Рӯзномаи Хатлон » Матлабҳои охирин » ПАЁМ РӮҲБАЛАНДСОЗИ ТАБИБОН


ПАЁМ РӮҲБАЛАНДСОЗИ ТАБИБОН


«Мо имрӯз шукрона мекунем, ки аз оғози моҳи январ дар кишварамон бемории сироятии COVID-19  аз байн рафтааст».

Эмомалӣ Раҳмон

 

Паёми навбатии Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба Маҷлиси Олӣ рӯҳбахшу роҳнамо буда, ба рушди кишвар, ояндаи неку зиндагии шоистаи мардум нигаронида шудааст. Муҳтавои он ҳар як сокини кишварро ба корнамоиҳои нав ба нави меҳнативу созандагӣ, ташаббускориву ташкилотчигӣ баҳри ободониву гулгулшукуфоии мулки аҷдодӣ ҳидоят менамояд.

Пешвои миллат ҳангоми ироаи Паёми худ муждаи нек-аз байн рафтани бемории коронавирусро расонд. Ин пирӯзӣ бар COVID-19  мардуми кишвар, бахусус, мо-табибонро хушнуд намуд. Сарвари  давлат, ҳамзамон, таъкид карда, чунин иброз доштанд: “Лекин ин чунин маънӣ надорад, ки мо ба  саломатии худ ва атрофиён бепарвоӣ зоҳир намоем, балки чун пештара бояд ҳушёр бошем, ба қоидаҳои беҳдошти шахсиву ҷамъиятӣ эътибори ҷиддӣ диҳем ва ҳамдигарро эҳтиёт кунем”.

Бале, чунин ҳам ҳаст. Коронавирус бемориест, ки дар ҳолати бепарвоӣ ва ҷиддӣ нагирифтан вируси он ба бадан сироят мекунад. Тавре Пешвои миллат дар Паём қайд карданд, маҳз дар ҳамон шабу рӯзи сангин сокинони кишвар сабру таҳаммул нишон дода, ба воҳимаву таҳлука наафтоданд, баръакс, бо ҳам муттаҳид шуда, ҳатто табибон ва оилаи онҳоро дастгирӣ карданд.

Чуноне ки аз Паём бармеояд, соли 2020 бо вуҷуди мушкилоти пешомада, ҷиҳати пешгирӣ намудани пайомадҳои буҳрон ва ҳифзи амнияти иқтисодии мамлакат як қатор чораҳои фаврӣ роҳандозӣ карда шуд. Аз ҷумла, ба соҳаи тандурустӣ барои хариди доруворӣ, таҷҳизоти тиббӣ, маводҳои муҳофизатӣ, бунёди беморхонаҳои муваққатӣ ва дастгирии кормандони тиб аз буҷети давлат 1 миллиарду 600 миллион сомонӣ маблағҳои иловагӣ ҷудо карда шуд. Дар кишвар барои табобати пурра ва саривақтии шахсони гирифтори бемории сироятии КОВИД-19 беморхонаву табибон ва кормандони тиббӣ сафарбар гардиданд.

Дар ин раванд, махсусан хизматҳои шабонарӯзии муҳтарам Эмомалӣ Раҳмонро қайд кардан ба маврид аст. Зеро бо азму талошҳои Сарвари давлат барои аз байн рафтани коронавирус шароити мусоиди табобатӣ, хизматрасонии босифату саривақтии тиббӣ, дастрасӣ ба доруворӣ фароҳам оварда шуд. Дар ин давраи душвору вазнин муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ҳамеша дар байни мардум буд. Барои раҳоӣ аз ин офати аср маслиҳатҳои муфид дод, дардошнои онҳо шуд, сокинонро ба сабру таҳаммул ва муттаҳидиву якдигарфаҳмӣ даъват кард. 

Табибон ва ҳамшираҳои шафқати минтақавии Маркази таълимӣ-клиникии “Тиббӣ оилавӣ”-и вилояти Хатлон, дар давраи бемории сироятии COVID-19   ба беш аз 6 ҳазор аҳолии маркази Ҷамоати деҳоти “Қизилқалъа”-и ноҳияи Хуросон хизмати тиббӣ расониданд. Хизматрасонии тиббии “хона ба хона” натиҷаҳои хуб дод. Бо кумаки онҳо шахсони аз бемории коронавирус сироятёфта маълум карда шуд. Ба беморон кумакҳои аввалияи тиббӣ расонида, маслиҳатҳои пешгирӣ аз ин беморӣ доданд. Шахсони дар ҳолати вазнин қарордоштаро ба беморхонаҳои махсусгардонидашуда бистарӣ карданд. Ба ин кор 5 духтури пуртаҷриба ва  беш аз 10 ҳамшираи шафқат сафарбар шуданд. Дар табобати шахсони гирифтори бемории сироятии COVID-19  саҳми онҳо басо калон аст. Онҳо ҷони худро ба хатар монда, шахсони гирифтори коронавирусро наҷот доданд.

Пешвои миллат дар Паёми хеш хизматҳои кормандони соҳаи тандурус-тиро дар давраи хуруҷи коронавирус чунин баҳогузорӣ кардаанд: “Бо истифода аз фурсат, ба ҳамаи кормандони соҳаи тандурустӣ, махсусан ба табибон ва ҳамшираҳои шафқат, ки дар шабу рӯзҳои авҷи бемории сироятии коронавирус ба савганди касбии худ содиқ монда, барои табобати мардуми Тоҷикистон софдилона заҳмат кашиданд ва ҷони ҳазорон нафар ҳамватанонамонро аз марг наҷот доданд, бори дигар сипосу миннатдории самимӣ баён менамоям”.

Мо-табибон аз ин қадрдонии Президенти мардумӣ муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон рӯҳбаланд шуда, дар оянда низ ба савганди касбии худ содиқ мемонем ва ба Тоҷикистони азизу мардуми сарбаланди кишвар хизмати шоиста мерасонем.

 

Хайрулло Бобобеков,

духтури минтақавии 

Маркази таълимӣ-клиникии 

“Тибби оилавӣ”-и 

вилояти Хатлон

Дигар хабарҳо

хабарҳои охир

Яндекс.Метрика

Муассис:

МАҚОМОТИ ИҶРОИЯИ ҲОКИМИЯТИ ДАВЛАТИИ ВИЛОЯТИ ХАТЛОН

САРМУҲАРРИР

Носирҷон Маъмурзода