Дар як сатр
» » Бақайдгирии 4 номзад дар ҳавзаи «Қӯрғонтеппа-26»

Бақайдгирии 4 номзад дар ҳавзаи «Қӯрғонтеппа-26»

28-01-2015, 06:35

Бақайдгирии 4 номзад дар ҳавзаи «Қӯрғонтеппа-26»


Тибқи талаботи Қонуни конститутсионии Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи интихоботи Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон» бақайдгирии номзадҳо дар ҳавзаҳои интихоботӣ оғоз гардид.

Дар ҳавзаи интихоботии «Қӯрғонтеппа-26» номзадии чор нафар ба вакилии Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон ба қайд гирифта шуд. Аз ҷумла, номзадии Анвар Тағаймуродов, собиқ сардори Раёсати Вазорати корҳои дохилӣ дар вилоят, ки аз ҷониби конференсияи якҷояи кумитаҳои иҷроияи Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон дар шаҳрҳои Қӯрғонтеппа, Сарбанд ва ноҳияи Бохтар пешбарӣ гардида буд, дар ҳавзаи интихоботии мазкур сабт гардид.

Дар ин баробар номзадии Ҷонона Холбобоева (намояндаи Ҳизби аграрии Тоҷикистон), Саидҷаъфар Туйдиев (Ҳизби ислоҳоти иқтисодӣ) ва Ҷамолиддин Узбеков (соҳибкор, ба тариқи худпешбарӣ) ба вакилии Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон ба қайд гирифта шуданд.

Ҳамчунин дар ҳавзаи интихоботии мазкур ба шахсони боэътимоди номзадҳо ба вакилии Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон ваколатнома супорида шуд.

Интихоботи вакилони Маҷлиси намояндагон ва маҷлисҳои маҳаллии вакилони халқ рӯзи 1 март баргузор мешавад.

ВАХШОНА


Шарҳи хонандагон +

Матолиби дигар:

Муборизаи 159 номзад барои 69 курсӣ дар Маҷлиси вакилони Хатлон

Муборизаи 159 номзад барои 69 курсӣ дар Маҷлиси вакилони Хатлон

Сиёсат, Хабарҳо, НОСИРҶОН МАЪМУРЗОДА
Пешбарии номзадҳо ба вакилии парлумон аз ҳавзаҳои якмандата ба анҷом расид

Пешбарии номзадҳо ба вакилии парлумон аз ҳавзаҳои якмандата ба анҷом расид

Сиёсат, Хабарҳо
Раиси Кӯлоб ва ректори собиқи ДМТ – номзад ба вакилӣ

Раиси Кӯлоб ва ректори собиқи ДМТ – номзад ба вакилӣ

Сиёсат, Хабарҳо, НОСИРҶОН МАЪМУРЗОДА
ҲХДТ аз ҳавзаи «Данғара-36» занеро номзади худ ба вакилии парлумон кард

ҲХДТ аз ҳавзаи «Данғара-36» занеро номзади худ ба вакилии парлумон кард

Хабарҳо
Ҳизбҳо номзадҳояшонро ба вакилии парлумон пешбарӣ мекунанд

Ҳизбҳо номзадҳояшонро ба вакилии парлумон пешбарӣ мекунанд

Сиёсат, Хабарҳо