Дар як сатр
» » Гумроҳӣ ҷавононро ба ҷиноят мебарад

Гумроҳӣ ҷавононро ба ҷиноят мебарад

28-01-2015, 20:34

«Ифротгароӣ ва терроризм дин, мазҳаб ва миллат надорад ва ба ин зуҳуроти нангин омехта кардани ислом кори нодуруст аст. Мубориза бо экстремизму терроризм ва ҷинояткориро ҳаргиз чун мубориза бар зидди дин муаррифӣ набояд кард. Зарур аст, ки ба истифодаи ислом бо чунин мақсадҳои зишт роҳ дода нашавад ва ҷинояткорону ифротгароён барои амалҳои ҷинояткоронаашон дар назди қонун ҷавоб гӯянд».
Эмомалӣ РАҲМОН

Гумроҳӣ ҷавононро ба ҷиноят мебарад
Воқеаҳои фоҷеабори рӯзҳои охир дар мамлакатҳои Покистону Ироқ сокинони сайёраро ба андешаву нигаронӣ мувоҷеҳ сохт. Куштори муҳассилин бо теъдоди 144 нафар аз ҷониби «Толибон», ки қисми зиёди онро кӯдакон ташкил медоданд ва қатли 150 занону бонувон дар Ироқ аз дасти террористон исботи оштинопазирии гурӯҳҳои мусаллаҳи ифротгароӣ бо номи «исломӣ» бори дигар мавқеъ ва назардошти худро ба оламиён нишон доданд. Густариш додани амалҳои террористию экстремистӣ дар шаҳру минтақаҳои мухталиф, ҳамагонро ҳушдор месозад, то аз бетарафию хомӯшӣ канора ҷуста, мавқеи инсонгароёнаи худро муайян созем.

Гурӯҳҳои экстремистӣ барои расидан ба мақсадҳои нопоки сиёсии худ ба амалҳои бешарафона даст зада, аз қатли кӯдакон ва занони бепаноҳ рӯй намегардонанд. Дар зери шиорҳои «ҷиҳоду ғазовот» мехоҳанд «бемории бедавояшон»-ро ба кишварҳои дуру ҳамсоя таҳмил созанд. Бо ин кирдорҳои носолимашон дунёро дар гирдоби тарсу даҳшатҳои тасаввурнопазир мехоҳанд нигоҳ доранд ва бо ин васила мавқеи сиёсии худро мустаҳкам намуда, соҳиби иқтидори иқтисодӣ гарданд.

Рафтори разилонаи гурӯҳҳои ҷиноятпеша барои бархе аз ҷавонони тоҷик, ки бо гумроҳӣ ба ҳаракату гурӯҳҳои ифротгарову ситезаҷӯ, бахусус дар сафҳои қувваҳои мусаллаҳи ба ном исломии Ироқу Сурия шомил шудаанд, бояд сабақи зиндагӣ гардад. Ҷавонони раҳгумзадаву тираақл бояд дарк намоянд, ки гурӯҳҳои манфиатҷӯ, аз касодии нерӯву зеҳни онҳо истифода намуда истодаанд. Мушкилоте, ки имрӯз пеши мо истодааст, боиси нигаронӣ ва ташвиш буда, инчунин моро масъул месозад, дуруст андеша намуда, роҳҳои халосӣ аз ин вартаи нокомӣ ва ҳаллу фасли онро боидрокона ёбем.

Ҷавонони раҳгумзада аслан на аз таълимоти ислом бохабаранду на аз сиёсати кишварҳои манфиатхоҳ. Онҳоро ба ҳар роҳу восита бо баҳонаи «ҷиҳод» ба вартаи ҳалокат кашида, масъалаҳои пасипардагии худро ҳал менамоянд.

Кишвари бо ном ДИИШ (Давлати исломии Ироқу Шом) аслан макони терроризми ҷаҳонӣ ва барангезандаи хавфу хатари навбатӣ барои тамоми инсоният мебошад. Дар ҷомеаи ҷаҳонӣ ҳеҷ кадом аъмоли террористӣ новобаста аз шаклу мавқеъ ва ҳадафҳояш ба таври қотеъ наметавонад қобили қабули шаҳрвандон гардад. Терроризм наметавонад ба ҳайси ҷангҳои озодихоҳона эътироф гардад, гарчанде ҷанг низ ҳамчун мафҳуми зӯроварӣ мақбули қабули ҳамагон нест ва он ҳамчун кирдори манфур ва ғайриинсонӣ ҳисоб ёфтааст.

Вақти он аст, ки мо бо тамоми масъулият зиёдшавии теъдоди террористон аз ҳисоби ҳамватанон, ки аслан аз ҳисоби ҷавонон шомил шудаанд, бонги хатар занем.

Имрӯз барои ҳамагон пинҳон нест, ки танҳо аз манотиқи Қӯрғонтеппаи вилояти Хатлон зиёда аз 45 нафар ҷавонон барои иштирок дар ин нуқтаҳои даргири террористӣ фаъолият менамоянд, ошкор шудаанд. Дар рафти ин задухӯрдҳои бемаънӣ 4 нафар ҷавонони тоҷик ҷони худро аз даст додаанд.

