Дар як сатр
» » "Хатлон" - оинаи ҳаёти хатлониҳо

"Хатлон" - оинаи ҳаёти хатлониҳо

31-12-2014, 14:28

"Хатлон" - оинаи ҳаёти хатлониҳоАз замоне, ки нахустин шумораи рӯзномаи «Хатлон» рӯйи чоп омада буд, имрӯз 80 сол сипарӣ мешавад. 80 сол ин рӯзнома бозгӯкунанда ҳавлу ҳол ва таҳаввулоти Хатлонзамин, инъикосгари корномаҳои хатлониҳо, фошкунандаи мушкилоти замон ва мубаллиғи фаъолиятҳои созандаи халқу давлат буд. Воқеиятро рӯзро мисли ойина инъикос мекард. «Хатлон»-и мову шумо дар ин 80 сол ҳар рӯз падида буд, пайку мужда буд, ҳадя буд, ихлосу ирода буд, намунаи матонату ҷасорат буд. Хуллас, «Хатлон» дар ин беш аз ҳашт даҳсола Чеҳраи Хатлон буду ҳаст ва боқӣ хоҳад монд.

«Хатлон»-и имрӯза натиҷаи баҳамоии рӯзномаҳои «Ҳақиқати Қӯрғонтеппа» ва «Роҳи ленинӣ»-ст, ки мансуб ба вилоятҳои Қӯрғонтеппа ва Кӯлоб буда, авоили солҳои 90-ум дар пайи ба ҳам омадани ин ду вилоят ва таъсиси вилояти Хатлон, ҳайати эҷодии он низ якҷоя шуд. «Ҳақиқати Қӯрғонтеппа» ва «Роҳи ленинӣ» таърихи тӯлонӣ дошта, зодаи «панҷсолаи якум»-и барномаи амали ҳукумати тозабунёди Шӯравӣ мебошад.

Ҳарчанд чунин қабул шуда, ки таърихи таъсиси ин рӯзнома аз соли 1933 бозшумурда мешавад, аммо сарчашмаҳои таърихӣ ва санадҳо бозгӯи онанд, ки ин ду рӯзнома ҳанӯз дар солҳои 1931-1932 ташкил дода шуда ва ба дасти хонандаи худ расидаанд.

«Сохтмони зарбдори Вахш» - нахустин рӯзнома дар Вахшонзамин

8 феврали соли 1931 қароре дар бораи таъсиси рӯзнома бо се забон - тоҷикӣ, русӣ ва ӯзбекӣ ба тасвиб расид. Тибқи маълумоте, ки аз асари «История коллективизации сельского хозяйства и колхозного строительства в Таджикской ССР (1926-1937 гг.)» (Сб. документов. - Душанбе, 1973.-Т.1.-С.647) бармеояд, моҳи майи ҳамон сол дар қитъаи марказии сохтмони Вахш комсомолҳо нахустин шумораи рӯзномаи девориро бо номи «Сохтмони зарбдори Вахш» («Ударник Вахшстроя») таҳия карданд, ки баъдтар ҳамчун нашрияи бисёртиражаи (орган)-и кумитаи ҳизбӣ, кумита ва раёсати сохтмон муаррифӣ мешуд.
Ин нашрияи аввалини водии Вахш корҳои зиёдеро дар сохтмону азхудкунии водӣ ба анҷом расонид. Рӯзномаи ҳизбии низоми ирригатсионӣ (обёрӣ)-и Вахш дар маъракаи маҳви бесаводӣ миёни кормандон, бахусус меҳнаткашони бумӣ ё таҳҷоӣ, саҳми қобили мулоҳиза дошт.

Сохтмончиёни низоми ирригатсионии Вахш яке аз гуруҳҳои коргарии пешоҳанги ҷумҳурӣ буданд, ки дар миёни онҳо ба ҷуз тоҷикон, ҳамчунин русҳо, укроиниҳо, қирғизҳо, олмониҳо, афғонҳо ва қазоқон, кашмирию тоторҳо, гурҷию осетинҳо, ӯзбекону қошғариҳо заҳмат мекашиданд.

