Дар як сатр
» » Ду савол, садҳо ҷавоб...

Ду савол, садҳо ҷавоб...

4-02-2015, 16:38

Ду савол, садҳо ҷавоб...

Дар бораи проблемаҳои бекорӣ, пайдо накардани шуғли муносиб, муҳоҷирати корӣ, монеаҳои сунъӣ дар роҳи карйерасозӣ, мушкили издивоҷу дастрасӣ ба манзили зист ва мисли ин ки домангири бархе аз ҷавонон шудааст, зиёд гуфтаанду мегӯем. Аммо дар мавриди ҳарфи дили ҷавонон, орзуҳо, розу ниёзу хостаҳои эшон, ки аксаран онро бозгӯ намекунанд, шояд кам меандешем.

Суоли матраҳи мо ҳам ин аст, ки оё феълан дар сари ҷавонон, ҳамсолони мо чӣ андеша мечархаду рӯзгори худро ба чӣ ранге тасвир мекунанд?
Дар матлаби зер талош мекунем ба ду саволи умда посух дарёбем.

Саволи №1:
Чаро баъзе ҷавонон ба ояндаи равшани хеш нобовар ҳастанд?

Ҳамеша ин фикр дар зеҳнам гардиш мехӯрад, ки чаро баъзе ҷавонон ба ояндаи хеш эътимод надоранду роҳи ҳалли мушкилашонро дар заифнолӣ ё танҳо дар муҳоҷирати меҳнатӣ мебинанд. Аксаран бе завқу шавқи тамом, бидуни дасту дили гарм дар мактабу донишгоҳҳо таҳсил мекунанд ва ба умеди соҳиби ҷойи кор дар соҳаи худ нашуда, пас аз хатми он рӯ ба муҳоҷирати меҳнатӣ меоранд. Агар ҳадаф инкишофи шахсӣ, таҳсили босифату ба пирӯзиҳо расидан набошад, пас чаро шомили донишгоҳҳо мешавем? Магар диплом танҳо барои мардикорӣ кардан дар ғурбат зарур аст?

Ҷавонон ояндаи давлату миллатанд ва ояндаи худро бояд дар ватани хеш бинанд, хизмати меҳанро анҷом диҳанд, дар рушди босуботи Тоҷикистон саҳим бошанд. Аммо, мутаассифона, зиёд мушоҳида мекунем, ки ҳатто ҷавонони дипломдор ҳам бо нияти мардикорӣ тарки кишвар мекунанд, ҳарчанд агар соҳибтахассусу бо ҳунар бошанд, дар Тоҷикистон ҳам пайдо кардани шуғле бо ҳақмузди шоиста мушкил нест. Албатта, муҳоҷират ягон зарар надораду дар тамоми мамлакатҳои тараққикарда муҳоҷирати меҳнатӣ ҳаст ва қисми зиёди даромади мардум аз ҳисоби ҳамин муҳоҷирати меҳнатист. Ин ҳам дар ҳолест, ки ба гуфтаи Сафаралӣ Раҷабов, вакили парлумон, «мо ҳамаи мардумро ба ҷойи кор таъмин карда наметавонем». Аммо оқибаташро ҳам бояд фикр кунем, ки ҳиҷрати шумораи зиёди нерӯҳои қобили меҳнат аз кишварамон ҳам пешрафти соҳаҳои иқтисодиёту кишоварзиро кунд мекунад ва боиси ба миён омадани проблемаҳои зиёди иҷтимоӣ мегардад.

