Рӯзномаи Хатлон » Матлабҳои охирин » МОҲИПАРВАРӢ СОҲАИ КАМХАРҶУ СЕРДАРОМАД АСТ


МОҲИПАРВАРӢ СОҲАИ КАМХАРҶУ СЕРДАРОМАД АСТ


Дар вилояти Хатлон теъдоди хоҷагиҳои моҳипарварӣ ба 260 адад расидааст, ки масоҳати умумиашон 22550,8 гектарро ташкил медиҳад. Аз ин  2245 гектар кӯлу ҳавзҳо вобаста гардидааст. Соли сипаригардида 2551 тонна моҳӣ истеҳсол гардид, ки нисбат ба ҳамин давраи соли 2019-ум 315 тонна зиёд мебошад. 

Тавре ки раиси вилоят Қурбон Ҳакимзода  дар ҷаласаи ҷамъбастии натиҷаҳои иқтисодиву иҷтимоии вилояти Хатлон иброз дошт, ҳанӯз ҳам ҷиҳати рушди соҳаи моҳипарварӣ захираҳо зиёданд. Оид ба истифодаи ин захираҳо, роҳу воситаҳои  зиёд намудани истеҳсоли моҳӣ андешаҳои як нафар мутахассиси соҳаи моҳипарварӣ аз ноҳияи Абдураҳмони Ҷомӣ Қурбоналӣ Қурбонро пешкаши хонандагон мегардонем. 

-Зиёда аз 40 сол собиқаи корӣ дар хоҷагиҳои моҳипарварӣ дорам. Моҳӣ ҳам, гарчанде забон надошта бошад, аз ҳама мавҷудоти олам фаҳмиши бештаре дорад. Дар бобати парвариши моҳӣ ҳаминро қайд карданиам, ки моҳипарварон бояд, ба ғизои моҳӣ ва фосилаи хӯрокдиҳӣ диққати аввалиндараҷа диҳанд яъне, ҳар субҳ соати 8 бояд  ба  моҳиҳо ғизо диҳанд. Солҳои қаблӣ, ки ба ҳайси сарвари бригадаи моҳипарварӣ фаъолият доштам, кӯшиш мекардам, ки то 20-уми  март моҳичаҳоро ба 200 грамӣ расонам. Дар он айём хоҷагии моҳипарварии ноҳия ба хориҷи кишвар, аз ҷумла Россия ва дигар ҷумҳуриҳои Иттиҳоди Шӯравӣ моҳӣ содирот менамуд. Ҳар сол 75 тонна моҳии хушконидашуда ба Мос-ква мефиристодем. Иқлими ноҳияи Абдураҳмони Ҷомӣ тавре ки мутахассисону олимони соҳа  А. Ҳаитов, М. Ғафуров, Ҷалилов таҳлил намуда, хулосабарорӣ кардаанд, барои рушди  моҳипарварӣ мувофиқ аст.

Дар муҳити ин ҷо аз 1 килограмм тухм то 700-750 моҳича истеҳсол мешавад. Тавассути меҳнати ҳалол аз  як кӯл то 200 тонна моҳӣ сайд мекардем.  Нақшаи 3 панҷсоларо дар 13 сол иҷро намуда будам. Ҳар сол зиёда аз 1 миллион моҳича (кирмина) ба фурӯш мебаровардем. Муддати 10 сол вакили Иттифоқи касабаи моҳипарварони Иттиҳоди давлатҳои Шӯравӣ ва иштирокчии анҷумани моҳипарварон будам. 

Дар замони соҳибистиқлолӣ таваҷҷуҳу дастгириҳои давлату Ҳукумат ҷиҳати рушди ин соҳаи камхарҷу сердаромад зиёд аст. Иқдоми Роҳбари давлатро дар Паёми навбатиаш ба Маҷлиси Олӣ шунида хушҳол гардидам, ки кишоварзонро аз андози ягонаи замин озод намуданд. Агар роҳбарони хоҷагиҳои кишоварзӣ, моҳипарварӣ маблағҳоеро, ки бояд ба андоз месупориданд, сариштаву сарфакорона ва оқилона истифода баранд, истеҳсоли маҳсулоти кишоварзӣ, аз ҷумла моҳӣ низ зиёд мегардад. Боз садҳо ҷойҳои нави корӣ таъсис меёбад. Мутахассисони соҳаи моҳипарварӣ зиёданд. 

Технолог ва моҳипарварони касбиро ҷалб кардану бо ҷойи кор таъмин намудан имкон фароҳам медиҳад, ки дар оянда соҳа рушд намояд. Агар истеҳсоли моҳиро афзун гардонем, нархи гӯшт дар бозор ба танзим медарояд, ҳам аҳолӣ ва ҳам қисмҳои низомӣ бо гӯшти парҳезии моҳӣ таъмин мегарданд. 

