Дар як сатр
» » Афзоиши шумораи қарздорон

Афзоиши шумораи қарздорон

31-12-2014, 20:59

Дар рӯйхати андозсупорандагоне, ки бақияи қарзи онҳо аз 200 ҳазор сомонӣ афзун аст, 94 корхонаю ширкат аз шаҳру навоҳии вилояти Хатлон шомил шудааст.

Ин феҳрастро Кумитаи андози назди Ҳукумати ҷумҳурӣ тартиб додааст. Дар ин миён корхонаҳое ба мисли ҶШСК «Тоҷикхимпром»-и ноҳияи Ёвон (5,7 миллион сомонӣ), КВФ «Обу канализатсияи шаҳри Кӯлоб» (2,8 миллион), Иттиҳодияи байнихоҷагии аспу гӯсфандпарварии ба номи Бобоҷон Ғафурови ноҳияи Бохтар (беш аз 2 миллион сомонӣ), Идораи давлатии хоҷагии оби ноҳияи Бохтар (1,6 миллион), КВД «Хоҷагии зотпарварии «Ҳисор»-и ноҳияи Фархор (1,6 миллион сомонӣ), кооперативи истеҳсолии «Колхози Кӯлоб» (1,6 миллион сомонӣ), ҶДММ «Шарифи 2013» аз ноҳияи Хуросон (1,4 миллион сомонӣ), кооперативи истеҳсолии «С. Ҷумаев»-и ноҳияи Ҷ. Румӣ (1,4 миллион сомонӣ), ҶСП «Хатлон-ТадЭС»-и Бохтар (1,1 миллион) ҳастанд, ки бақияи қарзашон ба 1 октябри соли ҷорӣ аз марзи як миллион сомонӣ убур кардааст. Шумораи ширкатҳои қарзашон аз 200 ҳазор сомонӣ афзун дар навоҳии Бохтару Кӯлоб 12-тоӣ, Вахш 8 ва Темурмалику Ховалинг 6-тоӣ будааст.

Дар садри рӯйхати қарздорони Нозироти андозсупорандаҳои калон бошад, ҶСК «Ресандаи Қӯрғонтеппа» истодааст, ки ба 1 октябр ба миқдори 13 миллиону 262 ҳазору 757 сомонӣ аз андоз қарздор будааст. Қарзи корхонаи муштараки «ТоҷикАзот» беш аз 4,1 миллион сомонӣ ва Фурудгоҳи байналмилалии Кӯлоб 965 ҳазор сомонӣ ҳисоб шудааст.


Шарҳи хонандагон +

Матолиби дигар:

Қӯрғонтеппа. Қарзи аҳолӣ аз барқ ба 17 миллион сомонӣ расид

Қӯрғонтеппа. Қарзи аҳолӣ аз барқ ба 17 миллион сомонӣ расид

Хабарҳо, НОСИРҶОН МАЪМУРЗОДА
Ироаи 110 миллион сомонӣ қарзҳои бонкӣ дар вилоят

Ироаи 110 миллион сомонӣ қарзҳои бонкӣ дар вилоят

Иқтисоду тиҷорат, Хабарҳо, НОСИРҶОН МАЪМУРЗОДА
Санҷиши кори 630 муассиса дар як сол

Санҷиши кори 630 муассиса дар як сол

Хабарҳо, НОСИРҶОН МАЪМУРЗОДА
Афзоиши тавлидоти саноатӣ дар Кӯлоб

Афзоиши тавлидоти саноатӣ дар Кӯлоб

Хабарҳо, НОСИРҶОН МАЪМУРЗОДА
Нақшаи ҷамъоварии андоз - 115%

Нақшаи ҷамъоварии андоз - 115%

Хабарҳо