Убайдуллои Насриддин, устоди Донишгоҳи миллии Тоҷикистон, дар мавриди ин ки чаро баъзе ҷавонон ба ояндаи худ нобовар шудаанд, гуфт, кам будани маош, набудани шароити хуби корӣ яке аз сабабҳои ба миён омадани ин проблема мебошад. «Ба ғайри ин, имрӯз ҷавонон донишҳои қавӣ ва алоқаи зиёд ба таҳсили босифат дар донишгоҳҳоро надоранд. Фақат ҳамон гапҳои сохтаи беасоси «хондагиҳо чӣ шудаанд?»- ро ба худ «сипар» карда, мутолиа намекунанд. Вале мутолиа кардан, дониш омӯхтан инсонро камол мебахшад, ҳам аз ҷиҳати маънавӣ ваҳҳам аз ҷиҳати моддӣ. Дониш инсонро бохирад мекунад, таҳаммулпазирӣ ва қобилияти бартараф кардани мушкилоту камбудиҳоро меомӯзонад. Мутаассифона, баъзе ҷавонон ҳанӯз ҳам ба дарки ҳамин масъала нарафта, аз ҳамин сабаб ба ояндаи худ назари нек надоранд», - афзуд У. Насриддин.

Вале коршиносони дигар мегӯянд, ки яке аз сабабҳои асосии шомили донишгоҳҳо шудани ҷавонон на андӯхтани донишу кандукови илмист, балки ҳадафашон асосан парҳез кардан аз адои хизмати ҳарбӣ мебошад. Зеро, тибқи қонун, донишҷӯёни макотиби олию миёнаи касбӣ ҳуқуқи ба таъхир гузоштани замони хизмати низомиро доранд. Мӯсо Каримов, собиқ афсари Вазорати корҳои дохилӣ, мегӯяд, гарчанде ки барои интихоби касб ҳар як шахс озод аст, аксарияти падару модарон писарони худро ба он факултаю ихтисосе, ки ба худи онҳо писанд аст, дохил менамоянд. «Пӯшида нест, ки қариб шаст фоизи ҷавонони мехондагӣ аз хизмати ҳарбӣ мегурезанд», - фикрашро хулоса кард М. Каримов.

Тавре ки Гулшан Воҳидова, омӯзгори собиқадори яке аз мактабҳои шаҳри Душанбе, мегӯяд, аз сатҳи дониши мутахассисони ҷавон чандон қонеъ нест. «Баъзе хатмкардаҳои донишгоҳҳо бо дипломи сурх ба кор меоянд, лек як аризаро дуруст навишта наметавонанд. Бо ин саводу дониши нокофӣ дар оянда чигуна вазиру раиси ҳукумати қавию кордон дошта метавонем? Аз мактаби миёна сар карда, то донишгоҳ фақат «через-через» рафта истодааст. Донишро ҳам ба пул хариданӣ мешаванд. Давраи пеш хондагиҳо нонашонро ёфта мехӯранд, аммо сатҳи дониши имрӯза донишҷӯён маро нигарон кардааст», - афзуд Г. Воҳидова. Аммо вай дар идома изҳори умедворӣ кард, ки батадриҷ қимату манзалати илму дониш ва кадрҳои ихтисосманд боло рафта, дар оянда танҳо ҷавонони донишманду боистеъдод ба кор қабул хоҳанд шуд. «Одамоне, ки дониш надоранд, аз худ шарм дошта, тарки вазифа мекунанд, ба муҳоҷират мераванд. Ба умеди Русия набояд шуд, бояд дар фикри ҷиддан андӯхтани илму дониш бошему барои ободии Ватан талош кунем», - таъкид кард муаллима.

Вале баъзе ҷавонон мегӯянд, ки муҳоҷирати меҳнатӣ орзуяшон нест, балки як василаи таъмини рӯзгор мебошад, ки ночор анҷом медиҳанд. Чуноне ки Эмомназар Эмомназаров, донишҷӯи ДДҚ ба номи Носири Хусрав, мегӯяд: «Кадом ҷавон мехоҳад аз ёру диёр, падару модари хеш дур бошад? Ин ҳама аз маҷбурӣ аст. Азбаски вазъи оилавии баъзеҳо чандон хуб нест, барои идомаи таҳсил шароит надоранд, хонданро як тараф мемонанду ба муҳоҷират мераванд».

