Дар як сатр
» » «Пётри Кабир дар куҷо қаҳва нӯшидааст?»

«Пётри Кабир дар куҷо қаҳва нӯшидааст?»

3-02-2015, 15:43

Бо тасвиби қонуни нави марбут ба вазъи будубоши муҳоҷирони кории хориҷӣ дар Россия зиндагӣ ва кори онҳо мушкилтар шуда, шумораи онҳое, ки аз ҷойи корашон маҳрум гаштаанд, афзудааст.
«Пётри Кабир дар куҷо қаҳва нӯшидааст?»

Шарофиддин, сокини вилояти Хатлон, ки тӯли даҳ соли охир дар Екатеринбург кор карда, хонаводаашро таъмин менамуд, ду моҳи охир музди маошашро гирифта наметавонад.

- Чор моҳ пеш говамонро фурӯхта, чипта гирифта ба инҷо омадам, вале то ҳол ба хона ягон сӯм равон накардаам, - гуфт Шарофиддин. - Болои ин ҳама, аз чанд нафар қарз гирифта, пули иҷораи ҳуҷраи хобамро додаму ғизо хӯрдам. Дар ин ҷо қимати иҷорапулӣ ва маҳсулоти хӯрокворӣ як баробар гаронтар шудааст. Сабабашро аз фурӯшандаҳо пурсӣ, «кризис» мегӯянд. Рости гап, аламҳоям зиёд аст. Мо ин ҷо 10 нафар ҳастем. 15 рӯз боз ҳатто барои маводи озуқа пул намеёбем...

Чӣ бояд кард?
Барои дарёфт намудани ҳуҷҷатҳои корӣ (супоридани имтиҳон аз забони русӣ ва таърихи Россия, гирифтани патент, бақайдгирӣ ва ғ.) ҳар як муҳоҷирро лозим аст, ки то 40 ҳазор рубли русӣ сарф кунад. Муҳоҷире, ки нав аз ватан ба хотири дарёфти ризқу рӯзӣ ночор ба Русия меояд, ин қадар пулро аз куҷо меёбад?

Чанд тоҷикистонӣ, ки дар шаҳри Екатеринбург ба хотири кор будубош доранд, зимни суҳбат бо мо гуфтанд, ки ташвиши натанҳо онҳо, балки муҳоҷирони корӣ аз кишварҳои дигар низ дар Русия бештар шудааст.

- Масалан, солҳои пеш бе ҳуҷҷат дар куҷое, ки мехостӣ, кор мекардӣ, ҳоло ҳатто патент ҳам дошта бошӣ, кор намедиҳанд, - шикоят кард Абдулло, муҳоҷири корӣ. - Дар сохтмонҳо дигар коргар нагирифта истодаанд. Кори сохтмонҳо ҳам баъди поён рафтани қурби пули русӣ «мурдааст». Онҳое, ки дар сохтмонҳо кор мекунанд, маоши худро сари вақт намегиранд. Диҳанд ҳам, азбаски қурбаш поин рафтааст, танҳо барои харҷи зиндагӣ ва ғизои худ сарф намуда, ба хона, ба фарзандон равон карда наметавонанд...

Барои миёнаравҳо хуб шуд
Муҳоҷирон аз он дар ҳаросанд, ки чи гуна аз имтиҳони забондонӣ мегузашта бошанд ва чӣ тавр патент мегиранд. Сабзаалӣ, ҷавоне аз ноҳияи Вахш, гуфт, ки дар Россия вақти имтиҳон аз вай суол кардаанд, ки «Пётри Кабир дар кадом қаҳвахона нишаста кофе менӯшид?». Ин як навъ саволи таҳқиромез аст, чун донистани посух ба ин савол барои муҳоҷири корӣ ногузир ва сарнавиштсоз нахоҳад буд.

- Ҳоло дар Россия ба қавле «миёнаравҳо» пайдо шудаанд, ки агар барояшон 20 ҳазор рубл диҳед, ба василае шуморо «баҳо»-и имтиҳони шуморо аз забони русӣ гирифта, патентро ҳам дарёфт мекунанд, - гуфт Умед, муҳоҷири 26-сола аз шаҳри Душанбе. - Дар ин ҷо ҳам қонунро «тоб хӯрда» гузаштан имкон доштааст…

Агар солҳои пеш дар бозору фурӯшгоҳҳо, нақлиёти ҷамъиятӣ ва коргоҳҳои дигар муҳоҷирони тоҷикистонӣ зиёд кор мекарданд, баъди соли нав бисёре аз кордиҳандаҳо онҳоро аз кор ҷавоб дода, шаҳрвандони кишвари худро ба кор пазируфтаанд.

Шумораи муҳоҷирони тоҷикистонии муқими Екатеринбург, ки бекор мондаанд, рӯ ба афзоиш аст. Танҳо дар як иншооти сохтмонӣ дар ин ҷо то охири соли гузашта 600 нафар кор мекарданд, аммо қариб 300 нафари онҳоро аз кор ҷавоб додаанд. Онҳо мунтазиранд, ки кай корфармои собиқашон маоши онҳоро пардохт мекунад, то ба зодгоҳҳои худ баргарданд.

Муҳоҷирони аз кор маҳрумшуда ба пайвандони худ ба Тоҷикистон занг мезананд, то барояшон маблағ фиристанд, ки чипта харида, ба хонаашон бозпас раванд.

Раҳмоналӣ ДОДАРХӮҶАЕВ,
махсус барои «Хатлон»,
Екатеринбург, Россия



Шарҳи хонандагон +

Матолиби дигар:

Бо кӯмаки «Хатлон» мушкил ҳал шуд! Маошро гирифтанду идона фиристоданд

Бо кӯмаки «Хатлон» мушкил ҳал шуд! Маошро гирифтанду идона фиристоданд

Хабарҳо, Ҳуқуқу амният
Оворагии 60 муҳоҷири тоҷик

Оворагии 60 муҳоҷири тоҷик

Хабарҳо, Ҳуқуқу амният
«Рақс»-и доллару рубл. Кӣ зарар мебинад?

«Рақс»-и доллару рубл. Кӣ зарар мебинад?

Иқтисоду тиҷорат, Хабарҳо
Нақзи ҳуқуқи боз 100 муҳоҷири тоҷик дар Русия

Нақзи ҳуқуқи боз 100 муҳоҷири тоҷик дар Русия

Ҳаёти иҷтимоӣ, Хабарҳо, Номаҳои Шумо
Ихроҷи 3 муҳоҷир аз Уфаи Русия

Ихроҷи 3 муҳоҷир аз Уфаи Русия

Хабарҳо, Ҳуқуқу амният, Ҷавонон ва варзиш