хабарии ҳақиқатнигору ҳирфаӣ ва боло бурдани нуфузи он дар олами ВАО ва ҷомеа яке аз ҳадафҳои аслии ноширону сардабирон аст.

Аммо меъёрҳо, принсипҳо ва арзишҳои муайяне ҳастанд, ки ҳеҷ ВАО набояд ҳатто ба хотири сенсатсия ё ҷалби таваҷҷуҳи хонанда, шунаванда, тамошогар, бо сӯйистифода аз озодии сухан, бо баҳонаи таъмини дастрасӣ ба иттилоъ онҳоро нодида бигиранд.

Чаро ба террорист минбар медиҳанд?

Шоми 28 январ дар сомонаи радиои Озодӣ матни мусоҳибаи Нусрат Назаров, мулаққаб ба Абухолиди Кӯлобӣ, ки сокини шаҳри Кӯлоб будааст ва ҳоло дар Сурия меҷангаду хостори бунёди «Давлати исломӣ»-ст, ба нашр расид. Дар ин мусоҳиба, ки зери номи «Абӯ Холиди Кӯлобӣ: Ҳиндуҳои Амрикоро ҳам тоқии чакан мепӯшонем...» ба нашр расидааст, ӯ гуфтааст, ки ҳадафи онҳо ҷорӣ кардани шариати исломӣ дар тамоми дунёст. Абухолид ҳамзамон ошкоро таҳдид кардааст, ки «омодагӣ ба ҷанги калон дорад ва рӯзе чанд мансабдор ва рӯҳонии Тоҷикистонро барои нодуруст хондани талошаш ба «ҷиҳод» хоҳад кушт».

Агар хориҷие ин мусоҳибаро, ки дар фурсати кӯтоҳтарин аз ҷониби бахшҳои дигари радиои Озодӣ ба забонҳои хориҷӣ ҳам тарҷума ва нашр шуд, мутолиа кунад, шояд дар тасаввураш тоҷикон ҷангҷӯю ифротӣ ва нодору бесавод ҷилва диҳанд.

Агар ба масъалаи касбияти журналист тамаркуз накунем (додани саволҳои пӯшида, ҷилави суҳбатро ба даст гирифтани Абухолид, ба таҳдиду таблиғи ифротгароӣ роҳ додан дар мусоҳиба), зикри ин нукта муҳим аст, ки ин мусоҳиба бар хилофи меъёрҳои Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон “Дар бораи мубориза бар зидди экстремизм (ифротгароӣ)” таҳия ва нашр шудааст. Дар моддаи 14-и қонуни мазкур зикр шудааст, ки дар Ҷумҳурии Тоҷикистон аз тариқи воситаҳои ахбори омма паҳн кардани маводи мазмуни экстремистидошта манъ аст. Яъне воситаҳои ахбори омма набояд ба паҳн гаштани ақидаҳои экстремистӣ ва таҳрикдиҳандаю таблиғкунандаи амалу фаъолияти ифротгароёна роҳ диҳанд.

Бандҳои “б” ва “е”-и моддаи 9-и ҳамин қонун ҳам фаъолиятеро, ки ба тарғиби экстремизм алоқаманд аст, аз ҷумла паҳн кардани маводҳои экстремистӣ ва баромадҳои оммавиеро, ки хилофи муқаррароти қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон мебошанд, мамнӯъ донистааст.

Дар ин мусоҳиба изҳори фаъолияти ифротии шахси воқеӣ ба даъвати нооромӣ, дигаркунии сохти конститутсионӣ дар давлат, ғасби ҳокимият ва тасарруфи салоҳияти он, барангехтани эҳсоси нажодпарастӣ ва мазҳабӣ мушоҳида мешавад, ки ин ҳам таъбири “экстремизм” аст. Журналист набояд имкон фароҳам оварад, ки мусоҳибаш бо истифода аз минбари расонаи ӯ перомуни ба тарзи маҷбурӣ тағйир додани сохти конститутсионии давлат ва халалдор сохтани ягонагии Тоҷикистон, зарар расонидан ба амнияти кишвар, амалӣ гардонидани фаъолияти террористӣ, даъват ба харобкорӣ бо сабабҳои душманӣ ё бадбинии идеологӣ, сиёсӣ, нажодӣ, миллӣ ё динӣ ва ё бо сабабҳои бадбинӣ ё душманӣ нисбати ягон гурӯҳи иҷтимоӣ сухан гӯяд.