Мешавад гуфт, ки солҳои аввали кор дар сохтмони Вахш равияи наве дар журналистикаи тоҷик ба миён омад, ки қиссаҳо аз кору рӯзгори собиқадорони меҳнат буд. Аввалин очеркҳо дар матбуоти вилояти Хатлон маҳз ҳамон солҳо навишта шуданд, ки марбут ба кормандони сохтмони Вахш буд.

«Ударник Вахшстроя» ва Бруно Ясенский

Бо қарори Кумитаи марказии Ҳизби коммунисти Тоҷикистон, ду нашрия таъсис дода шуд – «Сохтмони зарбдори Вахш» ва «Ударник Вахшстроя». Дар шумораи якуми нашрияи русӣ очерки яке аз пешвоёни комсомолҳои «Вахшстрой» В. Коночкин ба чоп расида буд, ки ин очерк дар бораи ба маҳалли сохтмони мазкур ташриф овардани ҳайати хориҷие зери сарварии адиби лаҳистонӣ Бруно Ясенский қисса мекард. Ба ҳайати бригада Пол Вайян Кутюре – муҳаррири рӯзномаи «Юмоните», Эгон Эрвин Киш – рӯзноманигори машҳур ва амсоли инҳо шомил буданд.

Сохтмони ирригатсионии Вахш диққати бисёр шоирону рӯзноманигоронро ба худ ҷалб менамуд. Нависандаи поляк Бруно Ясенский, ки Вахшро бо чашмони худ дида буд, пас аз боздидаш аз маҳалли сохтмон соли 1932 бо номи «Одам пӯсташро иваз мекунад» романи олиҷанобе офарид. Журналист М. Розенфелд дар саҳифаҳои рӯзномаи «Комсомолская правда» силсилаи очеркҳоро бо номи «Дар сарҳад палангон сайр мекунанд» ба табъ расонд.
Воқеан, вақте Бруно Ясенский дар доираи сафараш дар маҳалли сохтмон қарор дошт, шомгоҳон қисматҳоеро аз романи худ ба бинокорон қироат мекард. Дар аввалини рӯзномаи «Ударник Вахшстроя» ҳамчунин шеърҳои корманди сохтмон Платон Воронко, ки дар оянда шоири маъруфи Укроин ва лауреати мукофоти давлатии СССР мешавад, ба чоп расид. Журналистони рӯзнома В. Дорошев и И. Уривков пас аз анҷоми сохтмон дар рӯзномаи ҷумҳуриявии «Коммунист Таджикистана» кор карда, ихтиёран ба фронт рафта, дар Ҷанги Бузурги Ватанӣ ба ҳалокат расидаанд.

Саҳми рӯзнома дар сохтмони бомуваффақияти системаи обёрии Вахш

Дар сохтмони бомуваффақияти системаи ирригатсионии Вахш мақомоти табъу нашри он таъсири бузурги ахлоқиву маънавӣ мерасонд. Он бо унвони «Уданик Вахшстроя» ба забони русӣ ва ба номи «Сохтмони зарбдори Вахш» ба тоҷикӣ (ҳуруфи лотиниасос) интишор мегардид. Онҳо аслиҳаи тавонои раёсати «Вахшстрой» маҳсуб мегаштанд. Табъу нашри онҳоро худи ҳаёт тақозо менамуд. Тавре ки профессор Маҳамадӣ Ҳамроев дар асараш «Таърихи обёрии Вахш» зикр мекунад, ин нашрияҳо камбудию норасиҳо, саҳву хатоҳоро ошкор мекарданд, коллективи сершумори бинокоронро ба мусобиқаи сотсиалистӣ ва ҳаракати зарбдорӣ, ба тезондани суръати корҳои сохтмонӣ ҳидоят ва сафарбар менамуданд. Дар саҳифаҳои рӯзнома пешқадамҳои истеҳсолотро ҳамаҷониба ташвиқу тарғиб намуда, танбалону бепарвофалаконро бераҳмона зери тозиёнаи танқид гирифта, унсурҳои душманона фош карда мешуданд. Рӯзномаҳо рейд мегузарониданд, рафту суръати корҳоро дар иншооту каналҳо, ҳолати нақлиёту механизм ва шароитҳои маданию маишии коргаронро тафтиш мекарданд.

