Дар як сатр
» » Умре дар хизмати мардум буд

Умре дар хизмати мардум буд

29-01-2015, 06:33


Мурод Сафаров ҳаёти хешро ба хизмати халқу Ватан бахшида, дар рушди фарҳанг, маънавиёти мардуми кӯҳистон, худшиносии миллӣ ва бунёди хоҷагидории ҷангали қисми ҷанубии мамлакат саҳми бориз дошт.
Ӯ сад сол муқаддам дар кӯҳистони Бухорои Шарқӣ, дар деҳаи Беғамии собиқ ноҳияи Сарихосор чашм ба олами ҳастӣ кушод. Мардуми деҳа ҳаёти камбағалона доштанд. Аз нақли онҳо бармеояд, ки падару бобоёнашон аз Даҳбеди Самарқанд ба ин маҳал кӯч баста, муқимӣ гардидаанд. Сабаби мусофиратро аз зулми ҳокимони давр маънидод мекунанд.


Умре дар хизмати мардум буд
Деҳотиёни ба зулму ноҳаққиҳо нафратдошта Инқилоби Октябрро бо шодмонӣ истиқбол гирифтанд. Пешвоёнашон барои ҳимояи давлати навгаҳвораи коргару деҳқон ба Армияи Сурх пайвастанд. Тағай - фарзанди оилаи бобои Сафар ҷавони далеру нотарс буд ва пешгоми ин гурӯҳ шуд.

Ӯ ҳар як пайраҳаи кӯҳиро хуб медонист ва хилватгоҳи махсуси босмачиҳоро ошкор мекард. Тибқи маълумотҳои овардаи ӯ, ба сарбозони инқилоб муяссар гардид, ки гурӯҳҳои калон ва мусаллаҳи дастаҳои ғоратпешаро торумор намоянд. Босмачиҳо аз пайи нобуд кардани Тағай шуданд, вале ӯро дастгир карда наметавонистанд. Асир гирифтани Тағай, ки ба онҳо муяссар нагашт, шабона ба деҳа ҳуҷуми ногаҳонӣ зада, хурду калони оилаи бобои Сафарро ба қатл расониданд. Танҳо Хучак - фарзанди хурдӣ зинда монд. Тағай ин бераҳмии гӯшношунидро дар ҳаққи волидайн ва пайвандони бегуноҳаш таҳаммул карда натавонист.

Аз он рӯз сар карда тамоми ҳастияшро барои сарнагун гардонидани душманони инқилоб равона сохт. Хучаки аз одаму олам бехабарро ба қароргоҳи аскарони сурх овард. Кӯдак дар симои ҳамсари фармондеҳи қӯшунҳои савора Зинаида Андреевна мураббии ғамхор ва модари дуюми худро ёфт. Зинаида Андреевна дар муддати се сол Маратро чун фарзандаш парваришу тарбия намуд.

Вақте ки қисми ҳарбии дар муҳорибаҳои кӯхӣ пирӯзёфтаи онҳоро барои нуқтаи боз ҳам гармтари размгоҳҳои Осиёи Миёна сафарбар гардониданд, Маратро ба парваришхонаи тозатаъсиси Ҳисор барои таҳсил супурданд ва Тағайро барои кор ба ревкоми ҷумҳурӣ тавсия намуданд. Зеро ба зиммаи кумитаҳои револютсионӣ тақвияти инқилоб, мубориза алайҳи гурӯҳҳои зиёнкор ва дар навбати аввал ба мардум фаҳмонидани мақсаду мароми ҳукумати ҷадид, ба вуҷуд овардани базаи нави хоҷагидорӣ ва амсоли чунин вазифаҳои доғ буд.

Сарбози дар инқилоб обутобёфтаи тоҷикро ба курси яксолаи таҳсил ба Тошканд фиристоданд. Баъди хатми мактаби чекистӣ Тағай дар ГПУ хизмат кард. Вазифаи ӯ низ дар ин ҷо зидди унсурҳои бегона ва онҳое, ки ба ҳар роҳу восита ба сохтори нав пинҳонӣ зиён меоварданд, оштинопазирона мубориза бурдан буд. Мутаассифона, дар ин роҳ соли 1927 дар вақти асир гирифтани ҷинояткори ашадӣ ба ҳалокат расид.