Шояд баъзеҳо танҳо аз рӯйи ҳавою ҳаваси ҷавонӣ, ба хотири ба даст овардани маблағ барои мошину хона, зангирӣ ва амсоли ин, ба Русия мераванд, аммо хабар надоранд, ки дар мулки ғарибӣ дучори мушкилиҳои сахти иҷтимоию маишӣ мегарданд, аз ҷониби корфармо ҳуқуқашон поймол мешавад, маошашонро гирифта наметавонанд.

Пас, дӯстони азиз, «Бигзор гадо бошам, дар хоки Ватан бошам». Ҳамин тавр не?

Саволи №2:
Норозигии калонсолон аз ҷавонони имрӯза дар чист?

Ду савол, садҳо ҷавоб...Чунин ба назар мерасад, ки аксар вақт кору кирдор, рафтору гуфтор ва тарзи зисти ҷавонон норозигии насли бузургсолро ба бор меорад. Калонсолон доим эрод мегиранд: «эҳ ҳамин ҷавонон…», «ҷавонӣ девонагист», «вақте ки мо ҷавон будем, ин хел беодобӣ намекардем, шумо бошед…» ва мисли ин.

Вақте иллати норизоияташонро пурсон мешавӣ, дар ҷавоб мегӯянд: «Охир онҳо он чизе, ки мо мехоҳему насиҳат мекунем, намекунанд, мудом баръакс рафтор мекунанд». Яъне маълум мешавад, ки калонсолон мехоҳанд ҷавонон такя бар кору андеша ва таҷрибаҳои онҳо намоянд. Албатта, «ҷавонони саодатманд панди пири доноро аз ҷон дӯсттар доранд» (ба ибораи Ҳофиз), аммо ҳамзамон бояд ба инобат гирифт, ки мувофиқи пешрафти замон, арзишҳо, фарҳанг, хостаҳо ва ҷаҳонбинии насли нав ҳам тағйирпазир аст.

Аслан қисмати зиёде аз мусоҳибони мо норозигии худро дар он баён менамоянд, ки ҷавонони имрӯза ҳурмату эҳтиромашонро гум кардаанд. Масалан, Шарифхон Самиев, раиси собиқи шаҳри Қӯрғонтеппа, зимни мулоқоте бо донишҷӯёни коллеҷи тиббӣ, чунин гуфта буд: «Вақте ҷавоне ё наврасе дар шаҳр ба ман салом медиҳад, худро гум мекунам…» Манзураш ин буд, ки на ҳама ҷавонону наврасон одоби салом карданро риоя мекунанд.

Ба ақидаи мо, сабаби ин ҳама норозигиҳо нофаҳмоии миёни наслҳо мебошад. Хуб аст, агар бузургсолон бо муомилаи хуб, мисолҳо, панду андарз ва бедағалӣ бо ҷавонону наврасон суҳбат кунанд. Зеро ҳар кас дар ҷавонии худ иштибоҳ карданаш мумкин аст. «Аз хурдон хато, аз бузургон ато» гуфтаанд.

Дилором Маҳкамова, номзади илми филологӣ ва мудири кафедраи рӯзноманигории ДДҚ ба номи Носири Хусрав, мегӯяд, дар тасаввури насли калонсол ҳамеша ҷавонон на он тавре кору зиндагӣ менамоянд, ки онҳо менамуданд. «Дар ҳама замонҳо ин муаммо ҳаст, ки идома дорад ва сари он андешаҳои гуногун аст. Ҳар як насл анъанаву расмҳои роиҷи замони худро беҳтар меҳисобад. Барои ҳамин ҳам гуфтаҳои «мо дар ҷавонӣ ин хел набудем, мо беҳтар будем»- ро аз намояндагони наслҳои пешин шунидан мумкин аст. Баъзан коре, ки ҷавонон мувофиқи завқи худ мекунанд, боиси ранҷиши калонсолон мегардад. Сабаби ин тағйири замона аст ва инсонҳо низ тағйир меёбанд», - афзуд Д. Маҳкамова.

