Дар як сатр
» » Қубодиён. Нашри 4 китоби таърихӣ дар як сол

Қубодиён. Нашри 4 китоби таърихӣ дар як сол

31-01-2015, 10:57

Қубодиён. Нашри 4 китоби таърихӣ дар як сол

Дар шаҳри Душанбе Энсиклопедияи Қубодиён бо теъдоди 5 ҳазор нусха ба нашр расид, ки дар бораи таърихи ноҳия, чеҳраҳои саршинос ва ёдгориҳои меъморию фарҳангии Қубодиён маълумот медиҳад.

Таҳиягари ин маҷмӯа Абдулло Бердизода буда, он бо тасвиру ороиши зебо интишор шудааст. Ба қавли мубтакирони нашри он, энсиклопедия ҳадяи арзишмандест ба истиқболи 3500-солагии Қубодиёни бостонӣ.

Китоб бо ёддошти Нависандаи халқии Тоҷикистон Кароматулло Мирзоев дар бораи Президенти мамлакат Эмомалӣ Раҳмон, мулоҳизаҳои Давлатшоҳ Гулмаҳмадзода, раиси вилояти Хатлон ва Саъдулло Бекназаров, собиқ раиси ноҳияи Қубодиён, оғоз ёфта, аз таърихи водӣ нақл мекунад.

Муаллифону мураттибон давраҳои дуру дарози таърихиро варақ гардонида, аз замони Ҳахоманишиён то имрӯз маълумоти ҷолибро бозгӯ кардаанд.

Дар соли 2014 аз ҷониби олимону аҳли зиёи Қубодиён чаҳор маҷмӯаи таърихию адабӣ ба нашр расидааст. «Таърихи Қубодиён», ки ба қалами Қувват Додов мутааллиқ аст, яке аз он рисолаҳои хонданбобест, ки соли гузашта рӯйи чоп омадааст. Ба ҷуз ин, китобҳое бо унвони «Саҳбо» (муаллифаш Неъматулло Маҳмадсаидов) ва «Спитамон» (муаллифаш Сайдулло Амин) ба табъ расидааст, ки дар бораи чеҳраҳои маъруф ва таърихии халқи тоҷик қисса мекунанд.

Ҳангомаи ИСМАТ


Шарҳи хонандагон +

Матолиби дигар:

«Донишномаи фарҳанги мардуми тоҷик» ба нашр расид

«Донишномаи фарҳанги мардуми тоҷик» ба нашр расид

Хабарҳо, Маориф ва илм, КОМРОНИ БАХТИЁР
Нашри нахустин китоб ба забони тоҷикӣ дар таърихи роҳи оҳани Тоҷикистон

Нашри нахустин китоб ба забони тоҷикӣ дар таърихи роҳи оҳани Тоҷикистон

Фарҳанг ва адабиёт, Хабарҳо, ҲАНГОМА ПАҲЛАВОНОВА
«Тоҷикистон Ватани Наврӯз аст» - ҳадяи Муҳаммад Ғоиб ба наврасони Тоҷикисто ...

«Тоҷикистон Ватани Наврӯз аст» - ҳадяи Муҳаммад Ғоиб ба наврасони Тоҷикисто ...

Фарҳанг ва адабиёт, Хабарҳо, ҲАНГОМА ПАҲЛАВОНОВА
Нашри мақолаи Президенти кишвар дар китоби «Сайри маънӣ»

Нашри мақолаи Президенти кишвар дар китоби «Сайри маънӣ»

Фарҳанг ва адабиёт, Хабарҳо, ҲАНГОМА ПАҲЛАВОНОВА
Ганҷи «Баҳористон» - дастраси умум

Ганҷи «Баҳористон» - дастраси умум

Фарҳанг ва адабиёт, Хабарҳо, ҲАНГОМА ПАҲЛАВОНОВА