Дар хусуси корнамоиҳои Тағайи шуҷои солҳои ҳафтодуми асри гузашта командири қисмашон Аркадий Павлович дар рӯзномаи «Коммунист Таджикистана» хотироташро муфассал қисса карда буд. Писархонди қисми ҳарбӣ Марат бошад, аз ин ҳама бехабар баъди таҳсили мактаб-парваришхонаи Ҳисори шодмон дар дорулфунуни муаллимтайёркунии шаҳри Тошканд бо баҳои аъло таҳсил менамуд, ӯ баъди ба итмом расонидани таҳсил ва ба диёраш баргаштан фаҳмид, ки бародари ягонаю ба ҷону дил баробараш дар роҳи озодӣ қурбон шудааст.

Солҳои сиюми асри бист дар таърих давраи сохтмони таҳкурсии асосии сотсиализм маҳсуб меёфту шиори «Кадрҳо ҳамаро ҳал мекунанд» дар ҳамаи ҷо барномаи асосии Ҳизби коммунист ва ҳукуматҳои маҳаллӣ қарор гирифт. Зимни ин сиёсат мутахассиси ҷавони бо баҳои аъло хатмкардаи дорулмуаллимини Тошкандро дар ноҳияи Ховалинг ҳукуматдорон бо гулу гулдаста ва барпо намудани митинг пешвоз мегиранд. Бародарон Хучак ва Маратро, ки акнун Мурод ном гирифта буд дар митингҳо баромад мекарданд.

М. Сафаров то оғози Ҷанги Бузурги Ватанӣ ба ҳайси директори мактаб-интернати ноҳия, мудири шуъбаи маориф, муншии соҳаи идеологияи Ҳизби коммунист дар ноҳияи Ховалинг фаъолият намуда, дар тарбияи меҳнаткашон ва маърифатомӯзии онҳо бенуқсону содиқона кор мекунад.

Баъди ба хоки мамлакати шӯроҳо ҳуҷум кардани фашистони гитлерӣ Мурод Сафаров яке аз аввалинҳо шуда ба комиссариати ҳарбӣ ва роҳбарони Ҳизби коммунист бо ариза муроҷиат намуд, ки ӯро ба ҷанг фиристанд. Ҷавоб як хел буд: «ҳоло ақибгоҳ аз майдони ҷанг монданӣ надорад. Балки музаффарияти сарбозон ба он вобаста аст, ки ақибгоҳ чи тавр кор мекунад.

Бештари ҷавонон ба ҷанг сафарбар шуданд. Корҳои вазнини хоҷагидорӣ ба дӯши занону пирон афтодааст. Мо бояд бо чунин қувва аз даврони осоишта дида бештар маҳсулот ба даст биорем. Ва дар баробари ин бояд нагузорем, ки оилаҳои дар ҷанг шавҳару фарзандонашонро аздастдода худро қурбони ғаму ғусса созанд».

Ҳамин тариқ, соли 1941 Мурод Сафаров аз вазифаи муншии Ҳизби коммунист ба кори истеҳсолот гузашт. Дар тамоми солҳои ҷанг сарварии хоҷагии ҷангали «Сарихосор», ки масоҳаташ калону серпаҳно буд, ба уҳдаи фарзанди ҳушманду қобили инқилоб афтод. Дар шароите, ки ҷангал ва ғановати он аксаран миёни кӯҳу шахаҳои касногузар маъво дошту он замон роҳҳои мошингард то деҳоти кӯҳӣ нарасида буд, ба ин гуна қитъаи бузург саривақт ба халқ ҳамдамӣ кардану онҳоро дар бахши кишту кор, ҷамъ овардани ҳосил сафарбар намудан ва қисмати калони дастранҷро барои майдони ҷанг захираю нигаҳдорӣ кардан мушкилоте буд сангин.

