Дар як сатр
» » Н. Хусрав. Таҳсили 3528 хонанда дар синфҳои ӯзбекӣ

Н. Хусрав. Таҳсили 3528 хонанда дар синфҳои ӯзбекӣ

4-02-2015, 13:19

Дар ҷараёни таътили зимистона 31 нафар омӯзгори ноҳияи Носири Хусрав дар шаҳрҳои Душанбею Қӯрғонтеппа аз курсҳои такмили ихтисос гузашта, донишҳои худро сайқал доданд. Ҳамчунин хонандагони муассисаҳои таълимии рақами 11, 12, 14, 18 ва 19 дар олимпиадаи вилоятии мактаббачаҳо фаъолона иштирок намуда, ба гирифтани ҷойҳои якум, дуюм ва сеюм ноил гардиданд.
Н. Хусрав. Таҳсили 3528 хонанда дар синфҳои ӯзбекӣ
Ба иттилои Сайфиддин Садриддинов, мудири шуъбаи маорифи ноҳияи Носири Хусрав, ҳамчунин моҳи январ мусобиқаҳои варзишӣ аз рӯйи намудҳои тенниси рӯйи миз, волейбол, шашка, футбол баргузор шуд, ки дар он таълимгирандагони мактабҳои рақами 1, 6, 10, 11, 12 ва 18 фаъолона иштирок намуданд.

С. Садриддинов афзуд, ки соли равон 215 нафар омӯзгори ноҳия барои сайқал додани донишҳои худ ба маркази такмили ихтисос роҳхат дода шавад. «Ин иқдом, пеш аз ҳама, барои беҳтар гардонидани сатҳу сифати омӯзиши забони давлатӣ дар мактабҳо ва гузариши пурраи муассисаҳои таълимӣ аз забони ӯзбекӣ ба забони тоҷикӣ роҳандозӣ карда шудааст. Дар муассисаҳои таълимие, ки раванди таълимашон бо ду забон - тоҷикӣ ва ӯзбекӣ - ба роҳ монда шудааст, бо сабаби норасии кадрҳои ихтисосманди забони давлатӣ омӯзиши ин фан бисёр нигаронкунанда мебошад. Чунки дар аксари чунин мактабҳо аз ноилоҷӣ омӯзгорони ғайриихтисос забони давлатиро ба муҳассилин дарс медиҳанд», - мегӯяд мудири шуъбаи маорифи ноҳия.

Айни замон дар ноҳияи Носири Хусрав 24 мактаби таҳсилоти миёнаи умумӣ ва 1 гимназияи давлатӣ амал менамоянд, ки аз ин дар 6 мактаби таҳсилоти миёнаи умумӣ ва гимназияи давлатӣ раванди таҳсил бо забони давлатӣ ба роҳ монда шудааст. Дар 17 мактаби таҳсилоти миёнаи умумӣ ба хонандагон бо ду забон - тоҷикию ӯзбекӣ дарс дода мешавад ва танҳо як дар мактаби таҳсилоти ибтидоӣ раванди таҳсил бо забони ӯзбекӣ ба роҳ монда шудааст. Дар назар аст, ки таълим дар муассисаҳои таълимии боқимонда низ дар солҳои наздиктарин бо забони давлатӣ гузаронида мешаванд.

Шумораи умумии толибилмони ин макотиб 7809 нафар аст, ки 3528 нафари онҳо дар муассисаҳои таълимии забони таълимашон ӯзбекӣ таҳсил мекунанд. Ба ин хонандагон 578 омӯзгор дарс мегӯянд. Бино ба маълумоти дастрасшуда, шумораи умумии синфхонаҳое, ки дар 25 муассисаи таълимӣ мавҷуд мебошанд, 420 ададро ташкил медиҳад ва қариб дар ҳамаи муассисаҳои таълимӣ хонандагон дар як-ду баст таҳсил менамоянд.

- Агарчи барномаи компютеркунонӣ дар муассисаҳои таълимии ноҳия пурра иҷро гардида бошад ҳам, дар фаслҳои тирамоҳу зимистон дар аксари мактабҳо бо сабаби норасоии қувваи барқ имкони гузаштани дарсҳои амалӣ аз ин фан имконнопазир мебошад, - - мегӯяд Сайфиддин Садриддинов, мудири шуъбаи маорифи ноҳия. - Дар баробари ин, аз 275 компютере, ки дар муассисаҳои таълимии ноҳия мавҷуд аст, 75 адади онҳо аз кор баромада, таъмирталаб шудаанд. Чунки аксари ин компютерҳо мутаваллиди асри гузашта буда, дарёфти қисмҳои эҳтиётии онҳо аз имкон берун мебошад.

Н. Хусрав. Таҳсили 3528 хонанда дар синфҳои ӯзбекӣ
Рустами САФАР,
аз ноҳияи Носири Хусрав



Шарҳи хонандагон +

Матолиби дигар:

Чаро омӯзгор бо либоси хоси наварӯсон ба мактаб меояд?

Чаро омӯзгор бо либоси хоси наварӯсон ба мактаб меояд?

Фарҳанг ва адабиёт, Хабарҳо, Маориф ва илм, ҲАНГОМА ПАҲЛАВОНОВА
С. Шерзода: «Омӯзгорони ҷавонро бояд дилгарм созем»

С. Шерзода: «Омӯзгорони ҷавонро бояд дилгарм созем»

Хабарҳо, Маориф ва илм
Ҳар сешанбе – Рӯзи забони тоҷикӣ

Ҳар сешанбе – Рӯзи забони тоҷикӣ

Хабарҳо, Маориф ва илм
СҲФ-и ноҳияи Носири Хусрав ҳушдор медиҳад

СҲФ-и ноҳияи Носири Хусрав ҳушдор медиҳад

Хабарҳо, Тандурустӣ ва экология
Русидонӣ беҳтар мешавад?

Русидонӣ беҳтар мешавад?

Хабарҳо, Маориф ва илм, ҲАНГОМА ПАҲЛАВОНОВА