Дар як сатр
» » Ихтисоси 3 миллиард сомонӣ барои рушди маорифи кишвар

Ихтисоси 3 миллиард сомонӣ барои рушди маорифи кишвар

26-01-2015, 07:03

Ихтисоси 3 миллиард сомонӣ барои рушди маорифи кишвар

Соли 2015 ҷиҳати пешрафти соҳаи маориф ҷудо намудани се миллиард сомонӣ пешбинӣ шудааст.

Президенти Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон бо ироаи ин хабар дар Паёми имсолаи худ ба Маҷлиси Олӣ ҳамчунин зикр кард, ки бо мақсади инкишофи зинаи аввали таҳсилот Ҳукумати мамлакат «Барномаи рушди муассисаҳои таҳсилоти томактабӣ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон барои солҳои 2014-2019»-ро қабул намудааст. «Соли гузашта шумораи кӯдакистонҳо дар кишвар аз 508 ба 527 расида, шумораи кӯдаконе, ки дар ин муассисаҳо ба таълиму тарбия фаро гирифта шудаанд, қариб 80 500 нафарро ташкил дод, ки нисбат ба соли 2013 беш аз 4000 нафар зиёд мебошад. Ё худ дар кишвар соли 2012-ум 711 маркази инкишофи кӯдакон амал мекард ва соли 2014 шумораи онҳо ба 1061 расида, 26 000 нафар кӯдаконро фаро гирифтаанд», - омадааст дар Паём.

Ба қавли Роҳбари давлат, ҳоло дар мамлакат 12 кӯдакистони махсусгардонидашуда бо фарогирии қариб сеюним ҳазор кӯдак ва 34 кӯдакистони хусусӣ барои дуюним ҳазор нафар кӯдакон амал мекунад. Яъне имрӯз барои қариб 115 ҳазор кӯдак шароити муосири таълиму тарбияи томактабӣ фароҳам оварда шудааст.

Эмомалӣ Раҳмон Вазорати маориф ва илм, мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии вилоятҳо ва шаҳру ноҳияҳоро вазифадор кард, ки бо ҷалби имкониятҳои ташкилоту созмонҳои ғайриҳукуматӣ, бахши хусусӣ ва шахсони эҳсонкор доир ба таъсиси шаклҳои алтернативии муассисаҳои томактабӣ, таъмиру таҷдид ва таҷҳизонидани онҳо тадбирҳои муассир андешанд.


Шарҳи хонандагон +

Матолиби дигар:

Оғози фаъолияти боғчаи кӯдаконаи «Ситора» дар ноҳияи Ёвони вилояти Хатлон

Оғози фаъолияти боғчаи кӯдаконаи «Ситора» дар ноҳияи Ёвони вилояти Хатлон

Хабарҳо, Маориф ва илм
Саҳми соҳибкорон дар рушди муассисаҳои томактабӣ

Саҳми соҳибкорон дар рушди муассисаҳои томактабӣ

Хабарҳо, Маориф ва илм, НОСИРҶОН МАЪМУРЗОДА
Таъсиси на кам аз 200 ҳазор ҷойи нави кор дар Тоҷикистон

Таъсиси на кам аз 200 ҳазор ҷойи нави кор дар Тоҷикистон

Хабарҳо, АМОН МАҲКАМОВ
Сатҳи камбизоатӣ коҳиш ёфтааст

Сатҳи камбизоатӣ коҳиш ёфтааст

Ҳаёти иҷтимоӣ, Хабарҳо
Паёми Президенти Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон ба Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикис ...

Паёми Президенти Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон ба Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикис ...

Сиёсат, Хабарҳо