Дар як сатр
» » Ҳунар аз ганҷу мероси падар беҳ

Ҳунар аз ганҷу мероси падар беҳ

9-05-2018, 11:54

Ҳунармандӣ василаест, ки тавассути он ҳар як одам ризқу рӯзӣ ба даст меорад. Ҳунармандон мумтозанду ҳамеша дари саодату тавфиқ ба рӯяшон боз.

Шиорашон низ дар зиндагӣ ин аст:

Ҳунар беҳу ҳунар беҳу ҳунар беҳ,

Ҳунар аз ганҷу мероси падар беҳ.

«Ҳунар чашмаи зоянда ва давлати поянда аст, - мегӯяд Саъдии бузургвор. - Агар ҳунарманд аз давлат биафтад, боке нест, зеро худи ҳунар давлат аст. Ҳунарманд ҳар ҷо равад, қадр бинад ва дар садр нишинад ва беҳунар ҳар ҷо равад, луқма чинад ва хорӣ бинад». Ҳунар аст, ки одамро ба баландтарин қуллаи мақсуд мерасонад. Ҳунарманд ҳар ҷо равад, хушбахту сарфароз аст ва беҳунар ҳамеша асири хориву ниёз аст. Ниёгони бомаърифату ҳунарманди мо аз давраҳои хеле қадим бо ҳунари волою хиради беҳамтояшон дар ҷаҳон машҳур буданд ва то ба имрӯз ҳам мардуми мо бо хиради беназиру ҳунари ҷаҳонгирашон ҷаҳониёнро дар ҳайрат мегузоранд.

Имрӯз дар бораи ҳунарманде нақл мекунем, ки бо ҳунари асилаш дар дилу дидаҳо ҷо гирифтааст. Ӯ бо ҳунари волояш дар миёни мардум мукаррам аст. Ҳамеша ба хизмати мардум омода аст. Мефахрад аз он ки аз ниёгони ҳунармандаш ин ҳунарро ба мерос гирифтаву имрӯз агарчи синнаш ба ҳаштод расида бошад ҳам, бо меҳнати дастони пурэъҷозаш луқмаи ҳалол ба даст меорад. Ин инсони соҳибҳунару соҳибхирад устои хонасоз амаки Сарадбек Устоқадамов мебошад, ки ҳамарӯза дар хизмати мардум асту аз он ки ниёзи мардумро сари вақт бароварда месозад, меболад ва хушбахтиро низ дар ин мебинад.

- Бале, ҳунармандон хушбахтанд, - мегӯяд амаки Сарадбек. - Зеро ба касе вобаста нестанд. Бо меҳнати ҳалол қути лоямут ба даст меоранд. Пеши касе сар хам намекунанд. Худ хушбахтанду ба дигарон ҳам хушбахтӣ ато менамоянд.

Аҷаб инсони олиҳиммат аст, амаки Сарадбек. Аз хушбахтии дигарон меболад. Аз як чӯби одӣ ин қадар ҷевонҳои зебо, мизу курсиҳо ва тирезаву дарҳо метарошад, ки касро дар ҳайрат мегузорад. Ҷевонҳо, мизу курсиҳо ва дару тирезаҳои тарошидаи ин устои чирадаст хонаҳои мардумро оро медиҳанд ва аз тамошои чунин зебоӣ кас ҳаловат мебарад. Зистан дар хонаҳое, ки аз дастони пурэъҷози амаки Сарадбек сохта шудаанд, роҳатбахшу гуворост.

- Аз як чӯби одӣ тарошидани ин қадар масолеҳи рӯзгор кори осон набуда, балки заҳмати чандрӯза ва ҳатто заҳмати чандҳафтаинаро металабад, - мегӯяд ин амаки ҳунарманд. - Тайёр намудани ҷевонҳои хушсохти замонавӣ, мизу курсиҳо ва дару тирезаҳо, ки мувофиқи табъи мизоҷон бошад, ҳақиқатан, аз ҳар усто қобилияти хуби кордонӣ ва сабру таҳаммулпазириро талаб менамояд.