Дар бораи тавлиди номи рӯзномаи «Вахшстрой» В. Г. Коночкин чунин ёдовар мешавад: «Рақами аввали рӯзномаи деворӣ моҳи майи соли 1931 дар қитъаи асосӣ нашр гардид. Ба чоп омода сохтану ороиши онро Леонид Немковский ва ман ба ҷо овардем. Аз байни вариантҳои гуногун номи «Ударник Вахшстроя»-ро интихоб намудем. Ин унвон баъдан органи табъу нашри «Вахшстрой» гардид».

Аз Л.В. Немковский – муншии бюрои ташкилии кумитаи комсомолӣ, С.К. Калижнюк – муовини сардори сохтмон оид ба масъалаҳои механиконӣ ва В.Г. Коночкин – узви бюрои ташкилии кумитаи комсомолӣ ҳайати таҳририяи сохтмон ба вуҷуд омад. Онҳо мақолаву гузоришҳои мухбирони коргарро ҷамъ оварданд, таҳрир ва ба чоп омода карданд. Л.В. Немсковский маводи чопиро гирифта, ба Сталинобод рафт. Ҳуруфчинӣ ва чопро комсомолони полиграфкомбинат ба ҷо оварданд. Бад-ин тартиб, рақами аввали рӯзномаи «Ударник Вахшстроя» тавлид гардид. Воқеан, онро бевосита дар сохтмон аз чоп баровардан мувофиқи мақсад буд. Вале ин кор душвориҳои зиёде дошт. Дар Сталинобод таҷҳизоти чопӣ ва дигар воситаҳои зарурӣ набуданд. Аз ин рӯ, нашриёти осиёимиёнагии Тошканд ба ёрии сохтмончиён омад. Он чопхонаро бо таҷҳизот, дастгоҳҳо ва ҳуруф таъмин намуд.

Абдуллоев ва Ляхович - нахустин муҳаррирони рӯзнома

Профессор М. Ҳамроев дар асари худ «Таърихи обёрии водии Вахш» ҳамчунин зикр мекунад, ки дар табъу нашри «Ударник Вахшстроя» ҳамчунин мақомоти осиёимиёнагӣ, бахусус муншии кумитаи ҳизбии шаҳри Тошканд Кронберг, ки конфренсияи дуюми «Вахшстрой» (11-13-уми январи соли 1932) ҳузур дошт, ёрии калон расонданд. Ӯ ба сохтмон муҳаррир ва ду мухбир фиристод. Нашрияи русии рӯзномаи «Ударник Вахшстроя»-ро Семён Ляхович таҳрир мекард.

Рӯзномаи сертеъдоди «Сохтмони зарбдори Вахш»-ро ба забони тоҷикӣ, аммо ҳуруфоти лотинӣ чоп мешуд, аз рӯзи таъсисаш то миёнаҳои соли 1933 муддати кӯтоҳе Облоқул Ҳақбердиев аз Панҷакент омода мекард. Аммо нашрияро Насрулло Абдуллоев таҳрир мекард. Ӯ аввалин муҳаррири рӯзномаи сертеъдоди «Зарбдори сохтмони Вахш» маҳсуб мегардад. Насрулло Абдуллоев то замони ба маҳалли сохтмони Вахш ба ҳайси муҳаррири нашрия омадан ҳамчун муаллими курсҳои маҳви бесаводии назди комиссариати халқии маорифи Тоҷикистон, баъдан ба ҳайси инструктори калони Кумитаи марказии «Иттифоқи камбағалон» фаъолият кардааст. Барои иштироки фаъолона дар мубориза ба муқобили босмачиён бо нишони «Фаъол» мукофотонида шуда буд.

