Рӯзномаи Хатлон » Матлабҳои охирин » «ҒУНЧАҲОИ ХАТЛОН»


«ҒУНЧАҲОИ ХАТЛОН»


Ҳадафи таъсиси нашрия, ки бо ибтикори мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии вилояти Хатлон рӯйи чоп омадааст, фароҳам овардани минбар барои истеъдодҳои наврас, муаррифию тарғиби дастовардҳо ва эҷодиёти онҳо, ҷалби кӯдакону наврасон ба мутолиа ва илмомӯзӣ, инкишофи ҷаҳони маънавӣ ва дар рӯҳияи ватандӯстиву худшиносӣ тарбия намудан аст.

Шумораи якуми нашрияи «Ғунчаҳои Хатлон», ки аз 16 саҳифаи формати А4 иборат аст, кӯдакону наврасони лаёқатманди вилояти Хатлонро ба хонандагон муаррифӣ намуда, дар бораи дастовардҳои онҳо дар озмуну олимпиадаҳои фаннӣ маълумот медиҳад. 

Инчунин, дар ин шумора афсонаю чистонҳо, тезгӯяку латифаҳои бачагона, муаммою бозиҳои донишафзо, тестҳо, карикатураю калимаёбак, дарси забони англисӣ тавассути бозиҳо, кроссворду судоку ва дигар маводи ҷолиби диққати хонандагон ба чоп расидаанд.

Комрони БАХТИЁР,

“Хатлон”

Дигар хабарҳо

хабарҳои охир

Яндекс.Метрика

Муассис:

МАҚОМОТИ ИҶРОИЯИ ҲОКИМИЯТИ ДАВЛАТИИ ВИЛОЯТИ ХАТЛОН

САРМУҲАРРИР

Носирҷон Маъмурзода