Рӯзномаи Хатлон » Матлабҳои охирин » ҚАЛЛОБ 10 СОЛ АЗ ОЗОДӢ МАҲРУМ ШУД


ҚАЛЛОБ 10 СОЛ АЗ ОЗОДӢ МАҲРУМ ШУД


Сокини шаҳри Бохтар Сафаров Баҳром Сироҷиддинович бо ҳукми Суди шаҳри Бохтар ба муҳлати 10 сол аз озодӣ маҳрум шуд. 

Тибқи тафтишоти пешакӣ маълум шудааст, ки Сафаров Б. С. ҳангоми дар вазифаи коршиноси қарзии ФҶСК «Бонки Эсхата» дар шаҳри Бохтар фаъолият намуданаш,  аз вазифаи худ сӯйистифода карда, дар чандин ҳолатҳо пардохтҳои қарзии муштариёни бонки мазкурро ба хазинаи ФҶСК «Бонки Эсхата» дар шаҳри Бохтар насупорида, даҳҳо ҳазор маблағҳои шаҳрвандонро аз худ намуда, ба манфиати шахсиаш истифода бурдааст.

Аз ҷумла, шаҳрванд  Сатторов Икром Холмуродович, ки 16-уми апрели соли 2015 дар асоси шарт-номаи кредитии №02-007-003958 аз Филиали ҶСК «Бонки Эсхата» дар шаҳри Бохтар ба маблағи 15 ҳазор сомонӣ қарз гирифта, санаи 7 сентябри  соли 2015  барои пардохти қарзаш маблағи 10973 сомониву 53 дирамро ба Сафаров Б.С медиҳад. Аммо номбурда маблағи мазкурро ба хазинаи ФҶСК «Бонки Эсхата» дар шаҳри Бохтар насупорида, ба манфиати шахсии худ сарф намудааст. Б. Сафаров амали ҷинояткоронаи худро давом дода, бо ҳамон тарзу усул шаҳрванд Саидова Момагулро, ки  соли 2014 аз Филиали ҶСК «Бонки Эсхата» дар шаҳри Бохтар ба маблағи 20 ҳазор сомонӣ қарз гирифта буд, фиреб медиҳад. Охирин, ба воситаи писараш Мирзоев Д. барои пардохти маблағи қарзи бонкиаш дар се ҳолат ба Сафаров Б.С. ҷамъ 1400 доллари ИМА ва 3600 сомонӣ медиҳад. Вале номбурда ин маблағҳоро ба хазинаи бонк насупорида, ба манфиати шахсии худ сарф намуда, ба шаҳрванд Саидова Момагул зарари ҷиддии молиявӣ расонидааст.

Ҳамин тавр, бо ҳукми Суди шаҳри Бохтар ба Сафаров Баҳром Сирожиддинович дар содир кардани ҷиноят бо моддаи 245 қисми 2 бандҳои “а,в,г”, моддаи 246 қисми 2 бандҳои “а,б”, моддаи 247 қисми 4 бандҳои “б”-и КҶ Ҷумҳурии Тоҷикистон ҷазо таъйин кард. Тибқи талаботи моддаи 67 қисми 3-и КҶ Ҷумҳурии Тоҷикистон бо роҳи қисман зам кардани ҷазоҳо ба Сафаров Баҳром Сироҷиддинович ҷазо ба намуди маҳрум сохтан аз озодӣ ба муҳлати 10 сол дар колонияи ислоҳии дорои низомаш пурзӯр таъйин карда шуд. 

Ҳамчунин, баъди адои ҷазо дар колония ба муҳлати панҷ сол аз  ҳуқуқи ишғоли мансабҳои роҳбарикунанда ва ҷавобгарии моддидошта дар соҳаи бонкӣ маҳрум аст. Дар асоси Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон “Дар бораи авф” аз соли 2016 таҳти рақами №521 моддаи 7 қисми 2 аз ҷазои таъйиншуда аз се як ҳисса кам карда шуд. Тибқи ҳукми мазкур аз ҳисоби судшаванда Сафаров Баҳром Сироҷиддинович зарарҳои дар чандин ҳолатҳо расонидашуда ба фоидаи Филиали ҶСК «Бонки Эсхата» рӯёнида шавад. Ҳамзамон, аз ҳисоби судшаванда Сафаров Б. С. ба фоидаи ҷабрдидаҳо Ҳакимов Б. Ҳ. 5800 доллари ИМА, Ҷалилов.Э. У. 9000 доллари ИМА ва Раҳимов У. Р. (Рустамзода Закариё Рустам) 75 200 сомонӣ рӯёнида мешавад.

 

Тоҳир Ғаффориён,

судяи Суди шаҳри Бохтар

Дигар хабарҳо

хабарҳои охир

Яндекс.Метрика

Муассис:

МАҚОМОТИ ИҶРОИЯИ ҲОКИМИЯТИ ДАВЛАТИИ ВИЛОЯТИ ХАТЛОН

САРМУҲАРРИР

Носирҷон Маъмурзода