Дар як сатр
» » Дар партави Паём. Оила – ошёни меҳру вафо

Дар партави Паём. Оила – ошёни меҳру вафо

29-01-2015, 16:46


«Масъалаҳои маърифати оиладорӣ, баланд бардоштани масъулияти падару модарон дар таълиму тарбияи фарзанд, омода кардани фарзандон ба ҳаёти мустақилона ва пойдории оила аз ҷумлаи проблемаҳое мебошанд, ки диққати доимии тамоми мақомоти давлатӣ, муассисаҳои таҳсилотӣ ва кулли аъзои ҷомеаро тақозо мекунад. Бо дарназардошти аҳамияти масъала, мувофиқи мақсад аст, ки дар синфҳои болоии мактабҳои таҳсилоти умумӣ курсҳои махсуси таълими маърифат ва одоби оиладорӣ ба роҳ монда шавад».

Аз Паёми Президенти кишвар Эмомалӣ Раҳмон ба Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, 23 январи соли 2015


Дар партави Паём. Оила – ошёни меҳру вафо

Пешниҳоди Сардори давлат Эмомалӣ Раҳмонро дар бораи «Соли оила» эълон кардани соли 2015 дар Ҷумҳурии Тоҷикистон тамоми сокинони вилояти Хатлон бо хушнудӣ пазируфтанд.

Президенти кишвар Эмомалӣ Раҳмон зимни ирсоли Паёми имсолааш ба Маҷлиси Олӣ изҳор дошт, ки ниҳодҳои масъул бояд масъалаи муоинаи тиббии ҳатмии ҷавонон пеш аз издивоҷро баррасӣ карда, дар ин бора пешниҳодҳои дахлдорро ба Ҳукумати кишвар ироа кунанд. Сардори давлат ҳамчунин таъкид кард, ки ин масъаларо бо мардум баррасӣ кардан низ аз аҳамият холӣ нест. «Мо ҳама - падару модарон, бародарону хоҳарон ва дӯстон оилаҳои ҷавонро доимо дуои нек мекунем, ки саломат бошанд, хушбахт шаванд, умри дарозу бобаракат бинанд, соҳиби фарзанд ва набераву абера гарданд», - гуфт Роҳбари давлат.

Ҳақ ба ҷониби Эмомалӣ Раҳмон аст, ки ҷомеаи солим аз оилаи солим ва насли солим ташаккул меёбад. Аммо ҷойи таассуф аст, ки шумораи пош хӯрдани оилаҳои ҷавон сол ба сол зиёд мегардад. Ин масъала мояи ташвишу нигарониҳои Роҳбари давлат ва Ҳукумати кишвару мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии вилояти Хатлон гаштааст. Агар дар соли гузашта дар шаҳру ноҳияҳои вилояти Хатлон 36 ҳазору 698 ақди никоҳ ба қайди давлатӣ гирифта шуда бошад, 1894 ақди никоҳ бекор карда шудааст. Албатта, ҳарчанд ин омор дар муқоиса бо нишондиҳандаҳои ҷумҳурӣ камтар аст (мувофиқи маълумоти расмӣ, дар Тоҷикистон соли 2014 аз 95500 ақди никоҳи ба қайд гирифташуда 9 ҳазори он бекор шудааст, ки нисбат ба соли 2013-ум 9,5 фоиз зиёд аст), масъулони шуъбаю бахшҳои сабти асноди ҳолатҳои шаҳрвандии вилоят ва мақомоти давлатиро наметавонад орому хотирҷамъ гузорад.

Гузашта аз ин, дар натиҷаи пошхӯрии қариб 1900 оила 1395 кӯдаки ноболиғ аз имкони зиндагӣ дар оилаи солим ва ҳамроҳи волидони худ маҳрум шудаанд. Сабаби аз ҳам ҷудо шудани оилаҳо, пеш аз ҳама, омода набудани ҷавонон ба зиндагии мустақилона мебошад.

Аммо масъалаи дигаре, ки ҷомеа ва давлатро ба ташвиш овардааст ва Президенти кишвар ҳам дар Паёми имсолаи худ ба Маҷлиси Олӣ ба он таваҷҷуҳи хоса зоҳир намуд, зиёдшавии никоҳи хешовандони наздик дар миёни ҷавонон аст, ки боиси таваллуди кӯдакони маъюб гардида истодааст. Тавре ки дар Паёми Сардори давлат зикр шудааст, имрӯз дар қаламрави кишвар қариб 13 ҳазор нафар кӯдакону наврасони маъюби то 18-сола аз ҷониби давлат нигоҳубин карда мешаванд. «Бештари ин кӯдакон маъюби модарзод буда, аз никоҳи хешовандӣ, инчунин аз волидайни гирифтори нашъамандӣ ба дунё омадаанд. Сабаби дигари пош хӯрдани оилаҳо дар он аст, ки бисёре аз падару модарон фарзандонро бе муоинаи пешакии тиббӣ хонадор карда, вазъи саломатии онҳоро ба эътибор намегиранд», - омадааст дар Паёми Роҳбари давлат.

Дар ҳақиқат, Кодекси оилаи Ҷумҳурии Тоҷикистон муоинаи тиббии шахсони никоҳшаванда, инчунин додани машварат доир ба масъалаҳои тиббиву генетикӣ ва масъалаҳои солимгардонии оиларо аз ҷониби муассисаҳои давлатии нигаҳдории тандурустии маҳалли истиқоматии онҳо ба таври ройгон ва бо ризоияти шахсони никоҳшаванда кафолат додааст. Вале ҷавонони никоҳшаванда аз ин ҳуқуқи муқаррарнамудаи қонун истифода намекунанд.