Ва ин аст, ки ин ҳунарманди дар меҳнат обутобёфта аз уҳдаи ин кори басо мушкил бахубӣ мебарояд ва аз ҳамин рӯ, маҳбуби дилҳо гардидааст. Амаки Сарадбек дар оилаи ҳунарманд дида ба дунё боз намудааст ва мегӯяд, ки «агарчи солҳои зиёде дар мактаб ба ҳайси муаллими  фанни математика ба толибилмон дарс дода бошам ҳам, ягон бор аз ин ҳунари аз авлодонам ба меросмонда даст намекашидам. Пайваста ба сохтани асбобҳои рӯзгор машғул будам. Замони дар Бадахшон буданам зиёда аз 100 хона сохтаам». Ин марди зиндадилу бовиқор ният дорад,  ки дар ноҳияи Носири Хусрав низ барои яке аз фарзандонаш хонаи бадахшонӣ созад. «Аз меҳнат наҳаросидам, балки дар меҳнат обутоб ёфтам. Аз меҳнат шуҳрату шон ёфтам. Аз меҳнат обрӯ  ёфтам», - мегӯяд ин пири равшанзамиру зиндагидӯст. Бале, меҳнати поку ҳалол буд, ки амаки Сарадбекро ба қуллаи мурод расонд. Аз зиндагии хеш розӣ асту ҳар замон шукри Худовандро ба ҷо меорад, ки ба ӯ ақли расову хиради воло ва ҳунари беҳамто насиб гардондаву ба василаи ин се чизи нодир рӯзгори хешро пеш мебараду муҳтоҷи касу нокас нест. Бо вуҷуди ҳунарҳои зиёд доштанаш, амаки Сарадбек инсони бомаърифат ҳам аст. Пайваста ҷавононро ба роҳи рост ҳидоят менамояд. Ба ҷавонон таъкид мекунад, ки илму дониш аз худ кунанду ҳунар ёд гиранд, то хушбахтӣ насибашон гардад. Амаки Сарадбек оилаи солиму мустаҳкам ва намунавӣ дорад. Ҳамсари якумаш амаки Сарадбекро бо панҷ фарзанди маъсум дар нимароҳи зиндагӣ лолу ҳайрон монда, оламро падруд гуфт.

Агарчи тақдири бераҳм доғе бар ҷонаш гузошта бошад ҳам, ин инсони сабуру қавиирода ҳамаи мушкилиҳои зиндагиро паси сар намуд. Маҷбур буд, ки зани дигар гирад, то дар тарбияи фарзандони ятимаш ба ӯ кӯмак кунад. Зеро тарбияи панҷ кӯдаки бемодар барои амаки Сарадбек, ки дар мактаб омӯзгор буд, осон набуд.

Бо холаи Меҳрафрӯз, ки як инсони хеле наҷиб аст, хонадор шуд. Ин зани меҳрубону ҳалим панҷ кӯдаки ятимро модарвор тарбия кард, ба камол расонд, зеро медонист:    

Чун ятимеро касе гирён кунад,

Молик андар дӯзахаш бирён кунад.

Ин аст, ки худ соҳиби ҳафт фарзанд гардида, вале ин дастпарваронашро низ мисли фарзандонаш дӯст медорад. Онҳо ҳам ӯро аз дилу ҷон дӯст медоранд ва «Модар» гуфта ба ӯ муроҷиат менамоянд. Чун вориди хонадонашон мегардӣ, пай мебарӣ, ки ҳақиқатан хонаи обод бунёд намудаанду оилаи солим барпо ва аз ҳеҷ чиз камӣ надоранд. Баръакс, ҳамеша ба дармондагону бенавоён дасти ёрӣ дароз мекунанд, то баракати хонадонашон афзун гардад. Фарзандон ҳам аз падари ҳунармандашон ин ҳунари волоро ёд гирифтаанд ва агарчи соҳибмаълумот гардида бошанд ҳам, ин касби бобоиро идома дода истодаанд ва мекӯшанд, ки мисли падари ҳунармандашон соҳиби иззату эҳтиром гарданд. Фарзандонаш Мулкамон, Файзмаҳмад, Гулдаст, Ҷовиду Умед ин касби падариро аз худ намудаву чун падари инсонпарвару меҳнатдӯсташон дар миёни мардум шуҳрат пайдо намудаанд, зеро медонанд:

Мероси падар хоҳӣ, касби падар омӯз,

К-ин моли падар харҷ тавон кард ба ду рӯз.

