Рӯзномаи Хатлон » Матлабҳои охирин » РАҲНАМОИ ҶАВОНОН


РАҲНАМОИ ҶАВОНОН


Мо-ҷавонон аз Президенти мардумии худ ифтихор дорем. Зеро Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба ҷавонон таваҷҷуҳи зиёд зоҳир намуда, пайваста онҳоро дастгирӣ мекунад. Аз ҷумла, барои таҳсилу соҳибкасб шудан ва барояшон фароҳам овардани шароити корӣ ғамхории падарона менамояд.

Пешвои миллат дар Паёми имсолаи худ, аз ҷумла чунин гуфтааст: “Ҷавонони мо дар рушди тамоми соҳаҳои иқтисодиву иҷтимоии кишвар саҳми арзишманд гузошта, нақши онҳо аз иштирок дар бунёди иншооти азими миллат то хизмати содиқона дар сафҳои Қувваҳои Мусаллаҳ-ҳифзи сарҳади давлатӣ, суботу оромии давлат ва ҳаёти осоиштаи мардуми Тоҷикистон арзандаи таҳсин ва боиси ифтихори ҳар яки мо мебошад”. Мо-ҷавонон бо боварии комил дастгириҳои самимонаи Пешвои азизи худро қадрдонӣ карда, саҳми худро дар ҳама ҷабҳаҳои ҳаёти кишвар мегузорем. Имрӯз қисми зиёди хизматчиёни ҳарбӣ ва мақомоти ҳифзи ҳуқуқро ҷавонон ташкил медиҳанд. Онҳо хуб дарк мекунанд, ки ҳисси баланди миллӣ, худшиносиву худогоҳӣ,  ватандӯстиву ватанпарастӣ ва садоқати  ҷавонон ба ватан, миллат ва обу хоки аҷдодӣ гарави амнияту осоиши ҷомеа, пешрафти давлат ва ободии имрӯзу фардои Тоҷикистони соҳибистиқлол мебошад.

Ҳамзамон, дар Паём таъкид меравад, ки ба масъалаҳои баланд бардоштани малакаи касбии судяҳо, тайёр намудан ва интихобу ҷобаҷогузории дурусти кадрҳо, роҳ надодан ба кирдорҳои коррупсионӣ эътибори ҷиддӣ дода мешавад. Имрӯз шумораи зиёди кормандони Суди иқтисодии вилоятро  ҷавонон ташкил медиҳанд. Дар ин ҷо ба мо-ҷавонон таваҷҷуҳи зиёд дода мешавад. Аз таҷрибаи кории собиқадорони соҳа, ки мактаби омӯзиш аст, нозукиҳои касбро аз худ намуда, дар амал истифода мекунем.

Паёми Пешвои миллат барои фаъолияти системаи судии кишвар ҳамчун ҳуҷҷати раҳнамо ва дастурамал гардидааст. Аз ҷумла, барои мо-ҷавонон ҳуҷҷати рӯйимизӣ ба ҳисоб рафта, самти фаъолияти худро ба он мувофиқ намудаем. Дар ҷавоби ғамхориҳои падаронаи Сарвари давлат ба касби худ содиқ монда, ба халқу ватани азиз хизмати шоиста мерасонем.

 

Заррина АМИНОВА,

корманди дастгоҳи Суди 

иқтисодии вилояти Хатлон

Дигар хабарҳо

хабарҳои охир

Яндекс.Метрика

Муассис:

МАҚОМОТИ ИҶРОИЯИ ҲОКИМИЯТИ ДАВЛАТИИ ВИЛОЯТИ ХАТЛОН

САРМУҲАРРИР

Носирҷон Маъмурзода