Бо таваҷҷуҳ ба муҳиммияти ин масъала Президенти кишвар Эмомалӣ Раҳмон ба вазоратҳои тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоӣ, адлия, кумитаҳои кор бо занон ва оила, оид ба корҳои дин, танзими анъана ва ҷашну маросимҳои миллӣ дастур дод, ки масъалаи муоинаи ҳатмии пешакии тиббии издивоҷкунандагон ва пешгирӣ намудани никоҳи байни хешовандони наздикро якҷо бо мардум ва ҷомеаи шаҳрвандӣ ҳаматарафа омӯхта, ба Ҳукумат таклиф пешниҳод намоянд.
Вобаста ба ин ҳама масъалаҳо Президенти кишвар зимни ироаи Паёми худ пешниҳод намуд, ки соли 2015 дар ҷумҳуриямон «Соли оила» эълон карда шавад.

Шуъбаи Раёсати асноди ҳолати шаҳрвандии Вазорати адлия дар вилояти Хатлон низ дар робита ба иҷрои дастуру ҳидоятҳои Сарвари давлат ва бо мақсади таҳкими оилаҳо соли гузашта як силсила чорабиниҳои фарҳангию маърифатӣ ва омӯзиширо доир кард. Ба хотири шарҳу тафсири муқаррароти кодекси оила, Қонунҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи танзими анъана ва ҷашну маросимҳо дар Ҷумҳурии Тоҷикистон» ва «Дар бораи масъулияти падару модар дар таълиму тарбияи фарзанд» мутахассисони шуъбаи Раёсати АҲШ дар байни аҳолӣ 655 вохӯрию суҳбатҳо ва 512 мулоқот дар ҷамоатҳои шаҳраку деҳоти навоҳии вилоят доир карданд. Ба ҷуз ин, тавассути шабакаҳои телевизионӣ 159 маротиба ва радио 105 бор баромад карда, дар матбуоти даврӣ 62 хабару мақола ба нашр расониданд.

Соли гузашта ҳамчунин якчанд чорабинии фарҳангӣ, аз қабили «Фарҳанги оиладорӣ», «Оилаи солим – ҷомеаи солим», «Оила – гулдастаи зиндагӣ», «Насиҳат гӯш кун, ҷоно» ва мисли ин барпо намудем, ки доираи васеи шаҳрвандон, бахусус занону ҷавононро фаро гирифт.

Роҳбари давлат ба занону бонувон эҳтироми хоса зоҳир менамояд ва дар якчанд барномаи давлатӣ, стратегия ва консепсияҳо дурнамои фаъолияти занон ва нақши онҳоро дар мақоми роҳбарӣ, таҳкими давлатдорӣ, солимии ҷомеа ва пойдориву устувории оила таъкид намудааст.

Бо дарназардошти пешниҳоди Президенти кишвар ва Соли оила эълон шудани соли 2015, шуъбаи Раёсати асноди ҳолати шаҳрвандии Вазорати адлия дар вилояти Хатлон баргузории силсилаи чорабиниҳои хотирмони фарҳангию маърифатиро дар соли ҷорӣ ба нақша гирифтааст.

Дар баробари таҷлили бошукӯҳ аз Рӯзи модар, ки ба 8 март рост меояд, ҳамчунин доир намудани озмунҳо, мулоқоту вохӯриҳо ва чорабиниҳое таҳти унвони «Гаҳвора – зеби хона», «Пайванди наслҳо», «Муҳаббат - ганҷи оила», «Оила – ганҷи дунё», «Оила – ошёни меҳру вафо», «Мард – шаҳсутуни хонадон», «Оила – гулдастаи зиндагӣ», «Мероси падар хоҳӣ, касби падар омӯз» ва мисли инро дар назар дорем.

Мо сиёсати Роҳбари давлат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмонро дар оянда низ давом дода, ҷиҳати татбиқи дастуру ҳидоятҳои дар Паёми имсолааш зикршуда талош ба харҷ медиҳем, то оилаҳо дар кишвари мо устувору солим бошанду мардум ба зиндагии шоиста бирасанд ва беҳтарин анъанаҳои миллӣ ҳифз гарданд.

Дар партави Паём. Оила – ошёни меҳру вафоСаодатбибӣ СИРОҶОВА,
мудири шуъбаи Раёсати асноди ҳолати шаҳрвандии Вазорати адлия дар вилояти Хатлон



Шарҳи хонандагон +

Матолиби дигар:

Ҷорӣ намудани дарси маърифати оиладорӣ ба нафъи кор аст

Ҷорӣ намудани дарси маърифати оиладорӣ ба нафъи кор аст

Ҳаёти иҷтимоӣ, Номаҳои Шумо
Алиментсупорӣ падарро аз масъулият озод намекунад

Алиментсупорӣ падарро аз масъулият озод намекунад

Ҳаёти иҷтимоӣ, Ҳуқуқу амният
Фармони Президент оид ба «Соли оила»

Фармони Президент оид ба «Соли оила»

Хабарҳо, ҲАНГОМА ПАҲЛАВОНОВА
Дар партави Паём. Эълони озмуни «Оилаи беҳтарин»

Дар партави Паём. Эълони озмуни «Оилаи беҳтарин»

Ҳаёти иҷтимоӣ, Хабарҳо, ДАВЛАТБЕКИ КАРИМЗОД
Соли 2015 - «Соли оила»

Соли 2015 - «Соли оила»

Ҳаёти иҷтимоӣ, Хабарҳо, НОСИРҶОН МАЪМУРЗОДА