Дар як сатр
» » Омили дастовардҳои нав

Омили дастовардҳои нав

1-05-2018, 09:14

 дар партави паём

Паёмҳои ҳамасолаи Пешвои миллат барномаи фаъолият барои ҷомеа дар як соли минбаъда ба ҳисоб рафта, онҳо аз якдигар бо таҷлилу масъалагузориҳои худ фарқ мекунанд. Дар Паёми навбатӣ Пешвои миллат дар бораи раванди бартариҷӯйӣ, мусаллаҳшавии бошитоб, пайдоиши марҳилаи нави «ҷанги сард» изҳори нигаронӣ карда, иброз намуд, ки дар ин давра зиёда аз сад давлати дунё мавриди ҳамлаҳои ғайриинсонии террористон ва ифротгароён қарор гирифтааст. Ҳамзамон, идомаи минбаъдаи ин ҳолат метавонад боиси амиқ гардидани таҳдиду хатарҳои сиёсиву иқтисодӣ, амниятӣ ва башариву фарҳангӣ дар минтақаи гуногуни олам шавад.

Вобаста ба ин, Пешвои миллат қайд намуданд, ки Ҷумҳурии Тоҷикистон  бо мақсади вокуниши саривақтӣ ба таҳдиду хатарҳои ҷаҳонӣ дар раванди ташаккули иқтидори муносиби дохилӣ ва хориҷӣ тадбирҳои муасир андешида, ҷонибдори низоми ҷаҳони одилона, бидуни ҷангу низоъ, ҳамкориву шарикии баробар бо ҳамаи кишварҳои олам бо роҳи созишу муколамаи созанда дар асоси Ойино-маи Созмони Милали Муттаҳид мебошад. Бо ин мақсад Сарвари давлат зикр намуд, ки моҳи майи соли 2018 бо шарикони рушд дар Душанбе баргузории Конфронси байналмилалии сатҳи баланд дар мавзӯи муборизаи  муштарак бо терроризму ифротгароӣ ва тундгароии хушунатомез ба нақша гирифта шудааст. Яъне муносибатҳои дипломатӣ ҳаргиз наметавонад  бо муносибати дурушту нишон додани қувва оромиро дар арсаи байналмилалӣ таъмин намояд.

Инчунин дар Паём масъалаҳои рушди иҷтимоии ҷомеа дар маркази таваҷҷуҳ қарор гирифтааст. Дар ин асос сиёсати давлатӣ дар соҳаҳои ҷавонон, маориф, сайёҳӣ, ҳифзи иҷтимоӣ, тандурустӣ ва ғайра бори дигар мавриди таваҷҷуҳ қарор гирифта, дурнамои ин соҳаҳо мушаххас карда шуданд.

Самти дигаре, ки дар Паём баён гардид,  ин масъалаи Тоҷикистон дар арсаи байналмилалӣ яке аз кишварҳои татбиқкунандаи «иқтисодиёти сабз» маҳсуб ёфта, аз лиҳози истифодаи манбаъҳои таҷдидшавандаи энергия дар қатори шаш мамлакати пешсафи сайёра қарор дорад. Зеро 98 фоизи барқ тавассути неругоҳҳои барқи обӣ истеҳсол мешавад ва бо назардошти ин ҳолат аввалин маротиба дар замони соҳибистиқлолӣ дар давраи тирамоҳу зимис-тон аҳолии кишвар ва соҳаҳои иҷтимоиву иқтисодӣ бо неруи барқ бе маҳдудият таъмин карда шудаанд. Лозим ба ёдоварист, ки дар баробари ин Пешвои миллат даъват ба амал оварданд, ки истеъмолкунандагон ва тамоми сокинони кишвар барои кам кардани талафоти неруи барқ ва истифодаи сарфакоронаи он, аз ҷумла тавассути истифодаи васеи технологияи каммасраф кӯшиш ба харҷ диҳанд.