Шомилшавии ҷавонони тоҷик ба сафи ДИИШ аз нуқтаи назари сиёсатшиносон ба 4 қисмат ҷудо мешавад:

Шомилшавӣ бо роҳи муҳоҷирати меҳнатӣ: Ин шакли шомилшавӣ бо баҳонаи муҳоҷирати меҳнатӣ, аслан дар Федератсияи Русия тарҳрезӣ шуда, сониян ба воситаи давлатҳои шарқи наздик, аз он ҷумла Туркия, Миср, Ироқ, Сурия ҷавонон интиқол дода мешаванд. Дар аснои ҷалбнамоӣ ба ДИИШ хусусиятҳои синну сол (18-28 - сола), мансубият ба дин, мавқеи иҷтимоӣ ва миллат ба ҳисоб гирифта мешаванд. Дар вақти омодасозии ҳуҷҷатҳо шартнома баста шуда, дар баъзе ҳолатҳо гӯё пешпардохт карда мешавад. Роҳи маъмули ҷалб ба сохторҳои террористӣ аз ҳамин ҳолат оғоз ёфта, ҳукми зиндагиномаи шахс эълон карда мешавад. Ҷавонон минбаъд «ҳуқуқ»-и бозгашт надоранд. Онҳо ба тақдир тан дода, нобиноёна, пайи иҷрои супоришҳои хоҷагонашон мегарданд.

Шомилшавӣ ба ДИИШ бо роҳи ширкатҳои сайёҳӣ: Ин шакли кор дар раванди омӯзишӣ аз тарафи хоҷагони хориҷӣ сурат гирифта, бо ташвиқу тарғиб ва шустани мағзи ҷавонон оғоз мегардад. Дар рафти кор «кормандон» ҳадафҳои худро омода менамоянд. Тамоми маблағгузориҳо аз ҳисоби «корфармоён» масраф гардида, истихдомгарон баъди мағзшӯии ҷавонон, онҳоро ба воситаҳои ширкатҳои сайёҳӣ ба нуқтаҳои даргир интиқол менамоянд.

Шомилшавӣ бо роҳи муҳасилини донишкадаҳои исломӣ дар хориҷи кишвар: Шакли маъмули шомилшавӣ аз истифодабарии минбарҳо оғоз шуда, ҷавонон барои таҳсили илм ба хориҷи кишвар даъват мешаванд, ин раванд дар ибтидо ба омӯзиши ислом нигаронида шуда, сипас, он пардапӯшона маънову маъвои дигар касб менамояд. Ҷавонон зиёдтар ба кишварҳои Покистон, Афғонистон, Эрон, Арабистони Саудӣ ва дигар давлатҳо бо ин васила интиқол мегарданд.

Шомилшавӣ бо воситаи сомонаҳои интернет: Аз ин омил қисмати зиёди ҷавонон истифода менамоянд. Вале шомилшавӣ ба се воситаи дар боло ёдоваршуда мавқеи қабул ва интиқоли онҳо мегардад.

Ҷавонони кишвар бояд воқиф бошанд, ки симои аслии ДИИШ ба исломи асил ва суннатҳои он иртиботе надорад. Ҳамагон бояд огаҳ бошем, ки идеологияи ДИИШ аз таълимоти «салафия» сарчашма мегирад ва он террористию ифротгаро буда, хилофи дини мубини ислом аст.

Куштору бадбахтӣ овардан хоси мусулмонҳо нест. Дар ин бора дар Қуръони карим омадааст: «Ва ҳар муъминеро барқасд бикушад, ҷазои ӯ ҷаҳаннам аст, ки дар он абадӣ хоҳад буд ва Худо бар ӯ хашм гираду лаънаташ кунад ва барояш азобе бузург омода созад!» (сураи «Анбиё»).

Шомилшавии ҷавонон ба гурӯҳҳои тундгаро боиси нигаронист. Барои рафъ ва коҳиши ин мушкилот моро зарур аст, ки дар ҳамбастагӣ тамоми ниҳодҳои ҷомеа, аз ҷамоату мақомотҳои маҳаллӣ то вазорату кумитаҳои масъул, парлумон, аҳзоби сиёсӣ, зиёиён, уламо ва тамоми қишрҳои ҷомеа муташаккилона мубориза бурда, аз гуфтор ба амал гузашта, якҷоя кор барем.

Сафаралӣ СОБИРОВ, омӯзгор


Шарҳи хонандагон +

Матолиби дигар:

Таҳдид ба инсоният

Таҳдид ба инсоният

Хабарҳо, Ҳуқуқу амният, Номаҳои Шумо
Фатвои Шӯрои уламо: Тарғиби ақидаи Салафия тарғиби терроризм аст

Фатвои Шӯрои уламо: Тарғиби ақидаи Салафия тарғиби терроризм аст

Сиёсат, Хабарҳо, Ҳуқуқу амният
Абарқудратҳо - афзояндаи хатар дар минтақа

Абарқудратҳо - афзояндаи хатар дар минтақа

Ҳуқуқу амният, Номаҳои Шумо
Ҷанги Сурия фитна аст, на ҷиҳод

Ҷанги Сурия фитна аст, на ҷиҳод

Сиёсат, Ҷавонон ва варзиш
Ифротгароӣ, таассуб ва мағзшӯии ҷавонон. Чӣ бояд кард?

Ифротгароӣ, таассуб ва мағзшӯии ҷавонон. Чӣ бояд кард?

Таҳқиқи журналистӣ, НОСИРҶОН МАЪМУРЗОДА