Дар як сатр
» » Сифати таълимро баланд бардорем

Сифати таълимро баланд бардорем

3-05-2018, 11:01

Дар толори Донишгоҳи давлатии шаҳри Бохтар ба номи Носири Хусрав ҷаласаи  навбатии Шӯрои рушди маорифи назди мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии вилояти Хатлон баргузор гардид.

 

Ҷаласаро муовини раиси вилояти Хатлон, раиси Шӯрои рушди маорифи назди мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии вилояти Хатлон Махфират Хидирзода ҳусни ифтитоҳ бахшида, иброз намуд, ки самаранокии сифати таълиму тарбияро  танҳо дар ҳолати сари вақт иҷро кардани нақшаҳои корӣ метавон дар муассисаҳои таълимӣ беҳтар гардонид.

Н. Азизов, директори Маркази дарёфт ва рушди истеъдодҳои Раёсати маорифи вилояти Хатлон, иттилоъ дод, ки хонандагон дар олимпиадаҳои ҷумҳуриявӣ ва байналмилалӣ дар соли 2018 бо дониши хуб тавонистанд соҳиби 10 медали тилло, 28 медали нуқра ва 23 медали биринҷӣ гарданд. «Боиси таассуф аст, ки маркази дарёфт ва рушди истеъдодҳои ноҳияи Ёвон дар вилояти Хатлон ягона марказест, ки бинобар надоштани бинои кории алоҳида дар он маҳфили фаннӣ фаъолият намебарад», - афзуд Н. Азизов.

Ҳамчунин, дар ҷаласа иттилоъ дода шуд, ки тӯли чор сол ягон нафар хонандагони муассисаҳои таълимии ноҳияҳои Панҷ, Балҷувон, Носири Хусрав ва Ҷайҳун дар олимпиадаҳо ҷойи намоёнро ишғол накардаанд. Бинобар ин, аз ҷониби раиси Шӯрои рушди маорифи назди мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии вилояти Хатлон барои дуруст кор накардани Маркази дарёфт ва рушди истеъдодҳо мудирони шуъбаҳои маорифи ноҳияҳои номбурда интиқод шуданд.

Диловаршоҳ Исоев, сардори Раёсати маорифи вилояти Хатлон, оид ба рафти иҷрои қарори раиси вилояти Хатлон «Дар бораи тасдиқи Нақша-чорабиниҳо оид ба татбиқи Барномаи рушди муассисаҳои таҳсилоти томактабӣ ва миёнаи умумии хусусӣ барои солҳои 2014-2020» муфассал маълумот дод. «Дар сурати татбиқ гардидани Барномаи мазкур то соли 2020 фарогирии кӯдакон ба таҳсилоти томактабӣ ба 30% мерасад. Рушди муассисаҳои хусусӣ имконият медиҳад, ки минбаъд шумораи хонандагон  дар муассисаҳои таълимии давлатӣ тибқи меъёрҳои муқарраргардида ба танзим дароварда шуда, норасоии ҷойи нишаст ва таҳсил дар се баст коҳиш ёбад», - афзуд Д. Исоев.

Ҳангоми таҳлили мавзӯъ Д. Исоев оид ба масъалаи баргардонидани бинои муассисаҳои таълимии томактабӣ гуфт, ки тибқи талаботи барномаҳо соҳаи томактабӣ дар сатҳи зарурӣ ба роҳ монда нашудааст. «Чунончи, дар 14 шаҳру ноҳияи вилояти Хатлон 18 кӯдакистон фурӯхта, 10 кӯдакистон ба мактабу гимназия табдил ёфта, 10 кӯдакистон ба дигар сохторҳо дода шудааст ва дар маҷмӯъ 38 муассисаи томактабӣ аз рӯйи таъиноташон фаъолият надоранд».