Вақте ки Насрулло Абдуллоевро дубора ба Сталинобод, ба рӯзномаи «Комсомоли Тоҷикистон» (имрӯза «Ҷавонони Тоҷикистон») даъват карданд, то ки ин рӯзномаи ҷумҳуриявиро сарварӣ кунад, ба ҷояш Мирсаид Миршакар, шоири ҷавону пуркор, омад.

Миршакар ва хотираҳои ӯ аз «Сохтмони зарбдори Вахш»

М. Миршакар, ки баъдан лауреати мукофоти давлатии СССР ва Шоири халқии Тоҷикистон шуд, дар як мусоҳибааш аз ҷумла нигоштааст, ки азхудкунии заминҳои водии Вахш ба корнамоиҳои панҷсолаҳои аввал тааллуқ дорад. «Ман яке аз иштирокчиёни он будам. Газета оинаи ҳаёт, оинаи қаҳрамониҳои халқ аст», - гуфтааст М. Миршакар. Вай аз аввалин муҳаррирони рӯзномаи «Сохтмони зарбдори Вахш» буд, ки минбаъд рӯзномаи вилоятии «Хатлон» ва чанд рӯзномаи шаҳрию ноҳиявӣ дар заминаи он ташкил ёфта буд. Соли 1982 дар рӯзномаи ноҳиявии «Вахш», ки 50-солагии таъсисёбии он ҷашн гирифта шуд, устод Мирсаид Миршакар аз хотироти солҳои аввали фаъолияташ дар «Сохтмони зарбдори Вахш» чунин менависад: «маро соли 1932 ба Комитети Марказӣ даъват намуда, гуфтанд:

- Ба Вахш меравед. Он ҷо ба газетаи «Сохтмони зарбдори Вахш» муҳаррир мешавад.

- Ҳоло ман ҷавон, - гуфтам.

- Республика ҷавон аст. Сохтмон ҳам. Баробари онҳо қадам мезанед ва камол меёбед, - гуфтанд ба ман. Одамони фидокор ва диловар дар сохтмон бисёр буданд.

Муҳаррири аввалини газетаи «Сохтмони зарбдори Вахш» Насрулло Абдуллоев ба хондан рафту ман ба ҷойи вай гузаштам. Дар назди идораи газета маҳфили адибони ҷавон амал мекард. Он ба пешрафти кори мо - адибони ҷавон кӯмак расонд. Ман дар ҳамин ҷо достони аввалини худ «Ливои зафар»-ро, ки ба дӯстии халқҳо бахшида шуда буд, навиштам».

Баъд устод Мирсаид Миршакар дар суҳбати дигараш ёдовар шуда мегӯяд, ки «газета барои «Вахшстрой» дар ҳақиқат ҳам қувваи бузург буд. Бо кадом масъалае, ки газета баромад кунад, дар муддати кӯтоҳ ҳалли худро, албатта, меёфт.

Кор дар идораи газета чандон осон набуд. Махсусан чоп намудани шумораи тоҷикии «Зарбдори сохтмони «Вахш» меҳнати зиёдро талаб мекард. Мо се нафар ҳама кори омода ва чоп намудани газетаро иҷро мекардем. Бригада ба бригада гашта, барои газета мақола ҷамъ меовардем. Гоҳо газетаро ба воситаи радио хонда медодем».

Воқеан ҳам, тавре устод Мирсаид Миршакар ёдовар шудааст, кор дар рӯзнома чунин мушкилиҳо дорад ва онро танҳо нафароне медонанд, ки ба ин соҳа шинос ҳастанд.

Ғояҳои аслии рӯзнома


«Сохтмони зарбдори Вахш» дар сафарбарии омма баҳри иҷрои супоришҳои бинокорон, ки ибтидои соли 1932 ташкил карда шуд, нақши калону назаррас бозид. Ин рӯзнома байни коргарони тоҷик ва миллатҳои маҳаллӣ шуҳрати тамом дошт. Рӯзномаи ташкилотчии ҳаракати зарбдорӣ ва мусобиқа маҳсуб мегашт, ғояҳои манфиатбахшу судманди обёрӣ, инкишофу вусъати усулҳои кори ҳаракати зарбдориеро, ки бомуваффақият ёфтани сохтмон мусоидат менамуданд, ташвиқу тарғиб мекард. Ҳамзамон рӯзнома ба муқобили зараррасонону зиёнкорон, коршиканону қаллобон ва танбалону коргурезон, ки ба сохтмон халал мерасонанд, муборизаи беамон мебурд.