12 фарзандро ин амаки рӯзгордида соҳиби маълумоту хонаву дар карда бошад ҳам, ҳанӯз ҳам мехоҳад, ки як луқмаи нонро на бо меҳнати фарзандон, балки бо меҳнати худ, аз баракати дастони пурэъҷозаш пайдо кунад.

«Чаро то ба ҳанӯз ҳам лаҳзае ором намешинед? Ҳамеша машғули коред. Аз баракати меҳнати фарзандон роҳат кунед, беҳтар нест?» - пурсидем аз амаки Сарадбек. Табассуми ширине намуду оромона посух гардонд: «Духтарҷонам, «меҳнат кунӣ, роҳат бинӣ», -гуфтаанд бузургон, ки ҳақ асту рост. Ман, ки аз меҳнат баракат ёфтаам, ҳаргиз намехоҳам, ки лаҳзае аз кор фориғ бошам. Мехоҳам ҳамеша дар ҳаракат бошам, зеро аз меҳнат кардан лаззати зиндагиро дарёфтаам. Ягон бор бемор нашудаам ва ба ҳама пайваста талқин менамоям, ки меҳнат кунанд, зеро он ҷисми инсонро солим нигоҳ медорад».

Ин пири кор ҳамеша зери лаб мисраъҳои Саъдии бузургворро замзама мекунад:

Ҳар кӣ нон аз амали хеш хӯрад,

Миннати Ҳотами Той набарад.

Чун донистем, ки барои ин марди меҳнатдӯст меҳнат кардан аз тамоми лаззатҳои дунёӣ авлотар будааст ва бекор нишастанро бад медидааст, бо ӯ хайрухуш кардем, баракат дар кору пайкораш орзу намудем. Амаки Сарадбек низ ҳангоми рафтани мо даст ба дуо кушод ва ба кулли мардуми Ватани махбубамон барори кор ва баракати рӯзгорро таманно намуд. Аз кору пайкор ва зиндагии ибратбахши ин марди ҳимматбаланд воқиф гардида, ҳаловат бурдем. Кош, сафи чунин мардони ҳунарманду хирадманд биафзояд, то Ватани мо ба фирдавси барин мубаддал гардад.

 

Ҳангомаи ИСМАТ,

С. АСАДБЕК



Шарҳи хонандагон +

Матолиби дигар:

Замин ҳам ном медиҳаду ҳам нон

Замин ҳам ном медиҳаду ҳам нон

Арсаи кишоварзӣ, НИЗОМИДДИН ИСОЕВ
Ном чу ҷовид шуд, мурданаш осон куҷост

Ном чу ҷовид шуд, мурданаш осон куҷост

ҲУНАРҲОИ МАРДУМӢ
М. Сафаров: “Мекӯшем, ки ягон ваҷаб замин холӣ намонад”

М. Сафаров: “Мекӯшем, ки ягон ваҷаб замин холӣ намонад”

Хабарҳо, Арсаи кишоварзӣ
Дар партави Паём ва соли 2017 - «Соли ҷавонон»: «Ояндаи мамлакат аз фаъолия ...

Дар партави Паём ва соли 2017 - «Соли ҷавонон»: «Ояндаи мамлакат аз фаъолия ...

Хабарҳо, Маориф ва илм, Номаҳои Шумо
Омӯзгори соҳибиззат

Омӯзгори соҳибиззат

Маориф ва илм