Ташвиқоти ягона будан, бартарӣ доштан ё номукаммалии шаҳрвандон бо хусусиятҳои муносибати онҳо ба дин, тамоюли иҷтимоӣ, нажодӣ, миллӣ ва ё забонии онҳо низ бар асоси қонуни мубориза бар зидди экстремизм манъ мебошад.

Сареҳияти ахбор, ҳифзи арзишҳои миллию давлатӣ, афзалият додан ба амнияти миллӣ ва тартиботи ҷамъиятию осоиши мардум ҳангоми интихоби мавзӯъ, санҷишу тафтиши факлу далелҳо ва роҳ надодан ба сӯйистифода аз озодии сухану таблиғи ҷангҷӯию тундгароӣ дар ҷомеа яке аз принсипҳои аслии фаъолияти касбии журналистӣ мебошад.

Дуруст аст, ки шояд муаллифи мусоҳиба ё масъулони Радиои Озодӣ бигӯянд, ки онҳо танҳо рисолати касбиашонро анҷом додаанд ва ҳадаф аз ин мусоҳиба танҳо иттилоотонии ҷомеа мебошад. Аммо нишонаи касбияти баланд ин аст, ки журналист дунболи шуҳрат надавида, нафаронеро, ки миёни савоб ва гуноҳ фарқи дуруст гузошта наметавонанд, ба роҳгумӣ набарад ва ҳамзамон дили чандин наврасу ҷавони аз пастиву баландии зиндагӣ ҳанӯз ноогоҳу камандешаро ба он ҷангҳои пурғараз, ки на ба манфиати исломанд ва на ба манфиати мардуми Тоҷикистон, гарм накунад.

Оё Озодӣ меъёрҳои ахлоқии фаъолияти журналистиро намепазирад?

Меъёрҳои ахлоқии фаъолияти журналистӣ дар Тоҷикистон, ки соли 2009 қабул шудааст, пос доштани иффат ва фарҳанги миллиро ҳангоми инъикоси ҳама гуна матолиб аз ҷониби ВАО ва журналист тақозо мекунанд. Бар асоси банди 5-уми «Меъёрҳо…», ВАО ва журналист аз паст задани қавму миллат, дину мазҳаб ва нажод худдорӣ намуда, ҷаҳонбинӣ ва суннату анъанаҳои дигаронро бояд эҳтиром кунанд.

Меъёри мазкур бештар ҷанбаи ахлоқӣ дошта, дар фаъолияти журналистӣ аҳамияти муҳим дорад. Ҳангоми инъикоси ҳама гуна матолиб, аз ҷумла масъалаҳои сиёсию мазҳабӣ, воситаи ахбори омма ва журналист бояд ба расму анъанаҳои миллӣ, дин ва эътиқоди миллӣ эҳтиром гузорад.

Воситаҳои ахбори омма ва журналист бояд аз паст задани қавму миллат, дину мазҳаб ва нажод худдорӣ кунанд. Ин нукта ҳамчунин дар банди 10-уми «Меъёрҳо…» возеҳ зикр шудааст, ки журналистон ва ВАО аз гузоришҳои барангезанда ба таҷовузу хушунат, ранҷу куштор, инчунин дигар ҷиноятҳо худдорӣ мекунанд.

