Дар як сатр
» » Ташрифи сафирони кишварҳои хориҷӣ ба Хатлон

Ташрифи сафирони кишварҳои хориҷӣ ба Хатлон

27-01-2015, 07:15

Ташрифи сафирони кишварҳои хориҷӣ ба Хатлон


Раиси вилояти Хатлон Давлатшоҳ Гулмаҳмадзода дар шаҳри Қӯрғонтеппа раиси клуби сафирони Душанбе, сафири Ҷумҳурии Белорус дар Тоҷикистон Олга Гаврук, ҳамчунин сафири Украина, намояндагони сафоратҳои Россия ва Покистонро ба ҳузур пазируфт.

Ба иттилои Баҳром Миров, мутахассиси шуъбаи иттилоотию таҳлилии дастгоҳи раиси вилоят, мақсади вохӯрӣ шиносоӣ, баррасии роҳандозӣ ва таҳкими ҳамкориҳо ва расонидани кӯмак ба мактаб-интернатҳои вилоят буд. Ҷонибҳо аз шиносоӣ изҳори қаноатмандӣ намуда, ба мувофиқа расиданд, ки ҷиҳати ташкили ҳамкориҳои судманд байни минтақаҳои кишварҳои худ чораҷӯӣ менамоянд. Ҳамчунин ҷонибҳо оид ба иҷрои созишномаҳои бо минтақаҳо басташуда ва мусоидат ба бастани шартномаҳои нав байни вилояти Хатлон ва шаҳру ноҳияҳои он бо мақомоти маҳаллии кишвари меҳмонон табодули назар карданд.

Зимни мулоқот зикр шуд, ки Клуби сафирони Душанбе омода аст таъмини яке аз интернатҳои вилоятро бо мебелу рахти хоб ё таъмири бинои онро ба зимма бигирад.

Пешбинӣ намудани квота барои дохил шудан ба муассисаҳои олии минтақаҳои Белорус, Украина ва Россия барои хатмкунандагони мактабҳои вилоят низ аз мавзӯъҳои меҳварии гуфтугӯи раиси вилоят бо намояндагони сафоратҳо буд. Ҷонибҳо масъалаи барқарор намудани таҷрибаи солҳои пешин, яъне фиристодани муаллимони ҷавон ба муҳлати то ду сол барои кор ба мактабҳои вилоятро саривақтӣ шумориданд.


Шарҳи хонандагон +

Матолиби дигар:

Мулоқоти раиси вилоят бо ҳайате аз соҳибкорони Россия

Мулоқоти раиси вилоят бо ҳайате аз соҳибкорони Россия

Иқтисоду тиҷорат, Хабарҳо, Арсаи кишоварзӣ
Намояндаи БОР: Ба таҳкими ҳамкорӣ бо Хатлон алоқамандем

Намояндаи БОР: Ба таҳкими ҳамкорӣ бо Хатлон алоқамандем

Иқтисоду тиҷорат, Хабарҳо
Кевин Аллен ба Хатлон омад

Кевин Аллен ба Хатлон омад

Сиёсат, Хабарҳо, НОСИРҶОН МАЪМУРЗОДА
Раиси вилоят ва доираҳои соҳибкории Хатлонро ба Ҳамадон даъват карданд

Раиси вилоят ва доираҳои соҳибкории Хатлонро ба Ҳамадон даъват карданд

Фарҳанг ва адабиёт, Хабарҳо, Маориф ва илм, ҲАНГОМА ПАҲЛАВОНОВА
Мулоқоти Раҷабалӣ Раҷабов бо Такуми Тогашӣ

Мулоқоти Раҷабалӣ Раҷабов бо Такуми Тогашӣ

Хабарҳо