Дар як сатр
» » Беш аз 14 миллион сомонӣ барои cохтмони муассисаҳои тиббӣ

Беш аз 14 миллион сомонӣ барои cохтмони муассисаҳои тиббӣ

4-05-2018, 14:39

Соҳаи  тандурустии кишвар дар баробари дигар соҳаҳо рӯ ба пешравӣ ниҳода, назар ба даврони пешин эҳтиёҷоти мардум ба хизматрасониҳои тиббии дигар давлатҳои ҳамсоя камтар гардидааст.

Ҳамин аст, ки марҳила ба марҳила шароити кору хизматрасонии тиббӣ дар ҷумҳурӣ беҳтар мегардад. Яке аз ҳадафҳои наҷибонаи роҳбарияти олии кишвар низ оид ба беҳтарсозии шароити кории муассисаҳои тиббӣ, хусусан самти кумаки аввалия равона гардида, ҳамасола даҳҳо маркази саломатӣ таъмиру азнавозӣ мегарданд. Айни замон корҳои сохтмонӣ дар ноҳияҳои Фархору Данғара, Ёвон ва Ҷ. Балхӣ идома дошта, дар ноҳияи Ҷалолиддини Балхӣ иловатан сохтмони асосии 2 муассисаи тиббии нав оғоз гардид. Тибқи маълумоти ҳамоҳангсози Лоиҳа оид ба корҳои сохтмонӣ Озар Зарифов, дар маҷмӯъ барои сокинони ин ноҳия дар худи ҳамин сол маркази саломатии деҳотӣ бо тарҳи нави меъморӣ бунёд гардида, мавриди баҳрабардории мардум қарор дода мешавад.    

Барои бо сифати хуб анҷом додани корҳои сохтмонӣ аз ҳисоби маблағҳои  Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Бонки умумиҷаҳонӣ дар маҷмӯъ барои 14 муассисаи тиббӣ 14 миллиону 297 ҳазор сомонӣ ҷудо гардида, 8 бинои маркази саломатии тозабунёд дар арафаи анҷомёбӣ қарор доранд. Роҳандозӣ намудани чунин корҳои ободониву созандагӣ аз як тараф дар беҳ гардидани сатҳу сифати хизматрасонии тиббӣ мусоидат намояд аз ҷониби дигар барои нафарони зиёди бешуғл ҷойҳои нави кориро фароҳам овардааст. Раҳмон Давлатов аз зумраи он нафароне мебошад, ки баробари оғоз гардидани корҳои сохтмонии Маркази саломатии Ҷамоати деҳоти Фрунзе соҳиби ҷойи кори муносиб гашта, имрӯз на танҳо ба хотири гирифтани подоши меҳнат, балки барои ободу зебо намудани як гӯшаи ватани маҳбуби хеш ҳиссагузорӣ мекунад. Ба гуфти ӯ ягона мушкилоте, ки алҳол сокинони ҷамоати номбурдаро ба ташвиш овардааст, ин набудани шароити мусоид вобаста ба расонидани кумаки аввалияи тиббию санитарӣ ба эҳтиёҷмандон мебошад. Зеро то ин ҷониб, аз сабаби дар масофаи 2-3 километр дур қарор доштани муассисаи тиббӣ аҳолӣ сарсону саргардон мешуд, бо душвориҳои зиёд барои ташхису табобат ба дигар марказҳои саломатии ҳамсоя мерафт.

Ба замми ин дар доираи Лоиҳаи беҳтаркунии хизматрасонии тиббӣ ҳамаи марказҳои саломатии навсохта ба 85 номгӯ дастгоҳу таҷҳизоти муосири тиббӣ, мизу курсӣ, рахтҳои хоби мулоим, ҷевону яхдон, нақлиёти ёрии таъҷилӣ, генератор ва 6 адад МСД бо сарчашмаи алтернативии истеҳсоли неруи барқ (панелҳои офтобӣ) таъмин карда мешаванд. Чуноне, ки сардухтури беморхонаи рақами 1-и Ҷамоати деҳоти Фрунзе  иброз намуд, ҳамасола маҳз аз ҳамин деҳкадаҳо ҷавонони зиёде донишкадаҳои тиббии ҷумҳуриро хатм мекунанд, аммо аз сабаби норасоии ҳуҷраҳои корию дастгоҳҳои лозима мо наметавонем мутахассисони ҷавонро дар чунин шароит ба кор дилгарм созем. Шукронаи тинҷию соҳибистиқлолии кишвар аст, ки имрӯз бо дастгирии  Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон, Вазорати тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон,  Бонки умумиҷаҳонӣ акнун дар ҳудуди ҷамоати мо сохтмони 1 адад маркази саломатии деҳотӣ ва дар Ҷамоати деҳоти Калинин низ 1 бинои нави дигар барои табибону ҳамшираҳои шафқат сохта ба истифода дода мешавад. Итминон дорем, ки ояндаи наздик ҳам мушкилоти норасоии мутахассисони тиббӣ аз миён бардошта мешавад ва шароити кору хизматрасонӣ боз ҳам беҳтар хоҳад гашт. 

Гуфтан мумкин аст, ки корҳои сохт-мониро мутахассисони маҳаллӣ бо як ҳунару маҳорати хуби касбӣ анҷом дода, бештар аз молу маҳсулоти истеҳсоли ватанӣ истифода мебаранд. Ин имкон медиҳад, ки ҳам корҳои сохтмонӣ бо сатҳу сифати баланд анҷом ёбад ва ҳам ба буҷа маблағҳои зиёд ворид карда шавад. 


Шарҳи хонандагон +

Матолиби дигар:

77 ҳазор сомонӣ барои ҳавасмандгардонии табибон

77 ҳазор сомонӣ барои ҳавасмандгардонии табибон

Тандурустӣ ва экология
С. Маллазода: “саҳми соҳибкорон дар бунёди бунгоҳҳои тиббӣ намоён аст”

С. Маллазода: “саҳми соҳибкорон дар бунёди бунгоҳҳои тиббӣ намоён аст”

Тандурустӣ ва экология
Азнавсозии 19 муассисаи тиббӣ дар Хатлон

Азнавсозии 19 муассисаи тиббӣ дар Хатлон

Тандурустӣ ва экология
Сифати кори табибонро мардум баҳо медиҳад

Сифати кори табибонро мардум баҳо медиҳад

Хабарҳо, Тандурустӣ ва экология, Номаҳои Шумо
Тибби оилавӣ рушд меёбад

Тибби оилавӣ рушд меёбад

Тандурустӣ ва экология