Иттилоот наметавонад ҷиҳати даъват ба барҳамдиҳии сохти конcтитутсионӣ, халалдор намудани тамомияти арзии Ҷумҳурии Тоҷикистон, ташвиқоти ҷанг, зӯроварӣ, бераҳмӣ, фаҳш, ҷудоиандозиҳои нажодӣ, миллӣ, низои динӣ, таҷовуз ба шахсият, ҳуқуқ, озодӣ ва шаъну эътибори инсон истифода бурда шавад. Дар тафсири «Меъёрҳои ахлоқии фаъолияти журналистӣ дар Тоҷикистон» зикр шудааст, ки идораи воситаи ахбори омма, сармуҳаррир, муҳаррир, журналист ҳангоми амалӣ намудани вазифаҳои касбиашон аз нашри маводу мақолаҳои характери даъват ба таҷовуз, куштор, адовати миллӣ, нажодӣ, динӣ, ҷинсӣ, ташвиқоти ранҷу куштор, даъват ба содир кардани ҷиноят худдорӣ намоянд. Аз тарафи онҳо содир кардани чунин амалҳо хилофи одоби касбии журналист буда, онро ҳамчун сӯйистифода аз озодии сухан арзёбӣ кардан мумкин аст.

Эъломияи байналмилалии принсипҳои рафтори журналистон, ки соли 1954 аз ҷониби конгресси Федератсияи байналмилалии журналистон қабул шудааст, ҳамчунин «Меъёрҳои байналмилалии одоби касбии журналист», ки аз ҷониби созмонҳои байналмилалии рӯзноманигорӣ соли 1983 дар Париж таҳия ва тасвиб шудааст, низ сӯйистифода аз озодии сухан ва додани минбар ба террористу тундгароҳоро ноҷоиз хондаанд.

Дар Кодекси одоби касбии Иттиҳоди журналистони ҳирфаии Иёлоти Муттаҳидаи Амрико низ таъкид мешавад, ки «ҳадафи аслии паҳннамоии иттилоот танҳо хизмати он ба манфиати ҷомеа аст. Масъулият доштан дар назди ҷамъият муҳимтарин рисолати журналист мебошад». Кодексҳои одоби журналистии ИМА, пеш аз ҳама, принсипҳои асосии фаъолияти журналистӣ аз қабили масъулият, ҳақиқатнигорӣ, дақиқнависӣ, айният, поквиҷдонӣ, мустақилият ва беғаразиро фаро мегиранд.

Стратегияи Озодӣ ва қонунҳои Тоҷикистон

Радиои Аврупои озод/«Радиои Озодӣ» ҳам аз хабарнигорони худ риояи чанд принсипи кориро талаб мекунад, ки парҳез аз таблиғот дар садри рӯйхати ин принсипҳо қарор дорад (маълумот аз сомонаи бахши русии радио). «Барномаҳои радио ва матолиби дигари он набояд тамоюлҳои ҷудоихоҳона ва ифротгароиро ҳавасманд ё таблиғ кунанд», - омадааст дар дастури кори ин радио. Таҷриба нишон медиҳад, ки на ҳамеша ин принсипҳо дар амал риоя мешаванд.

«Пешниҳоди хабар, таҳлил ва баҳсҳои мутавозин (!) ва дақиқ дар мавзӯоти маҳалливу минтақавӣ, ки барои демократия ва гузариш ба иқтисоди озод зарур аст ва тақвияти ҷомеаи шаҳрвандӣ тавассути бозтоби арзишҳои демократӣ» аз нуктаҳои муҳими стротежӣ ва ҳадафи Радиои Аврупои Озод/Радиои Озодӣ аст. Аммо ҷойи суол аст, ки нашри мусоҳиба зери номи «Абӯ Холиди Кӯлобӣ: Ҳиндуҳои Амрикоро ҳам тоқии чакан мепӯшонем...» ва муҳтавои он то куҷо ба принсипи «тақвияти ҷомеаи шаҳрвандӣ тавассути бозтоби арзишҳои демократӣ»-и Радиои Озодӣ ҷавобгӯ мебошад? Танҳо дар зарфи 1 ҳафта (аз 26 январ то 1 феврал) 27 матлаб перомуни «Давлати исломӣ» дар сомонаи Озодӣ нашр шудааст, ки аз тамаркузи ин расона ба мавзӯи ҷангҷӯию ифротгароӣ шаҳодат медиҳад.