Дар ҳамин ҳол, Қосимҷон Исоев, омӯзгори собиқадори яке аз мактабҳои ноҳияи Данғара, аз таваҷҷуҳи зиёди ҷавонон ба молу мулк интиқод кард. «Агар мо дар ҷавонии худ бештар китоб мехондем, ҷавонони имрӯза корашон ҳамеша тамошои филмҳои хориҷӣ асту шунидани мусиқии рэпу хип-хоп аст. Ҳар коре хоҳанд, кардан мегиранд, аз бузургон намепурсанд. Мо ҳар кореро оғоз менамудем, пеш аз ҳама аз падар ё модарамон маслиҳат мепурсидем. Ҳоло чӣ? Падар намедонад, ки писар чи кор мекунад. «Писаронро ҳама бадхоҳи падар мебинам» гуфтани шоир ҷой дорад. Лекин ман на ҳамаи ҷавононро дар назар дорам, хушбахтона, ҷавонони хуб ҳам ҳастанд», - мегӯяд Қ. Исоев.

Моҳбегим Саидова, сокини деҳаи Оқгазаи шаҳри Сарбанд, низ аз паст будани сатҳи таълиму тарбияи наврасону ҷавонон шикоят кард. «Вақте мо хурд будем, устодонамонро дида, ҳатман муаддабона салом медодем, - зикр кард Моҳбегим. - Ҳоло бошад, салом нест. Ҳоло кӯдаки синфи 3-4 ҳам, ба ҷойи хондани китоб, дар роҳраву мактабҳо аз филмҳои хориҷии тамошокардааш нақл мекунад, ки ташвишовар аст».

Хуллас, аксари нафароне, ки ба саволҳои мо посух гуфтанд, ба ҳурмати калонсолонро ба ҷо наовардани ҷавонон ишора мекарданд. Ҳангоме ки аз ҷавонии худашон пурсон мешавӣ, қисмати зиёдашон мегӯянд, ки «дар даврони мо ин хел набуд…» Каманд ононе, ки иқрор мешаванд: «ин муаммо аз даврони пеш буд ва хоҳад монд».

Аммо, фикр мекунем, бузургсолоне, ки баъзан аз одобу рафтори насли ҷавон норозианд, аз рӯйи мақоли «аз гузашта оянда бисоз» амал намуда, ҳама он саҳву хатогиҳое, ки шояд дар ҷавониашон содир кардаанд, намехоҳанд мо - ҷавонон имрӯз такрор намоем.

Ду савол, садҳо ҷавоб...
Комрони БАХТИЁР


Ду савол, садҳо ҷавоб...
Низомиддин ИСОЕВ


Шарҳи хонандагон +

Матолиби дигар:

Оила- асоси зиндагӣ

Оила- асоси зиндагӣ

Ҳаёти иҷтимоӣ, Хабарҳо, Номаҳои Шумо
Баҳси омӯзгору шогирд бо чӣ анҷом меёбад?

Баҳси омӯзгору шогирд бо чӣ анҷом меёбад?

Ҷавонон ва варзиш, Маориф ва илм
«Причоска»-ра бин, гўшот меҷунба!

«Причоска»-ра бин, гўшот меҷунба!

Фарҳанг ва адабиёт, Ҷавонон ва варзиш
Ҷавонон аз матбуот чӣ мехон(ҳ)анд?

Ҷавонон аз матбуот чӣ мехон(ҳ)анд?

Ҷавонон ва варзиш, Маориф ва илм
Аз вакилони ҷавон чӣ интизорем?

Аз вакилони ҷавон чӣ интизорем?

Сиёсат, Ҷавонон ва варзиш, НОСИРҶОН МАЪМУРЗОДА