Василий Григоревич Коночкин, Дмитрий Илич Гойфман, Антонина Степановна, Никалай Тимофеев, Иван Уривков, В. Чурсин ва Нагел ходимони адабии «Ударник Вахшстроя» буданд.

«Ҳақиқати Кӯлоб» - аввалин нашрия дар Кӯлоб

Дар соли 1931 дар шаҳри Кӯлоб низ сохтмони матбааи шаҳрӣ сар шуд ва моҳи июни соли 1932 нахустшумораи рӯзномаи шаҳрии «Ҳақиқати Кӯлоб» аз чоп баромад. Он ҳам аввалин рӯзнома дар минтақаи Кӯлоб буд, ки нашрияи вилоятии «Роҳи ленинӣ» (ҳоло «Хатлон») меросбари он маҳсуб мегардад. Рӯзнома дар саҳифаҳои худ меҳнати озоди синфи коргар, деҳқонони колхозӣ ва зиёиёни Шӯравиро тараннум менамуд. Он гуна ки дар асари муаррихон Ҳ. Тоатов ва Р. Юлдошев «Хатлон дар масири таърих» омадааст, дар панҷсолаи якум ҳамзамон хатти телеграф ба воситаи Сарой Камар, Фархор, Чӯбек, Кӯлоб кашида оварда шуд. Телеграфи шаҳрӣ дорои таҷҳизоти алоқаи «Мороз» ва «Клонфер» буд. Соли 1930 дар шаҳри Кӯлоб аввалин радиостансия сохта шуд, ки таҷҳизоти он «Қазоқистон» ном дошт. Ин ҳама ба рушди расонаҳои хабарӣ дар минтақаи Кӯлоб дар нимаи аввали асри гузашта мусоидат кард.
Аммо дар маҷаллаи ҷашние, ки бахшида ба 50-солагии таъсисёбии рӯзномаи «Роҳи ленинӣ» соли 1983 ба нашр расидааст, гуфта шудааст, ки шумораи аввалини ин рӯзнома моҳи майи соли 1933 аз чоп баромад. Дар давраи панҷсолаи якум дар рӯзнома ба нашри хабару мақолаҳое бартарӣ дода мешуд, ки рафти сохтмони аввалин корхонаҳои индустриявӣ, ба вуҷуд овардани саноати маҳаллӣ, коллективонидани хоҷагии қишлоқро инъикос менамуданд.
Аз ҳамон вақт рӯзнома дар тамоми давраҳо ифодакунандаи иродаи халқ, фикру зикр ва орзую умеди оммаи меҳнаткашон мебошад. Ҳар як шумораи рӯзнома инъикоси нақшаи фаврии роҳи пуршарафи халқи мо, ҳаёти воқеии қаҳрамонии ӯст. Агар рӯзномаро бодиққат варақ занем, таърихи ба вуҷуд омадан ва тараққӣ кардани вилоят, солномаи озмоишҳои сахти аз сар гузаронидаи халқ ва ғалабаи ба даст овардаи он дар пеши назари мо намоён мегардад.

Мушкилоти созмонёбӣ, сохтор ва функсияҳои рӯзнома

Ташкилёбии рӯзномаи ҳамонвақта ба душвориҳои калон вобаста буд, базаи полиграфии зарурӣ мавҷуд набуд, кадрҳои рӯзноманигорӣ, ҳуруфчинҳо намерасиданд, ҳама корро айнан дар ҷойи хушку холӣ сар кардан лозим меомад. Идораи рӯзномаҳо бинои худ, воситаҳои алоқа надоштанд. Онҳо дар хоначаҳои хурди идораҳои шаҳр ҷой мегирифтанд. Ҳатто машинкаҳои хатнависӣ намерасид. Дастнависҳо дастӣ рӯбардор карда, ба матбаа супорида мешуданд. Бо вуҷуди ин, рӯзнома муттасил дастраси хонандагонаш мегардид.