- Дар вилоят 6 муассисаи таҳсилоти олии касбӣ: дар шаҳру ноҳияҳои Бохтар, Кӯлоб, Данғара ва Кӯшониён, бо фарогирии наздик ба 33 ҳазор донишҷӯ, аз рӯи беш аз 110 ихтисоси ба бозори меҳнат рақобатпазир, аз ҷумла марбут ба илмҳои табиатшиносӣ ва риёзию техникӣ фаъолияти самарабахш доранд, - иттилоъ дод М. Шодиев, раиси Шӯрои ректорони муассисаҳои таҳсилоти олии касбии вилояти Хатлон. – Ҳамзамон дар ин муассисаҳои таълимии таҳсилоти олии касбӣ ба ҳолати 25 апрели соли 2018-ум 108 нафар доктарант, 172 нафар аспирант, 319 нафар таҳқиқотчиён, 1081 нафар магистрантҳо,  1536 нафар олимону устодон ва 1367 нафар донишҷӯён дар соҳаҳои мухталифи илм корҳои илмӣ-таҳқиқотӣ мебаранд. Аз ин шумора дар се моҳи аввали соли равон 11 нафар рисолаҳои докторӣ ва номзадии худро ҳимоя кардаанд.

- Мувофиқи ҳисоботи оморӣ, то 29 апрели соли 2018  дар Ҷумҳурии Тоҷикистон 94 ҳазору 796 довталаб ба қайд гирифта шудаанд, ки аз ин шумора 38 ҳазору 868 довталаби бақайдгирифташуда аз вилояти Хатлон мебошанд, - иброз дошт Раҳмоналӣ Халилов, сардори бахши ММТ назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон дар вилояти Хатлон - Новобаста аз маҳдудияти нақшаи қабул дар ихтисосҳои тиббӣ аз вилояти Хатлон 14 ҳазору 611 нафар довталабон гурӯҳи ихтисосҳои 5-умро интихоб намудаанд, ҳол он ки нақшаи ин кластер дар умум аз ҷумҳурӣ 16 ҳазору 294 нафар мебошад.

Гуфта мешавад, ки аз 12 то 20 июни соли равон азнавбақайдгирии иловагӣ ва аз 12 то 30-юми июн бошад, бақайдгирии иловагӣ дар шаҳри Душанбе гузаронида мешавад.

Инчунин, барои имтиҳонҳои марказонидаи дохилшавӣ – қисми А ва қисми Б (1-12-уми июн) дар марказҳои имтиҳонӣ гузаронида мешаванд. Бо ин мақсад дар ҳудуди вилоят 20 маркази имтиҳонӣ, 6 марказ дар шаҳри Бохтар, 5 марказ дар шаҳри Кӯлоб, 2 марказ дар ноҳияи Данғара, 2 марказ дар ноҳияи Шаҳритӯс, 2 марказ дар ноҳияи Восеъ, 2 марказ дар ноҳияи Ҷалолиддини Балхӣ ва 1 марказ дар ноҳияи Кӯшониён ташкил карда шудааст.

 Комрони БАХТИЁР,

«Хатлон»



Шарҳи хонандагон +

Матолиби дигар:

қариб 47%-и хатмкардаҳои муассисаҳои таълимии вилоят донишҷӯ шуданд

қариб 47%-и хатмкардаҳои муассисаҳои таълимии вилоят донишҷӯ шуданд

Маориф ва илм, НОСИРҶОН МАЪМУРЗОДА
Мактаби имрӯза ба донишандӯзӣ ва касбомӯзии насли ҷавон бояд аҳамияти асосӣ ...

Мактаби имрӯза ба донишандӯзӣ ва касбомӯзии насли ҷавон бояд аҳамияти асосӣ ...

Хабарҳо, Ҳокимияти давлатӣ, Маориф ва илм, АСАЛМО САФАРОВА
77,4% худро дар ММТ ба қайд гирифтанд

77,4% худро дар ММТ ба қайд гирифтанд

Хабарҳо, Маориф ва илм, НОСИРҶОН МАЪМУРЗОДА
С. Шерзода: «Омӯзгорони ҷавонро бояд дилгарм созем»

С. Шерзода: «Омӯзгорони ҷавонро бояд дилгарм созем»

Хабарҳо, Маориф ва илм
Ихтисоси 3 миллиард сомонӣ барои рушди маорифи кишвар

Ихтисоси 3 миллиард сомонӣ барои рушди маорифи кишвар

Хабарҳо, Маориф ва илм, ҲАНГОМА ПАҲЛАВОНОВА