Дар як сатр
» » Механизми ироаи кумаки унвонии иҷтимоӣ

Механизми ироаи кумаки унвонии иҷтимоӣ

5-05-2018, 07:08

Дар ноҳияи Қубодиён доир ба омодагӣ ҷиҳати саривақт ҷорӣ намудани механизми таъин ва пардохти кумакпулии иҷтимоии унвонӣ ба оилаҳо ва шаҳрвандони камбизоат семинар-машварати гурӯҳи кории Вазорати тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолӣ баргузор шуд.

Дар ҳамоиши мазкур қайд гардид, ки кумаки унвонии иҷтимоӣ ҳамчун шакли нави расонидани кумакпулии иҷтимоӣ бо қарори мақоми ваколатдори давлатӣ ба оилаҳо ва шаҳрвандони камбизоат, ки дар ҳолати душвори зиндагӣ қарор доранд ва имкони мустақилона аз ин ҳолат баромаданро надоранд, таъин ва пардохт карда мешавад. Айни замон дар ноҳияи Қубодиён 3757 нафар ҳамчун камбизоат ба қайд гирифта шудааст. Механизми нави кумаки унвонии иҷтимоӣ дар ноҳия аз нимаи дувуми соли равон татбиқ хоҳад гашт.




Шарҳи хонандагон +

Матолиби дигар:

Дар роҳи иҷрои ваколатҳо

Дар роҳи иҷрои ваколатҳо

Хабарҳо, Ҳаёти иҷтимоӣ, Номаҳои Шумо
Музди миёнаи моҳона дар Қӯрғонтеппа аз 1000 сомонӣ афзун гардид

Музди миёнаи моҳона дар Қӯрғонтеппа аз 1000 сомонӣ афзун гардид

Хабарҳо, Ҳокимияти давлатӣ, Иқтисоду тиҷорат, НОСИРҶОН МАЪМУРЗОДА
Кӯмаки идона ба муҳтоҷон

Кӯмаки идона ба муҳтоҷон

Ҳаёти иҷтимоӣ, Хабарҳо, ҲАНГОМА ПАҲЛАВОНОВА
Нигаронӣ аз

Нигаронӣ аз "нофаҳмиҳо" дар тартиб додани рӯйхати оилаҳои эҳтиёҷманд

Ҳаёти иҷтимоӣ, Хабарҳо, НОСИРҶОН МАЪМУРЗОДА
Кумак ба оилаҳои ниёзманд ва ятимону маъюбон

Кумак ба оилаҳои ниёзманд ва ятимону маъюбон

Хабарҳо, Тандурустӣ ва экология