Дар як сатр
» » Балҷувон. Афзоиши шумораи сайёҳони хориҷӣ

Балҷувон. Афзоиши шумораи сайёҳони хориҷӣ

29-01-2015, 16:22

Балҷувон. Афзоиши шумораи сайёҳони хориҷӣ

Танҳо дар соли 2014-ум 72 ҷаҳонгарди хориҷӣ ва ҳазорҳо сайёҳи ватанӣ барои тамошои табиати зебо ва мавзеъҳои таърихӣ ба ноҳияи Балҷувони вилояти Хатлон омадаанд.

Фотеҳ Аминзода, раиси ноҳияи Балҷувон, зимни нишасти матбуотиаш гуфт, ки солҳои охир теъдоди сайёҳон ба ин ноҳия, ки минтақаи туристӣ элон шудааст, рӯ ба афзоиш ниҳодааст. Аз 72 сайёҳи хориҷӣ, ки вориди ноҳияи Балҷувон шудаанд, ки 26 нафар аз Фаронса, 16 нафар аз Испания, 9 нафар аз Русия, 4 нафар аз Португалия, 2 нафар аз Олмон ва 1 нафар аз Украина будаанд.

- Ба ҷаҳонгардон, пеш аз ҳама, обу ҳавои дилкаш, чашмаҳо, меваҳои хуштаъму лазиз ва мардуми меҳмонавози Балҷувон писанд аст, - зикр кард Ф. Аминзода. - Онҳо бештар ба шикор таваҷҷуҳ доранд. Шикори бузи кӯҳӣ, хуки ёбоӣ, гург, хирс барои сайёҳон хеле писанд аст. Мо низ барои онҳо имконияту шароити хуб фароҳам оварда, кӯшиш мекунем, ки сайёҳон аз сафари хеш баҳра бардоранд.

Ба қавли раиси ноҳияи Балҷувон, ба хотири ҷалби шумораи бештари сайёҳони хориҷӣ дар деҳаи Мазор меҳмонхонаи муосир бунёд гардида, умури сохтмонии як меҳмонхонаи сатҳи байналмилалӣ дар рустои Товаши ҷамоати деҳоти Сарихосор ҷараён дорад. Ба ҷуз ин, бозсозии роҳи мошингарди Данғара-Кангурт дар арафаи анҷомёбӣ буда, оғози сохтмони литсейи касбии сайёҳӣ дар ояндаи наздик дар назар аст.


Шарҳи хонандагон +
Achat Clomid Sur Internet realcheaplevitra Lioresal Pas Cher En France Keflex And Pregnancy Nolvadex Kamagra 100mg Montpellier Order Now Bentyl 20mg Best Website Internet Generic Viagra 100mg Amoxicillin Urinary Cephalexin Prescribed For Prozac 10mg Buy Diflucan Without No Prescription Veterinary Where To Buy Lasix Buy Cheap Lasix Online Cheap Cialis 20mg Cialis Generico En Farmacias Espanolas Amoxicillin Clavulanate Use In Children Lasix Buy Online A Vendre Levitra En Suisse Il Viagra Funziona Online Pharmacy Propecia How To Order Cialis Cialis Generique Pharmacie France Cheapest Cialis Cytotec Pills Metoprolol Buy Lasix Pills Cialis 5mg Prix En Pharmacie Cialis One Day Prix Doxycycline Hyclate 100 Isotretinoin 10mg Discount Ups Without Perscription With Free Shipping Fincar 5mg Brand Cialis Online Minoxidil Wellbutrin Over The Counter Comparison Levitra Pills Levitra Cuanto Cuesta
3 апрел 2017 09:00

Матолиби дигар:

Боздиди рӯзноманигорон аз оромгоҳи Султон Увайси Қарании ноҳияи Ховалинг

Боздиди рӯзноманигорон аз оромгоҳи Султон Увайси Қарании ноҳияи Ховалинг

Хабарҳо, Ҷавонон ва варзиш, КОМРОНИ БАХТИЁР
Балҷувон минтақаи туризми байналмилалист

Балҷувон минтақаи туризми байналмилалист

Фарҳанг ва адабиёт, Хабарҳо, Ҷавонон ва варзиш
Балҷувон. Осорхонаи нав бо нигораҳо аз замони ҶБВ

Балҷувон. Осорхонаи нав бо нигораҳо аз замони ҶБВ

Фарҳанг ва адабиёт, Хабарҳо, ҲАНГОМА ПАҲЛАВОНОВА
Балҷувон. Бунёди 9 нерӯгоҳи хурд дар Сари Хосор

Балҷувон. Бунёди 9 нерӯгоҳи хурд дар Сари Хосор

Ҳаёти иҷтимоӣ, Хабарҳо, НОСИРҶОН МАЪМУРЗОДА
Рушди туризм дар Балҷувон

Рушди туризм дар Балҷувон

Иқтисоду тиҷорат, Хабарҳо, ҲАНГОМА ПАҲЛАВОНОВА