Дар як сатр
» » Хуросон. 24 ариза барои фарзандхонӣ

Хуросон. 24 ариза барои фарзандхонӣ

4-02-2015, 09:47

Хуросон. 24 ариза барои фарзандхонӣТайи як соли охир дар ноҳияи Хуросон 24 нафар ба мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатӣ барои ба фарзандхонӣ қабул кардани кӯдакони ятим ва 11 нафар барои ба парасторӣ гирифтани чунин атфол муроҷиат кардаанд.

Дар ин бораи Раҳматулло Сафарзода, иҷрокунандаи вазифаи раиси ноҳияи Хуросон, ба рӯзномаи "Хатлон" иттилоъ дод. Ба гуфтаи ӯ, дархости тамоми афроди муроҷеъгардида қонеъ карда шудааст.

- Соли гузашта дар ноҳия 8 тӯйи домодию арӯсӣ ва 178 хатнасур ба таври хайриявӣ анҷом дода шудааст, - зикр кард Р. Сафарзода. – Дар маҷмӯъ, қариб 1700 тӯйи домодӣ дар соли 2014 сурат гирифта, дар тамоми тӯю маъракаҳо 691 сар чорвои калон ва 1447 сар чорвои хурд забҳ шудааст. Хароҷоти умумии маъракаҳо 5 миллиону 829 ҳазор сомонӣ арзёбӣ мегардад.

Ба иттилои и.в. раиси ноҳияи Хуросон, 8 маъюби гурӯҳи якум бо аробачаҳои маъюбӣ, 18 нафар бо асобағал таъмин гардида, ба 45 нафар пиронсолон барои барқарор намудани саломатиашон роҳхат ба муассисаҳои табобатии ҷумҳуриявӣ дода шудааст. Ҳаҷми миёнаи нафақапулӣ дар ноҳияи Хуросон, тибқи маълумоти расмӣ, ба 206 сомонӣ баробар будааст.

М. НОСИРҶОН


Шарҳи хонандагон +

Матолиби дигар:

Вохӯрии раиси вилоят бо сокинони ноҳияи Хуросон

Вохӯрии раиси вилоят бо сокинони ноҳияи Хуросон

Хабарҳо, Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатӣ, Ҳаёти иҷтимоӣ
Тӯйи дастаҷамъонаи суннатӣ дар шаҳри Қӯрғонтеппа

Тӯйи дастаҷамъонаи суннатӣ дар шаҳри Қӯрғонтеппа

Ҳаёти иҷтимоӣ, Хабарҳо, КОМРОНИ БАХТИЁР
Муҳандис-заминсоз 550$ пора гирифт?

Муҳандис-заминсоз 550$ пора гирифт?

Хабарҳо, Ҳуқуқу амният, НОСИРҶОН МАЪМУРЗОДА
Кумак ба оилаҳои ниёзманд ва ятимону маъюбон

Кумак ба оилаҳои ниёзманд ва ятимону маъюбон

Хабарҳо, Тандурустӣ ва экология
Тағйироти кадрӣ дар вилояти Хатлон

Тағйироти кадрӣ дар вилояти Хатлон

Сиёсат, Хабарҳо