Бо забони тоҷикӣ аз чоп баромадани рӯзнома дар ҳаёти мардум воқеаи муҳими маданӣ ва сиёсӣ гардид. Он дар кори сафарбаркунии меҳнаткашон дар мубориза барои мустаҳкам намудани иқтисодиёт ва ба ҳаёти сиёсӣ ҷалб намудани оммаи васеи халқ мадад расонд. Рӯзнома меҳнаткашонро дар мубориза барои барқарор ва мустаҳкам намудани иқтисодиёти хоҷагии халқи вилоят сафарбар менамуд. Мазмун ва роҳи рӯзнома бо вазъияти конкретӣ дар вилоят ва вазифаҳое, ки дар назди халқ гузошта шуда буданд, муайян карда мешуд.

Дар солҳои 1933-1940 «Ҳақиқати Кӯлоб» ҳамагӣ се шуъба дошт: шуъбаҳои ҳаёти партиявӣ, хоҷагии қишлоқ ва шуъбаи умумӣ. Дар рӯзнома аз посбону фаррош то муҳарриру коркунони адабӣ ҳамагӣ 16 нафар кор мекард. Рӯзнома соли 1933 бо тиражи на он қадар зиёд ва аввалҳои соли 1940 бошад, бо тиражи зиёдтар аз чоп баромада, дастраси хонандагони худ мегардид.

Рӯзномаи «Хатлон» дар замони ҶБВ

Соли 1941 даҳшатноктарин ва хунинтарин ҷанг алайҳи фашизм, ки таърих назири онро намедонад, сар зад. Бисёр шаҳрҳо ва ободиҳои ИҶШС миёни оташи ҷанг монданд. «Ҳақиқати Кӯлоб» монанди дигар воситаҳои ахбори омма аз ҳамон рӯзи аввал барномаҳои таблиғоти худро аз нав мувофиқи шароити ҷанг тартиб дода, ҳамаи қувваашро дар роҳи мудофиа ва пирӯзии Ватан ба кор мебурд. Дар ҳар шумора мардумро даъват мекард, ки дар майдони ҷанг бо руҳи қавию фидокориҳои барҷаста душманро мағлуб кунанд. Дар ақибгоҳ бошад, меҳнакашонро ба корнамоиҳои меҳнатӣ, афзоиш додани тавлиди маҳсулот, бо тиру туфанг таъмин намудани аскарон, ба ҷойи бародарони баҷанграфтаи худ меҳнат кардан даъват менамуд. Рӯзнома ҳамчунин меҳнаткашонро даъват мекард, ки бо мақсади ёрдам ба фронт ва ғалаба бар ғосибони фашистӣ дар корхонаҳои саноатӣ, колхозҳо ва МТС-ҳо хизмати содиқона намоянд.

Дар ин давра падидаҳои нави меҳнатӣ, ватандӯстӣ, иродаи шикастнопазир, шуҷоат ва ташаббусҳои пурсамараи халқро дар шароити ҷанг ва дар ҷараёни муборизаи шадид дар истеҳсолот зоҳир месохт ва онҳоро дар саҳифаҳои худ ба таври оперативӣ таҷассум мекард. Ҳамаи фаъолияти рӯзнома бевосита ба ҳаёти халқ, корҳои қаҳрамонаи меҳнаткашони вилоят ва муборизаи онҳо дар сохтмони ҳаёти нав вобастааст. Рӯзнома роли фахрии прогандист, агитатор ва ташкилотчии коллективиро моҳирона иҷро намуда, ҳамеша ёрдамчии содиқи Шӯроҳои депутатҳои халқи вилоят буд.

