Дар як сатр
» » Қарздории музди меҳнат ба чашм мерасад

Қарздории музди меҳнат ба чашм мерасад

7-05-2018, 11:12

Ҷаласаи навбатии Ситоди вилоятӣ оид ба пешгирӣ ва бартарафсозии қарздории музди меҳнат ва Кумитаи ҳамоҳангсозии мусоидат ба шуғли аҳолӣ доир гардид.

Ҷамъомадро муовини раиси вилоят, ҳамзамон роҳбари Ситод Раҷабалӣ Раҷабов оғоз бахшида, таъкид дошт, ки баҳри кам кардани қарздории музди меҳнат дар ташкилоту муассисаҳо ва шаҳру навоҳӣ корҳои назаррас ба анҷом расида бошад ҳам, ҳанӯз ҳам  дар баъзе шаҳру ноҳияҳо ва ташкилоту муассисаҳо сари ин масъала ҷиддан андеша накардаанд. Натиҷаи ин аст, ки дар баъзе шаҳру навоҳӣ, аз ҷумла шаҳру ноҳияҳои Ҷ. Балхӣ, Вахш, Хуросон, Бохтар, Ҷайҳун, Панҷ, Шаҳритӯс ва Носири Хусрав қарздории музди меҳнат ба чашм мерасад.

Муовини раиси вилоят аз масъулини соҳаи марбутаи шаҳру навоҳӣ ва роҳбарони ташкилоту муассисаҳои мазкур пурсиш ба амал оварда, таъкид дошт, ки баҳри ислоҳи камбудиҳои ҷойдошта тадбир андешанд. Яке аз ҳадафҳои асосии сиёсати пешгирифтаи Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон баланд бардоштани сатҳи рӯзгори аҳолӣ ба шумор меравад. Сари ин масъала Роҳбари давлат пайваста дар вохӯриву мулоқотҳо бо аҳолӣ таъкид месозад. Яъне таъмини зиндагии шоиста ба ҳар як шаҳрванди Тоҷикистон аз ҳадафҳои олии Президенти мамлакат ба шумор меравад.

- Масъулини шаҳру навоҳиро зарур аст, ки дар ин самт бештар тадбир андешанд. Корхонаву коргоҳҳои нав бунёд намуда, масъалаи бо шуғл фаро гирифтани  аҳолиро низ дар мадди аввал гузоранд,-таъкид дошт муовини раиси вилоят Раҷабалӣ Раҷабов.

Нисбати масъалаи дуюми рӯзнома - ҷаласаи Кумитаи ҳамоҳангсозии мусоидат ба шуғли аҳолӣ муовини раиси вилоят сухан ронда, аз он изҳори нигаронӣ намуд, ки дар ҳудуди шаҳру навоҳии вилоят даҳҳо коргоҳу корхонаҳои истеҳсоли адрасу атлас бунёд ёфтаанд, вале маҳсули истеҳсолнамудаи ин коргоҳҳо ба талаботи харидорон ҷавобгӯ нест. Аз ин рӯ, масъулини шаҳру ноҳияҳоро зарур аст, ки баҳри фаъолияти бонизоми чунин корхонаҳо тадбир андешанд. Кӯшиш намоянд, ки корхонаҳои мазкур фаъолияти хешро ҷоннок намуда, маҳсулоти ба бозори истеъмолӣ рақобатпазирро пешкаши мизоҷон намоянд. Яъне ҳадаф аз таъсису омӯзиши занону бонувон ба ҳунарҳои миллӣ, пеш аз ҳама, ба шуғл фаро гирифтани аҳолӣ, истеҳсоли маҳсулоти аълосифати ватанӣ ва содироти он ба дохилу хориҷи Тоҷикистон ба шумор меравад.

Муовини раиси вилоят масъулини шаҳру навоҳиро баҳри ислоҳи камбудиҳо дар самти ба шуғл фаро гирифтани аҳолӣ дастуру супоришҳои мушаххас дод.



Шарҳи хонандагон +

Матолиби дигар:

Давлатшоҳ гулмаҳмадзода: “дар рушди иқтисодиву иҷтимоии ватани азизамон саҳ ...

Давлатшоҳ гулмаҳмадзода: “дар рушди иқтисодиву иҷтимоии ватани азизамон саҳ ...

Ҳокимияти давлатӣ, АСАЛМО САФАРОВА
3125 ҷавон ба хизмати ҳарбӣ сафарбар шуд

3125 ҷавон ба хизмати ҳарбӣ сафарбар шуд

Хабарҳо, КОМРОНИ БАХТИЁР
Раиси вилоят: «Ба арзу дархости мардум таваҷҷуҳи бештар мебояд»

Раиси вилоят: «Ба арзу дархости мардум таваҷҷуҳи бештар мебояд»

Хабарҳо, Ҳаёти иҷтимоӣ, АСАЛМО САФАРОВА
Қарздорӣ аз музди меҳнат

Қарздорӣ аз музди меҳнат

Хабарҳо, Ҳокимияти давлатӣ, Ҳаёти иҷтимоӣ, АСАЛМО САФАРОВА
Омодагӣ ба зимистон хуб нест

Омодагӣ ба зимистон хуб нест

Ҳаёти иҷтимоӣ, Хабарҳо, Арсаи кишоварзӣ, АСАЛМО САФАРОВА