Хуб аст, ки матни мусоҳибаи мазкур пас аз як рӯзи нашраш аз сомонаи интернетии бахши тоҷикии Радиои Озодӣ ҳазф шуд, ҳарчанд дар ин муддат чандин расонаи дигари хабарии ватанӣ ва хориҷӣ онро бознашр намуданд. Нашри шарҳи 35 хонанда дар поварақи мусоҳиба дар сомонаи радио ва ҷой додани линки ин матлаб дар саҳифаҳои Озодӣ дар шабакаҳои иҷтимоӣ, аз ҷумла дар фейсбук гувоҳи он аст, ки мусоҳибаро шумораи қобили мулоҳизаи истифодабарандаҳо мутолиа кардаанд. Агар ҳам матни мусоҳибаи мазкур аз саҳифаҳои тоҷикию русии сомонаи Озодӣ пок шуданд, тарҷумаи ӯзбекии он дар саҳифаи Озодлик то ҳанӯз қобили дастрасист. Ин нишонаи пойбанди стротежӣ ва ҳадафҳои расман эълонкардаи ин расонаи байналмилалии амрикоӣ набудани хабарнигорони он мебошад.
Терроризм, стратегияи Озодӣ ва қонунҳои Тоҷикистон

Ин ҳам дар ҳолест, ки Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи амният» фаъолиятҳоеро, ки барои бо роҳи зӯроварӣ тағйир додани сохти конститутсионӣ равона карда шудааст, аз ҷумла амалҳое, ки ба тамомияти арзӣ, дахлнопазирӣ ва ҷудонашаванда будани ҳудуди Ҷумҳурии Тоҷикистон таҷовуз мекунанд, инчунин фаъолияти террористӣ ва тахрибкорӣ (диверсионӣ)-ро таҳдид ба амнияти Ҷумҳурии Тоҷикистон медонад (Моддаи 6).

Тибқи моддаи 28-и Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи телевизион ва радиошунавонӣ», ташкилоти телевизион ва радиошунавонӣ ҳақ надорад ахбору маводе, ки зӯран сарнагун сохтан ё тағйир додани сохтори конститутсионӣ, ташкили гурӯҳҳои мусаллаҳ даъват мекунад, шаъну шарафи давлат, Президент ва шаҳрвандонро паст мезанад, ҷанг зулму зӯроварӣ, терроризм ва экстремизмро дар ҳама гуна зуҳуроташон, хусумати нажодию миллӣ, маҳалгароӣ, бартарият ва оштинопазирии динӣ ё мазҳабӣ, фаҳшу фуҷурро таблиғ мекунад, ахлоқи ҷомеаро мекоҳонад, ба содир намудани дигар кирдори ҷиноятӣ мусоидат мекунад, пахш намояд.

Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи иттилоот» низ роҳ надодан ба сӯйиистифода аз ҳуқуқ ба иттилоотро таъкид мекунад. Дар моддаи 37-и қонуни мазкур аз ҷумла омадааст, ки истифодаи иттилоот ба муқобили асосҳои сохти конститутсионӣ ва амнияти давлат, ба муқобили амнияти иттилоотӣ, барои барангехтани кинаю адовати нажодӣ, миллӣ, маҳалгароӣ, динӣ, забонӣ, ҷанг, зулму зӯроворӣ, фаъолияти террористӣ ва экстремистӣ, хусумати иҷтимоӣ, таҷовуз ба шахсият, ҳуқуқ ва озодиҳои инсон ва шаҳрванд… манъ аст.

