Дар як сатр
» » 12 номзади илм дар ДЭТ

12 номзади илм дар ДЭТ

2-02-2015, 21:54

12 номзади илм дар ДЭТМаоши як басти кори профессор дар Донишкадаи энергетикии Тоҷикистон 2075 ва дотсент 1875 сомонӣ муқаррар шудааст. Дар ин бора Хайрулло Назаров, ректори донишкадаи мазкур иттилоъ дод. Ба гуфтаи ӯ, пасттарин маоши омӯзгор дар донишкада 617 сомонӣ аст, ки ба омӯзгорон-ассистентон дода мешавад.

- Ҳоло дар донишкада ҷамъан 103 омӯзгор кор мекунанд, ки 12 нафарашон номзадҳои илм мебошанд, - зикр кард Х. Назаров.

ДЭТ дар соли гузашта бо Донишкадаи энергетикии Москва, Донишгоҳи давлатии сохтмонии Москва, Донишгоҳи давлатии политехникии Санкт-Петербург, Донишгоҳи давлатии энергетикии Иваново ба номи В.И. Ленин, Донишгоҳи давлатии Петрозавод, Донишгоҳи давлатии нафту техникии Уфа (Россия), Донишкадаи политехникии Харков (Украина), Донишгоҳи давлатии техникии Қирғизистон, Донишгоҳи технологии Исфаҳон (Эрон) ва ғайра оид ба табодули донишҷўен ва устодон, ба роҳ мондани ҳамкориҳои илмӣ-тадқиқотӣ шартномаҳо бастааст.

- Тибқи шартномаҳои тарафайн дар соли таҳсили 2014-2015 6 нафар омўзгорони ҷавони донишкада барои гузаштани коромўзии илмӣ ва таҳсил дар шуъбаи рўзонаи аспирантураи Донишгоҳи давлатии политехникии Санкт-Петербург, Донишгоҳи давлатии электротехникии Санкт-Петербург ба номи В.И. Улянов (Ленин) ва Донишгоҳи давлатии энергетикии Иваново ба номи В.И. Ленин фиристода мешаванд, - афзуд Х. Назаров.

Ректори ДЭТ ҳамчунин гуфт, ки тайи як соли охир устодони донишкада дар конфронсҳои байналмилалӣ ва ҷумҳуриявӣ 237 маърӯзаи илмӣ омода карда, фишурдаҳои онро ба чоп расонидаанд.

Н. МУСТАФО


Шарҳи хонандагон +

Матолиби дигар:

Таъсиси донишгоҳи тиббии Хатлон

Таъсиси донишгоҳи тиббии Хатлон

Иқтисоду тиҷорат, Хабарҳо, НОСИРҶОН МАЪМУРЗОДА
ДЭТ «Нурафшон»-ро таъсис дод

ДЭТ «Нурафшон»-ро таъсис дод

Хабарҳо, Маориф ва илм, ҲАНГОМА ПАҲЛАВОНОВА
ДДҚ: Дастовардҳо хурсандибахшанд

ДДҚ: Дастовардҳо хурсандибахшанд

Хабарҳо, Ҷавонон ва варзиш, Маориф ва илм, АМОН МАҲКАМОВ
Нуфузи ДДҚ дар миёни мактабҳои олӣ боло меравад

Нуфузи ДДҚ дар миёни мактабҳои олӣ боло меравад

Хабарҳо, Маориф ва илм, НОСИРҶОН МАЪМУРЗОДА
Тақдими 740 китоби таълимӣ барои донишҷӯёни риштаи сайёҳӣ

Тақдими 740 китоби таълимӣ барои донишҷӯёни риштаи сайёҳӣ

Хабарҳо, Ҷавонон ва варзиш, Маориф ва илм