Дар як сатр
» » Мулоқот бо сарбозон ва ҷавонони фаъол

Мулоқот бо сарбозон ва ҷавонони фаъол

31-12-2014, 15:32

Мулоқот бо сарбозон ва ҷавонони фаъолАхиран дар қисми ҳарбии 2628-и Қӯшунҳои сарҳадии Кумитаи давлатии амнияти миллӣ дар вилояти Хатлон ва мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Қӯрғонтеппа мулоқоти муовини якуми раиси кумитаи ҷавонон, варзиш ва сайёҳӣ М. Муинӣ ва сардори Раёсати ҷавонон, варзиш ва сайёҳии вилояти Хатлон Фариза Абдуллоева бо сарбозон ва ҷавонони фаъоли шаҳр доир гардид.

Дар мулоқот масъалаи ҳимояи марзу буми кишвар, эмин нигоҳ доштани истиқлолияти давлатӣ ва аз таҳдидҳои ҷаҳони муосир ҳифз намудани ҷавонону наврасон мавриди баррасӣ қарор гирифт. Таъкид гардид, ки шомилшавии ҷавонон ба ҳар гуна ҳизбу ҳаракатҳои иртиҷоӣ метавонад ҳаёти осоиштаро халалдор намояд.

Дар фарҷом ба 8 нафар сарбози қисми ҳарбӣ туҳфаи хотиравӣ супорида шуд. Дар доираи аксияи «Биёед китоб мехонем!», ки бо ибтикори Кумитаи ҷавонон, варзиш ва сайёҳӣ ҷараён дорад, ба қисми ҳарбии 2628-и Сарраёсати қӯшунҳои сарҳадӣ дар вилояти Хатлон 200 адад китоби гуногун барои мутолиа тақдим шуд.


Шарҳи хонандагон +

Матолиби дигар:

Силсилаи мулоқоти роҳбарияти Кумитаи ҷавонон, варзиш ва сайёҳӣ бо ҷавонони  ...

Силсилаи мулоқоти роҳбарияти Кумитаи ҷавонон, варзиш ва сайёҳӣ бо ҷавонони ...

Хабарҳо, Ҷавонон ва варзиш, ҲАНГОМА ПАҲЛАВОНОВА
А. Абдуллозода: «Ҷавонон бояд бо ҷойи кор таъмин шаванд»

А. Абдуллозода: «Ҷавонон бояд бо ҷойи кор таъмин шаванд»

Ҳаёти иҷтимоӣ, Хабарҳо, Ҷавонон ва варзиш, КОМРОНИ БАХТИЁР
Мулоқоти Абдуллозода бо ҷавонони Кӯлоб

Мулоқоти Абдуллозода бо ҷавонони Кӯлоб

Хабарҳо, Ҷавонон ва варзиш
«Корвони китоб» барои сарбозони Хатлон

«Корвони китоб» барои сарбозони Хатлон

Хабарҳо, НОСИРҶОН МАЪМУРЗОДА
Тақдими 740 китоби таълимӣ барои донишҷӯёни риштаи сайёҳӣ

Тақдими 740 китоби таълимӣ барои донишҷӯёни риштаи сайёҳӣ

Хабарҳо, Ҷавонон ва варзиш, Маориф ва илм