Дар як сатр
» » Ифтитоҳи маркази тавонбахшӣ дар Кӯлоб

Ифтитоҳи маркази тавонбахшӣ дар Кӯлоб

31-12-2014, 20:54

Ифтитоҳи маркази тавонбахшӣ дар КӯлобБа хотири фароҳам кардани шароити нигаҳдошт ва таълими кӯдакони имконоти ҷисмониашон маҳдуд дар шаҳри Кӯлоб Маркази тавонбахшӣ ифтитоҳ ёфт.

Ба иттилои дафтари матбуотии шаҳрдории Кӯлоб, то имрӯз дар ин шаҳр маркази «Парасту» ба табобату нигоҳубини кӯдакони маъюб машғул буд. «Тибқи омори расмӣ дар шаҳру деҳоти Кӯлоб 1300 нафар кӯдакони маъюб ба қайд гирифта шудаанд, ки ҳамеша аз ѓамхориҳои давлату Ҳукумат бархӯрдор мебошанд», - зикр кард Суҳробшоҳи Фаррухшоҳ, роҳбари дафтари матбуотии шаҳрдори Кӯлоб.

Вай афзуд, мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии Кӯлоб барои оилаҳои камбизоат дар дастрас кардани таҷҳизоти табобатию тавонбахшӣ барои маъюбон кӯмаки молиявӣ ироа хоҳад кард.

Кӯдакони имконияти ҷисмониашон маҳдуд дар рӯзи ифтитоҳи Маркази тавонбахшӣ ба меҳмонон махсули тахайюлу эҷод ва ҳунари дастии хешро намоиш додаанд.


Шарҳи хонандагон +

Матолиби дигар:

Кӯмаки идона ба муҳтоҷон

Кӯмаки идона ба муҳтоҷон

Ҳаёти иҷтимоӣ, Хабарҳо, ҲАНГОМА ПАҲЛАВОНОВА
748 ятими кулл дар Хатлон

748 ятими кулл дар Хатлон

Ҳаёти иҷтимоӣ, Хабарҳо, НОСИРҶОН МАЪМУРЗОДА
Кӯлоб. Истиқбол аз рӯзи Артиши миллӣ

Кӯлоб. Истиқбол аз рӯзи Артиши миллӣ

Хабарҳо, НОСИРҶОН МАЪМУРЗОДА
Интихоби рамзи Пойтахти фарҳангии ИДМ

Интихоби рамзи Пойтахти фарҳангии ИДМ

Хабарҳо, ҲАНГОМА ПАҲЛАВОНОВА
Таъсиси «Садбарг» ва эҳёи «Осмон»

Таъсиси «Садбарг» ва эҳёи «Осмон»

Фарҳанг ва адабиёт, Хабарҳо, ҲАНГОМА ПАҲЛАВОНОВА