Ин нукта дар моддаи 6-уми Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи матбуоти даврӣ ва дигар васоитаҳои ахбори омма» низ зикр шудааст, ки тибқи он интишори ахборе, ки барои бо зӯрӣ сарнагун сохтан ё тағйир додани сохти конститутсионӣ, ба содир намудани ҷиноят, барангехтани кинаю адовати нажодӣ, миллӣ, маҳалгароӣ, динӣ, забонӣ, ташвиқоти ҷанг, зулму зӯроварӣ, фаъолияти террористӣ ва экстремистӣ, халалдор кардани тамомияти арзӣ ва мустақилияти давлат даъват мекунад, манъ аст. «Воситаҳои ахбори омма барои объективӣ будан ва саҳеҳии ахбори аз ҷониби онҳо паҳншаванда ҷавобгаранд», - омадааст дар банди дуюми ҳамин моддаи қонун.

Санҷиши саҳеҳияти ахбори гирифта ва эҳтироми ҳуқуқу озодиҳо, манфиатҳои қонунии инсон ва шаҳрванд, рад намудани иҷрои супоришеро, ки сармуҳаррир (муҳаррир) ё редаксияи воситаи ахбори омма додааст, агар он мухолифи қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон бошад, низ аз ҷумлаи уҳдадориҳои қонунии журналистон мебошад.

Абухолид, ДИИШ ва орзуҳои хом…

Нусрат Назаров, «роҳбари муҷоҳидони тоҷик» дар музофоти Ал-Табқа, наздикии Раққа тайи як соли охир зуд-зуд бо истифода аз минбари Радиои Озодӣ ва шабакаҳои иҷтимоӣ баромадҳо карда, тавассути наворҳои видеоӣ тоҷикистониҳоро ба ҷиҳод дар Сурия даъват мекунад. Дар навори видеоии охиринаш ӯ ба журналистони тоҷик ҳам таҳдид намуд.

Коршиносон ба ҷангҳои зидди давлатҳои Ироқу Сурия рафтани баъзе ҷавононро ба тавсеаи умури таблиғотии идеология ва ғояҳои салафия марбут медонанд. Дар пайи чунин таблиғот ҷавонони бемаърифат ва бехабар аз дин барои дарёфти «ормонҳо»-и динии худ дар ҷанг алайҳи Сурия ва Ироқ ҳамчун рукни «муҳим»-и исломӣ худро қурбон мекунанд. Ба қавли соҳибназарон, ҷавонон фиреби ангезаҳо ва идеологияи иттиҳодияи экстремистӣ гашта, ба ДИИШ ворид мешаванд. Инҳо аслан нафаронеанд, ки мазҳаби ҳанафиро қабул надоранд ва бевосита бо амирашон Абубакри Бағдодӣ байъат мекунанд ва барои қатли мусалмонҳо дар он ҷо иштирок мекунанд.

Ин ҳам дар ҳолест, ки маркази байналмилалии мутолеоти ифротгароӣ ва хушунати сиёсӣ бо нашри як гузориш ҳодисаи Ироқу Сурияро баъд аз ҶБВ дар солҳои 1941-1945 бузуртарин даргирие номидааст, ки ҷангиёни хориҷӣ дар он иштирок мекунанд. Ин гузориш шумораи ҷангиёни хориҷиро дар сафи гурӯҳи “Давлати исломӣ” ҳатто аз ҷангиёни ҳаводиси солҳои 1980-и Афғонистон, ки теъдодашон 20 ҳазор нафар ҳисоб шудааст, бештар медонад.

Тибқи омори гузориши Маркази байналмилалии мутолеоти ифротгароӣ ва хушунати сиёсӣ, шумораи ҷангиёни “Давлати исломӣ” аз ҳисоби шаҳрвандони кишварҳои Аврупо низ афзоиш ёфтааст.