Ман баъди хатми совхозтехникуми ба номи Файзалӣ Саидови ноҳияи Кӯшониён дар донишгоҳи Россия таҳсил намуда, курси бозомӯзиро хатм карда будам. Тавре ки дар боло зикр рафт, ҳадафи ман ҳангоми сарвари бригадаи моҳипарварӣ будан рӯёндани 100 сентнерӣ моҳӣ буд ва ман то 75 сентнер моҳӣ истеҳсол намудам. Моҳипарварон бояд пеш аз ҳама ба ғизои моҳиҳо аҳамият дода, ҳангоми аз як кӯл ба кӯли дигар гузаронидани моҳӣ ҳатман моҳичаҳоро дар намакоб тоза намуда, барои пешгирӣ аз ҳар гуна бемориҳо баъд ба кӯли дигар гузаронанд, зеро дар организми моҳичаҳо низ ҳар гуна бемориҳо, аз ҷумла кирмҳо пайдо мешаванд. Дар ин ҳолат чӣ қадар ба моҳӣ хӯрок диҳем, онҳо фарбеҳ намешаванд. Собиқ моҳипарварони ботаҷрибаро ёд овардан ба маврид аст, ки дар рушди соҳа саҳми муносиб гузоштаанд. Сафарбек Нозим, Бобои Раҷаб аз 1 гектар то 10 тонна моҳӣ ба даст меоварданд. Боиси хушнудист, ки имрӯз роҳбарияти Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон Президенти кишвар, раиси вилояти Хатлон ба рушди ин соҳаи ҳаётан муҳим диққати ҳамаҷониба медиҳанд. Ин имкон медиҳад, ки истеҳсол зиёд гардад ва хоҷагиҳои моҳипарварӣ рушд намоянду ҷойҳои корӣ бештар таъсис ёбад.

Айни замон ман дар тарабхонаи тозабунёди “Амури сафед”-и ноҳияи Абдураҳмони Ҷомӣ, ки яке аз иншоотҳои ҷашнии 30-солагии Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон мебошад, кор мекунам. Ин иншооти тозабунёд бо иқдоми соҳибкори маҳаллӣ сохта шудааст, ки дар ин ҷо наздики 20 нафар фаъолият  доранд. Дар ин бинои 3 -ошёнаи тозабунёд  дар баробари тарабхона, сартарошхона, маркази савдо, кошонаи ҳусн низ фаъолият мекунад.

Бисёриҳо ҳангоми ба тарабхона ворид гардидану истеъмоли моҳишӯрбои (уха) тайёрнамудаи ман  суол медиҳанд, онро чи гуна омода месозам, ки ғизои бисёр бомазза ҳаст. Дар ҳақиқат, имрӯз моҳишӯрборо на дар ҳама ошхонаҳо омода месозанд,  ҳол он ки ин намуди таоми парҳезӣ ҳаводорони зиёд дорад. Таърихи омӯхтани ин пеша, яъне  ошпазиро мехоҳам ёдовар гардам. Соли 1973 бо хоҳиши худам аз ноҳияи Абдураҳмони Ҷомӣ ихтиёран, ба сафи Қувваҳои Мусаллаҳ рафтам. Хизматро дар вилояти Мурмански Федератсияи Россия оғоз намудам. Пас аз гузаштани курси омӯзиши ошпазӣ дар Флоти баҳрӣ хизмат кардам. 

Бояд гуфт, ки хизмат дар сафи Қувваҳои Мусаллаҳ барои ҳар як ҷавон мактаби мардонагист. Имрӯзҳо низ эҳсос менамоям, ки ҷавонони бонангу номус ихтиёран ба комиссариатҳои ҳарбӣ рафта, хизмати   муқаддаси Ватан-Модарро адо менамоянд ва бисёриҳо соҳиби касб низ мешаванд. Чунончӣ, хизмат дар Қувваҳои Мусаллаҳ сабаб гашту ман соҳиби чандин ҳунар гардидам. Имрӯз аз пешаи ихтиёрнамудаи худ қаноатмандам. Зеро беҳтарин солҳои ҷавониам дар парвариши моҳӣ дар хоҷагии моҳипарварӣ, ки дорои 800 гектар ҳавз буд, сипарӣ гардидааст. 

Айни замон, ки моҳӣ маҳсулоти серталабот ба ҳисоб рафта, таваҷҷуҳу ғамхории Ҳукумати ҷумҳурӣ ва вилоят нисбати рушди соҳа хело зиёд аст, ба соҳибкорон муроҷиат менамоям, ки барои рушди соҳаи моҳипарварӣ камар банданду истеҳсолро афзун гардонда, саҳми хешро дар амалигардии ҳадафи олии Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон (таъмини амнияти озуқаворӣ) гузоранд.

ВАХШОНА,

 «Хатлон»

Дигар хабарҳо

хабарҳои охир

Яндекс.Метрика

Муассис:

МАҚОМОТИ ИҶРОИЯИ ҲОКИМИЯТИ ДАВЛАТИИ ВИЛОЯТИ ХАТЛОН

САРМУҲАРРИР

Носирҷон Маъмурзода