Дар як сатр
» » Иштироки ҳайате аз Хатлон дар фестивали «Баҳори Бойсун»-и Ӯзбекистон

Иштироки ҳайате аз Хатлон дар фестивали «Баҳори Бойсун»-и Ӯзбекистон

3-05-2018, 13:12

28-уми апрели соли равон гурӯҳи корӣ аз мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии вилояти Хатлон таҳти раёсати муовини раиси вилоят Хидирзода Махфират Умар барои  иштирок дар фестивали байналхалқии «Баҳори Бойсун» ба вилояти Сурхон-дарёи Ҷумҳурии Ӯзбекистон сафар намуд.

Дар чорабинии мазкур, ки ҳамасола таҳти унвони «Баҳори Бойсун» бо шукӯҳу шаҳомат таҷлил мегардад, ҳунармандон бо барномаҳои фолклорӣ-этнографӣ баромад намуданд.

Қабл аз оғози барномаи консертӣ дар ин фестивал намоиши намунаҳои ҳунарҳои мардумӣ ташкил гардид. Дар юртаҳо (хаймаҳо) намояндаҳои маҳаллаҳои ноҳия ва вилоят маҳсули дастони худро пешниҳоди иштирокдорон гардониданд. Дар ин чорабинии байналхалқӣ сайёҳони дигар кишварҳо низ барои огаҳӣ пайдо намудан аз фарҳангу маданияти сокинони ин кишвар ба Ӯзбекистон рафта буданд. Дар канори дигари майдони намоишгоҳ чорабинии варзишӣ аз рӯйи намуди гуштини миллӣ баргузор карда шуд, ки дар он ҷо варзишгарон аз кишварҳои ҳамсоя ҷамъ омада, миёни ҳам рақобат карданд. Бояд гуфт, ки дар ин чорабинии варзишӣ паҳлавонон аз вилояти Хатлон низ ширкат варзида, соҳиби туҳфаҳо гардиданд.

Дар раванди чорабинии фарҳангӣ навои лабчанг, думбра, най ва дигар асбобҳои мусиқии миллатҳои гуногун садо медоданд, ки бисёр шуниданӣ буд. «Баҳори Бойсун» на натанҳо чорабинии фарҳангӣ, балки таърихӣ ҳам маҳсуб меёбад. Дар ин фестивал гурӯҳҳои фолклории ҳофизони шинохта аз Тошканд ва дигар минтақаҳои Ҷумҳурии Ӯзбекистон баромад намуданд.

Дар ин баробар ҳунармандони ансамбли «Падида» ва сарояндаи шинохтаи кишварамон Шабнами Сурайё бо сурудҳои дилнишини худ дар Бойсун баромад намуда, табъи иштирокдоронро болида гардониданд. Воқеан, вақте ки ҳунарнамоии як ҳамватани худро дар дигар кишвар мебинӣ, ҳисси ифтихор дар вуҷуд пайдо мешавад. Аз суруду рақсҳои ҳунармандони  тоҷик ҳамагон бо кафкӯбиҳо истиқбол менамуданд.

Субҳи рӯзи дуюм гурӯҳи кории мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии вилояти Хатлон аз мавзеъҳои таърихию фарҳангии шаҳри Термиз дидан карданд. Нақшу нигори биноҳо аз таъриху маданияти волои Ҷумҳурии Ӯзбекистон дарак медод. Нафароне, ки аз ин гуна мавзеъҳои бостонӣ дидан мекунанд, бешубҳа, аз таърихи ин кишвар огоҳӣ пайдо хоҳанд кард.

Гурӯҳи корӣ  ҳамзамон аз фаъолияти корхонаи истеҳсоли маҳсулоти кишоварзии «Голд фуд экспорт» дидан намуданд. Дар рафти суҳбат бо масъулин қайд гардид, ки корхонаи мазкур бо истифода аз маблағҳои инвеститсионӣ таъсис дода шуда, дар майдони 5 гектар парвариши қулфинайи кучатӣ, қаланфуру помидор ва дигар сабзавотро ба роҳ мондаанд. Гуфта шуд, ки маҳсулоти корхонаи мазкур ба хориҷи кишвар низ содирот мегардад. Ба ғайр аз ин, мушоҳида гардид, ки корхона қитъаҳои замин барои кишту кори дигар намуд маҳсулот низ дорад. Майдони киштбоби ин корхона ҳамагӣ 12 гектарро ташкил медиҳад. Аз рӯйи маълумоти роҳбарияти корхонаи мазкур, парвариши маҳсулот бо усулҳои пешрафтаи ҷаҳонӣ ба роҳ монда шуда, дар назди корхона базаи техникӣ иборат аз автомашинаҳои яхдондор мавҷуд мебошад.

Танҳо дар соли 2016 ба қадри як миллион доллар ва соли 2017 ба маблағи 17 миллион доллари ИМА ба шарикони хориҷӣ маҳсулот расонида шудааст. Гуфта шуд, ки имсол дар назар аст, ин рақам ба 25 миллион доллар расонида шавад. Барои таъсиси корхона 70 миллион доллари ИМА истифода шудааст, ки айни ҳол даромадҳо танҳо барои рушди ояндаи корхона истифода мешаванд.

Огаҳ шудан аз таҷрибаҳои байниҳамдигарӣ, зиёрати мавзеъ-ҳои таърихӣ, баргузор гардидани чорабиниҳои муштараки фарҳангӣ, роҳандозии ҳамкориҳои тиҷоратию иқтисодӣ боиси таҳкими дӯстию рафоқат ва пешрафти иқтисодиёти ҳар ду мамлакат хоҳад шуд.

Искандар ДАВЛАТОВ,

махсус барои рӯзномаи

«Хатлон»



Шарҳи хонандагон +

Матолиби дигар:

Ҳамкории соҳибкорони Хатлону Сурхондарё

Ҳамкории соҳибкорони Хатлону Сурхондарё

Ҳокимияти давлатӣ, АСАЛМО САФАРОВА
Чорабинӣ хотирмон гузашт

Чорабинӣ хотирмон гузашт

ҲУНАРҲОИ МАРДУМӢ, ИСМАТУЛЛО ҲАСАНОВ
Намоиши дастовардҳои Хатлон дар Ӯзбекистон

Намоиши дастовардҳои Хатлон дар Ӯзбекистон

Хабарҳо, Фарҳанг ва адабиёт, ФАРОМӮЗ БОБОЕВ
Дар Қубодиён бузургтарин корхонаи сементи Тоҷикистон бунёд хоҳад шуд

Дар Қубодиён бузургтарин корхонаи сементи Тоҷикистон бунёд хоҳад шуд

Хабарҳо, Иқтисоду тиҷорат, НОСИРҶОН МАЪМУРЗОДА
Боздиди донишҷўён аз манзараҳои дилнишини Нораку Данғара (аксу видео)

Боздиди донишҷўён аз манзараҳои дилнишини Нораку Данғара (аксу видео)

Хабарҳо, Ҷавонон ва варзиш, Матолиби чандрасонаӣ, КОМРОНИ БАХТИЁР