Ба фидоии роҳи адолат ва идеалҳои озодию халқпарварӣ иҷрои амри ватану давлатро аз будаш беҳтару зиёдтар таъмин сохтан муяссар мегардид. Дар тамоми солҳои ҷанг байни хоҷагиҳои зиёди ноҳияи Ховалинг хоҷагии ҷангали «Сарихосор» хамеша пешсаф буд. Садҳо тонна ҷаву гандум, меваи хушк, чормағзу пистаи тайёрнамудаи аҳли заҳмати кӯҳистон ҳар сол ба майдони ҷанг барои сарбозон фиристода мешуд. Шоҳиди заҳмати ҷангалпараварон ба раҳматномаи сардори давлат, Сарфармондеҳи олии Ҷанги Бузурги Ватанӣ И. В. Сталин ду маротиба мушарраф гардиданашон мебошад.

Хушбахтона, ҷанг бо ғалабаи халқи шӯравӣ анҷом ёфт. Барқарор намудани харобазорҳо, истеҳсолот ва иқтисоди заифгардидаро аз нав қудратманд сохтан ҳамчун барномаи асосии давлат қабул гардид.

Мурод Сафарови аз санҷишҳои вазнин гузаштаю дар кори хоҷагидорӣ таҷрибаи бесобиқаандӯхтаро ба хоҷагии ақибмондатарини ноҳия-колхози ба номи Орҷоникидзе раис интихоб намуданд.

Хоҷагӣ аз деҳаҳои хурд-хурд иборат буд. Дар бисёрашон бо сабаби мактаб надоштан бачаҳои давраи ҷанг таҳсил накарда мемонданд. Бо раис шуда омаданаш кори аввалине, ки Сафаров оғоз кард, ин сохтмони мактаб дар қишлоқи Хонабача буд. Мактаб дар як муддати кӯтоҳ бо усули ҳашар сохта шуд. Ва толибилмон аз рустоҳои Талимазор, Храҳак,Чормағзак ва 5-6 деҳи дигар ба дахолат ва саъйи бевоситаи раис ба таълим фаро гирифта шуданд.

- Ман аз шогирдони нахустини ин таълимгоҳ будам. Агар ин марди фарҳангӣ ба деҳоти мо раис намешуд, бешакку шубҳа, бесаводии фарзандони ин пораи кӯҳистон боз хеле сол давом мекард, - қисса мекунад педагоги куҳансол ва муваффақ, Аълочии маорифи ҷумҳурӣ ва Аълочии маорифи Иттиҳоди Шӯравӣ Ҳабибулло Ҳалимов. - Зеро мани даҳсола ва ҳамсолони ман якҷоя бо бачаҳои синни мактабӣ паси мизҳои таълимӣ нишастем.

Воқеан ҳам солҳои роҳбари хоҷагӣ буданаш М. Сафаров натанҳо ба натиҷаҳои баланди истеҳсолӣ, сохтмони таълимгоҳҳои мавзеъ муваффақ мегашт, ҳамзамон дар бунёди роҳҳои мошингарди кӯҳии минтақа, навсозии фермаҳои чорводорӣ, паркҳои автомобилӣ, тавсеаи қитъаҳои ҷангалпарварӣ хизмати шоён намудааст.

Ибтидои солҳои 50-уми асри гузашта барои тақвияти пахтакорӣ мардуми Балҷувону Сарихосор ва ноҳияи Ховалингро ба навоҳии Фархор, Ҳамадонӣ ва Восеъ муҳоҷир намуданд. Деҳоти ҳудуди колхози ба номи Орҷоникидзеро бошад, ба ҷамоати «Пахтаобод» (имрӯз ба номи М. Вайсов )-и ноҳияи Восеъ кӯчониданд. Мурод Сафаров низ ҳамроҳи ҷамоаташ дар қишлоқи Баҳористон кӯч партофт.