Маҳмадсаид Акрамов, сархатиби ноҳияи Восеъ, бо овардани мисол аз ҳадиси пайғамбари Худо (с) мегӯяд, ки тоҷдорони дунёро чор рукн бояд: адолати умаро, амали уламо, саховати ағниё (дороён) ва дуои фуқаро. «Ҷомеае, ки ин чаҳор рукн дар он ҷорист, сутуни ҳастии он ҷомеа побарҷост. Ба ҷуз носипосон, дигар ҳама мебинанд, ки Тоҷикистони мо зина ба зина пеш меравад, адолати иҷтимоӣ бештар мешавад. Даъвои хилофат аз ҷониби гурӯҳи бо ном «Давлати исломӣ» мухолифи ақидаҳои аҳли суннат аст. Зеро таъкиди паёмбари Худо (с), ки гуфта: «Ал-хилофатун мин баъди салосуна сана». Яъне «Хилофат баъди ман 30 сол аст». Бо хилофати чор ёри пайғамбари Худо (с) хилофат анҷом меёбад», - изҳор дошт М. Акрамов.

Журналистони тоҷик ва амнияти миллӣ

Бо таваҷҷуҳ ба ҳассосияти мавзӯъ, имрӯзҳо воситаҳои ахбори омма ва журналистонро низ мебояд зимни инъикоси рӯйдодҳо ва доир кардани мусоҳибаҳо доир ба ДИИШ, ифротгароӣ ва терроризм стандартҳои байналмилалии рӯзноманигорӣ, меъёрҳои одоби касбӣ, манфиатҳои миллию давлатиро ҳамеша пеши назар дошта бошанд. Таҷриба нишон медиҳад, ки ҳар қадар журналист қонунҳо ва меъёрҳои одоби касбиро балад бошад ва риоя кунад, ҳамон қадар сатҳи касбияти ӯ ва мизони эътимоди аудитория ба маҳсули кори ӯ боло меравад.

Хуб аст, агар ВАО-и тоҷик ҳамчун «институти чаҳорум»-и ҳокимияти давлатӣ бо маводҳо ва масъалагузориҳои худ дар таъмин ва таҳкими амнияти ҷамъиятию давлатӣ тавассути ташаккули рӯҳияи умумимиллӣ, ки ба ватандӯстӣ ва ризоияти байни миллатҳо асос ёфтааст, даъватҳо ба таҳкими якдилии халқи Тоҷикистон, пурзӯр кардани мубориза бар зидди ҷинояткорӣ, аз ҷумла шаклҳои муташаккили он, коррупсия ва терроризм, боздоштани болоравии сатҳи бекорӣ ва пастшавии сатҳи зиндагии аҳолӣ, монеъ шудан ба пастравии нерӯҳои зеҳнии мамлакат саҳм бигиранд.

Ҷойи шубҳа нест, ки арзишҳои миллӣ ва амнияти мардум барои ВАО ва рӯзноманигорони Тоҷикистон бисёр пураҳамият аст ва онҳо зимни иҷрои рисолати касбии худ ҳамеша ба ин арзишҳо авлавият хоҳанд дод.

"ХАТЛОН"


Шарҳи хонандагон +

Матолиби дигар:

Рӯзноманигорон бо андешаи созанда дар ободкорию рушди кишвар саҳм доранд

Рӯзноманигорон бо андешаи созанда дар ободкорию рушди кишвар саҳм доранд

Хабарҳо
Сарқонун моро ба ояндаи дурахшон ҳидоят менамояд

Сарқонун моро ба ояндаи дурахшон ҳидоят менамояд

Сиёсат, Хабарҳо, Ҳуқуқу амният
ВАО бояд аз манфиатҳои миллию давлатӣ дифоъ кунанд

ВАО бояд аз манфиатҳои миллию давлатӣ дифоъ кунанд

Фарҳанг ва адабиёт, Хабарҳо, НОСИРҶОН МАЪМУРЗОДА
Конститутсия - кафили озодии сухан

Конститутсия - кафили озодии сухан

Ҳуқуқу амният, НОСИРҶОН МАЪМУРЗОДА
Ифротгароӣ, таассуб ва мағзшӯии ҷавонон. Чӣ бояд кард?

Ифротгароӣ, таассуб ва мағзшӯии ҷавонон. Чӣ бояд кард?

Таҳқиқи журналистӣ, НОСИРҶОН МАЪМУРЗОДА