Дар як сатр
» » Имтиёзҳои «Роҳи оҳани Тоҷикистон» ба соҳибкорон

Имтиёзҳои «Роҳи оҳани Тоҷикистон» ба соҳибкорон

3-05-2018, 07:03

Бо ифтитоҳи роҳи оҳани Бохтар-Термиз ва бо мақсади дастгирию ҳавасмандсозии кишоварзону тоҷирони вилояти Хатлон КВД «Роҳи оҳани Тоҷикистон» барои фиристодани маҳсулоти кишоварзӣ ба истгоҳҳои роҳи оҳани кишварҳои узви ИДМ ва Балтика дар вагонҳои яхдондор як қатор сабукӣ муқаррар кардааст.

Аз ҷумла, дар вагонҳои яхдондор аз истгоҳи фирис-танда то истгоҳи таъиноти Тоҷикистон 50%, Туркманис-тон ва Ӯзбекистон 40%, Россия 50% арзон гардид.  Роҳи оҳани Қазоқистон низ барои борҳои ба Федератсияи Россия ва Ҷумҳурии Белорус содиршаванда дар вагонҳои болопӯш 50% сабукӣ муқаррар намудааст. Ғайр аз ин, дар ҳудуди Тоҷикистон дар қитъаи Кӯлоб-Амузанг барои кашонидани маҳсулоти нафтӣ 40% ва барои дигар борҳо 30%, дар қитъаи Ёвон-Амузанг барои кашонидани семент дар вагонҳои болопӯш 40% ва нимвагон 50% сабукӣ пешниҳод шудааст. Тоҷирону кишоварзон метавонанд барои рушд бахшидан ба соҳибкорӣ ва баланд бардоштани иқтисодиёти хоҷагиҳои худ аз ин имтиёзҳо истифода баранд.



Шарҳи хонандагон +

Матолиби дигар:

Шиносоии Сарвазир аз рафти корҳои сохтмони қитъаи Ваҳдат-Ёвони роҳи оҳани Д ...

Шиносоии Сарвазир аз рафти корҳои сохтмони қитъаи Ваҳдат-Ёвони роҳи оҳани Д ...

Иқтисоду тиҷорат, Хабарҳо, НОСИРҶОН МАЪМУРЗОДА
Нигаронии А. Иброҳим аз ҳолати иҷрои корҳо дар қитъаи роҳи оҳани Ваҳдат-Ёво ...

Нигаронии А. Иброҳим аз ҳолати иҷрои корҳо дар қитъаи роҳи оҳани Ваҳдат-Ёво ...

Иқтисоду тиҷорат, Хабарҳо, НОСИРҶОН МАЪМУРЗОДА
Нашри нахустин китоб ба забони тоҷикӣ дар таърихи роҳи оҳани Тоҷикистон

Нашри нахустин китоб ба забони тоҷикӣ дар таърихи роҳи оҳани Тоҷикистон

Фарҳанг ва адабиёт, Хабарҳо, ҲАНГОМА ПАҲЛАВОНОВА
Эроди Сарвазир аз ҷараёни сусти сохтмони роҳи оҳан

Эроди Сарвазир аз ҷараёни сусти сохтмони роҳи оҳан

Иқтисоду тиҷорат, Хабарҳо, НОСИРҶОН МАЪМУРЗОДА
Соли 2016 қитъаи роҳи оҳани Ваҳдат-Ёвон сохта мешавад

Соли 2016 қитъаи роҳи оҳани Ваҳдат-Ёвон сохта мешавад

Иқтисоду тиҷорат, Хабарҳо, НОСИРҶОН МАЪМУРЗОДА