Дар як сатр
» » Ҷ. Румӣ. Пешрафти маориф ва мушкилоти тандурустӣ

Ҷ. Румӣ. Пешрафти маориф ва мушкилоти тандурустӣ

2-02-2015, 19:10

Ҷ. Румӣ. Пешрафти маориф ва мушкилоти тандурустӣ
Барномаи таъмини мактабҳо бо компутару принтерҳо дар ноҳияи Ҷалолиддини Румӣ пурра иҷро гардида, таълимгоҳҳои ин ноҳия 1116 копутар, 102 принтер ва 30 генератори барқдиҳанда доранд.

Майрамбӣ Ғафурзода, муовини раиси ноҳияи Ҷалолиддини Румӣ, бо тасдиқи ин хабар зимни нишасти матбуотӣ гуфт, ки феълан 35 дабистони ноҳия ба шакабаи ҷаҳонии интернет пайваст шудаанд.

- Феълан 37 нафар хатмкардаи мактабҳои ноҳияи мо дар донишгоҳҳои хориҷи кишвар таҳсил доранд, - афзуд М. Ғафурзода. – Соли гузашта аз ҷамъи ҳазору 55 хатмкунандаи муассисаҳои таҳсилоти миёнаи умумии ноҳия 524 нафарашон тариқи Маркази миллии тестӣ шомили донишгоҳҳо шуданд, ки барои мо муваффақият аст.

Муовини раиси ноҳияи Ҷ. Румӣ ҳамчунин дар мавриди дастовардҳо дар соҳаи тандурустии ноҳия суҳбат карда, аз ҷумла қайд намуд, ки соли гузашта бемориҳои сироятии рӯдаю меъда, исҳоли хунин, зардпарвини «А», зардпарвини «В», бемориҳои махмалак, обакон, бемории шадиди роҳи нафас, буғумдард аз як то се маротиба коҳиш ёфтааст.

- Мутаассифона, як қатор биноҳои муассисаҳои тандурустӣ ба навсозию таъмири асосӣ ниёз доранд, - афзуд Майрамбӣ Ғафурзода. – Аз ҷумла биноҳои беморхонаи №1-и ҷамоати деҳоти «Калинин», беморхонаи №2-и ҷамоати шаҳраки «Гулистон», маркази саломатии деҳоти К. Маркси ҷамоати «Навобод» дар ҳолати садамавӣ қарор дошта, Маркази тибби оилавӣ, ки дар он ҷо 38 корманди тиб фаъолият мекунанд, бинои корӣ надорад.

М. НОСИРҶОН


Шарҳи хонандагон +

Матолиби дигар:

Миҷгона маликаи Наврӯз шуд

Миҷгона маликаи Наврӯз шуд

Хабарҳо
Ҷ. Румӣ. Кадбонуи беҳтарин муайян шуд

Ҷ. Румӣ. Кадбонуи беҳтарин муайян шуд

Фарҳанг ва адабиёт, Хабарҳо
Ҷ. Румӣ. Таҷлили 700-солагии Ҳамадонӣ

Ҷ. Румӣ. Таҷлили 700-солагии Ҳамадонӣ

Фарҳанг ва адабиёт, Хабарҳо, ҲАНГОМА ПАҲЛАВОНОВА
Чаро аз 29 мактаб касе шомили донишгоҳ нашуд?

Чаро аз 29 мактаб касе шомили донишгоҳ нашуд?

Хабарҳо, Маориф ва илм, НОСИРҶОН МАЪМУРЗОДА
Қариб 5 млн. сомонӣ кӯмаки волидон барои таъмири мактабҳо

Қариб 5 млн. сомонӣ кӯмаки волидон барои таъмири мактабҳо

Хабарҳо, Маориф ва илм, НОСИРҶОН МАЪМУРЗОДА