  Гузашта аз ин, бо пешниҳоди Сарвари давлат соли 2018 Соли рушди сайёҳӣ ва ҳунарҳои мардумӣ эълон карда,  ниҳодҳои марбутаи давлатӣ дар партави ин пешниҳоди Пешвои миллат вазифадор карда шуданд, ки нақша - чорабиниҳои васеъро дар самти рушди сиёсати давлатӣ нисбат ба рушди сайёҳӣ ва ҳунарҳои мардумӣ тартиб дода, татбиқ намоянд. Мақсади ин иқдоми нек баланд бардоштани сатҳи зиндагии мардум, рушди дигар соҳаҳои хизматрасониву истеҳсолӣ, инчунин муаррификунандаи таъриху фарҳанг ва анъанаҳои миллӣ ба ҳисоб меравад.  

 Пешвои миллат вобаста ба чорабиниҳо бахшида ба 30 - солагии Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон ибрози андеша намуда, дар назди роҳбарони вилоят ва шаҳру ноҳия вазифагузорӣ намуданд, ки ҳамаи имкониятҳоро ба оммавигардонии варзиш, ташвиқи тарзи ҳаёти солим ва рушди варзиш сафарбар созанд. Ҳамчунин, зарур шуморида шуд, ки дар маркази вилоят, шаҳру ноҳияҳо, шаҳраку деҳот, маҳаллаҳои аҳолинишин якҷоя бо соҳибкорону тоҷирон ва дигар шахсони саховатпеша бунёди боғу гулгаштҳо ва дигар корҳои ободонӣ идома дода шавад.

Барои расидан ба ҳадафҳои олии кишвар Пешвои миллат ба рушди омили инсонӣ махсус таъкид намуда, онро дар маркази таваҷҷуҳ қарор доданд. Зеро рушди ҳамаи соҳаҳои иҷтимоӣ ва иқтисодии кишвар, дар ниҳоят таъмини зиндагии сазовор барои шаҳрвандонро дар назар доранд. Аз ҷумла, рушди соҳаи маориф, тандурустӣ, фарҳанг, соҳибкорӣ ва сайёҳӣ, ки бевосита беҳбуд ёфтани вазъи моддӣ ва сифати зиндагии аҳолиро таъмин мекунанд.

Татбиқи саривақтии нуктаҳои Паёми Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон аз ҷониби ҳамаи ниҳодҳои давлатӣ, махсусан аз ҷониби мо-судяҳо ва кормандони дастгоҳи судҳо баҳри баланд бардоштани волоияти қонун, сатҳи қонуният, дар амал татбиқ намудани меъёрҳои Конститутсия ва қонунҳои кишвар омили асосии рушди бемайлони давлату ҷомеаи мо маҳсуб ёфта, барои ноил шудан ба дастовардҳо мусоидат менамояд.

           Ҷалилзода Х.Р. ,

муовини Раиси Суди иқтисодии вилоят


Шарҳи хонандагон +

Матолиби дигар:

Семинар: «дастрасӣ ба иттилооти судӣ»

Хабарҳо, Ҳуқуқу амният
Роҳнамо ба сӯйи фардо

Роҳнамо ба сӯйи фардо

Номаҳои Шумо
Ҷомӣ. Ҷавонон касбу ҳунар меомӯзанд

Ҷомӣ. Ҷавонон касбу ҳунар меомӯзанд

ҲУНАРҲОИ МАРДУМӢ, Ҷавонон ва варзиш, НИЗОМИДДИН ИСОЕВ
Тасдиқи рамзи «соли рушди  Сайёҳӣ ва ҳунарҳои мардумӣ»

Тасдиқи рамзи «соли рушди Сайёҳӣ ва ҳунарҳои мардумӣ»

ҲУНАРҲОИ МАРДУМӢ, Ҳаёти иҷтимоӣ
ИҚДОМИ ПЕШВОИ МИЛЛАТ ДАСТГИРӢ МЕЁБАД

ИҚДОМИ ПЕШВОИ МИЛЛАТ ДАСТГИРӢ МЕЁБАД

Хабарҳо, Туризм