Азбаски ин вақт дар қаламрави вилояти Кӯлоб шахсияти Мурод Сафаров чун марди донишвар ва кордону соҳибэҳтиром қадрдонӣ карда мешуд, ба кумитаи ҳизбии ноҳия даъват намуда, дар колхози калонтарини маъвои зисташон ба уҳда гирифтани ҷонишинии раиси хоҷагиро хоҳиш мекунанд. Аммо ӯ изҳор медорад, ки сесад оилаи муҳоҷиршуда ҳоло дар каппаҳо зиста, беманзиланд. То зимистон ҳамагӣ се моҳ мондааст. Барои он ки қисмашон партофта ба хонаҳои бобогиашон нараванд, бояд ба онҳо ҳамнафас бошам. То ки дар сохтмон танаффус нашаваду ҳама соҳиби кулба бошанд. Гузориши хирадмандонаи раиси собиқ ба роҳбарон маъқул шуд ва то хотимаи бинокорӣ ӯро роҳбари маошхӯр таъин намуданд. Роҳбарияти ноҳия борҳо ӯро ба вазифаҳои баланд даъват карданд, вале Сафаров рад кард. Сафаров дар ҷамъияти матлубот ба ҳайси ҷонишин ба кор даромад…

Деҳаи навбунёди онҳо аз шаҳраки Восеъ дар масофаи 13-14 километр дур воқеъ буд. Дар шароити набудани роҳи дуруст ва камбуди нақлиёт аз миёни туқайзор тай кардани ин масофа хатарнок буд. Баъди як моҳ бо қувваи муҳоҷирон фурӯшгоҳи похсагине сохта, ба хотири ёфтани қути лоямут вазифаи калонро гузошту савдогари одӣ шуд.

Қадру қимати одамӣ на дар боигарии ҳангуфт асту на дар ҷоҳу ҷалоли осмонрас. Донишварони асил тавассути хизмат ба мардум ва адлу адолатро роҳандозӣ кардан азизи ҳамагон мегарданд. Сафаров ҳамин гуна шахсият буд, аз ибтидои солҳои панҷоҳум то дами вопасин, соли 1989, баробари кори савдо дар фурӯшгоҳи хурд оқсақолии доимии чор деҳаи калонро ба уҳда дошт.

Мурод Сафаров имрӯз дар қайди ҳаёт нест. Фарзандонаш номбардори ӯ мебошанд. Писари бузургаш Ҳабиб Сафаров дар риштаи биология бо кашфиётҳои ҷолибаш мутахассисони машҳури оламро дар ҳайрат гузошт. ӯ бештар аз 40 сол дар кафедраи биология, декани ин факулта ва даҳ соли охири ҳаёташ ба Донишгоҳи миллии Тоҷикистон сарварӣ намуд.

Хизматҳои фарзандонаш Муҳибулло дар пешрафти маориф, генерали мустаъфӣ Хайрулло Муродов дар амалӣ гардонидани талаботи қонуну қонуният калонанд. Ба муносибати садсолагии ин марди наҷиб китоб таҳия мегардад. Дар он аз хизматҳои мондагори падар ва фарзандонаш нақл карда мешавад.

Ғайбулло ҲАЛИМОВ


Шарҳи хонандагон +

Матолиби дигар:

Барои ризои нафси худ исломро доғдор кардан аз ойини мусалмонӣ нест

Барои ризои нафси худ исломро доғдор кардан аз ойини мусалмонӣ нест

Сиёсат, Хабарҳо, Номаҳои Шумо
Ғамхори аҳли заҳмат

Ғамхори аҳли заҳмат

Маориф ва илм, НАҶОТ САФАРЗОДА
Саҳми тоҷикистониҳо дар ғалаба бузург аст

Саҳми тоҷикистониҳо дар ғалаба бузург аст

Ҳаёти иҷтимоӣ, Ҳуқуқу амният
Умре дар хидмати мардум

Умре дар хидмати мардум

Арсаи кишоварзӣ, МАЛИКОВ ҲУСЕЙН
Пешбарии номзадии олими ҷавон ба вакилии парлумон

Пешбарии номзадии олими ҷавон ба вакилии парлумон

Хабарҳо, Ҷавонон ва варзиш