Таблиғи «мусобиқаи сотсиалистӣ» ва «ҳаракати стахановӣ» дар солҳои 40-ум

Дар давраи панҷсолаи дуюм ва сеюм дар рӯзнома мавзӯъҳои азхудкунии техникаи нав, мубориза барои маданияти баланди истеҳсолот, тарбия намудан ва ба камол расонидани кадрҳои миллӣ афзалият доштанд.

Тавре дар болотар гуфтем, рӯзномаҳои минтақавии Қӯрғонтеппаю Кӯлоб то аввалҳои соли 1941 бо ҳуруфоти лотинӣ дар ҳаҷми чор саҳифа нашр мегардиданд. Рӯзномаи «Ҳақиқати Кӯлоб» дар шумораи рақами чори худ аз 13 январи соли 1941 дар саҳифаи якумаш бо сарлавҳаи «Ёрдами комсомолетсҳо ба колхоз» хабар чоп намуда буд, ки дар он чунин гуфта мегуфта мешуд: «Ташкилоти комсомолии колхози «Тоҷикистони сурх», Совети қишлоқи Деҳқонариқ, ноҳияи Фархор корҳои худро нағз ташкил карда, ҳамаи комсомолетсҳоро ба бригада ва звеноҳои колхозӣ вобаста кардааст. Баробари ҳамин дар колхоз дар байни колхозчиён ва колхозчизанон мусобиқаи сотсиалистӣ ва ҳаракати стахановӣ нағз ба роҳ монда шудааст. Комсомолетсҳои ба кори колхоз вобастакардашуда рафиқон Шарифов, М. Ҳасанов ва Амоновҳо ба кори колхоз нағз ёрдам карда, худашон ҳам стахановчӣ мебошанд».

Дар худи ҳамин шумора хабарнигорони рӯзнома дар бораи маҷлиси фаъолони партиявии шаҳру ноҳияи Кӯлоб, муваффақиятҳои ноҳияи Шӯрообод, тарбияи ҷавонон, дар бораи корбарии заводҳои пахтаю равған ва ғайра бисёр хабару мақолаҳои диққатҷалбкунанда дарҷ намуда, хонандагони худро ба корнамоиҳои нав ба нави меҳнатӣ даъват менамуд. Мусобиқаи сотсиалистӣ барои пеш аз муҳлат иҷро намудани панҷсолаи дуюм дар ҳама ҷо авҷ гирифт. Коргарони муассисаҳои саноатӣ, колхозҳо ва стантсияҳои мошинию трактории дар ин мусобиқа фаъолона иштирок мекарданд.

«Ҳақиқати Кӯлоб» низ дар навбати худ муваффақиятҳои ин мусобиқаро ба таври васеъ дар саҳифаҳои худ инъикос мекард. Таҷрибаи пешқадамони истеҳсолотро дар шакли ахбор, очерк, ҳикоя мусоҳиба ва ғайра дарҷ намуда, барои паҳн кардани онҳо мекӯшид. Аммо чунин ба назар мерасад, ки ҳар як муваффақияти бадастовардаи вилоят ба чашми душманони халқ хор барин мехалид. Барои пеши роҳи инро гирифтан онҳо ҳамаи воситаю роҳҳоро истифода мебурданд, то ки ба меҳнати эҷодкоронаи халқ халал расонанд, онҳоро аз роҳи пешгирифтаашон гардонанд. Комёбиҳои бузурги панҷсолаҳои якуму дуюм ба унсурони ба сохти нав бегона намефорид. Онҳо, ки обрӯ ва эътибори худро дар байни халқ бакуллӣ гум карда буданд, ба вайронкорӣ даст мезаданд. Бо ҳар роҳ ба идораю муассисаҳо, аз он ҷумла ба органҳои адлия дохил шуда, ҷинояткорӣ мекарданд. Дар ҳама гуна вазъият мухбирони фаъол ҳамчун гӯшу чашми халқ вазифаҳои худро намунавор иҷро менамуданд. Душманонро дар ҳама ҷо ва дар либосе, ки буданд, бо ёрии фаъолони шаҳру қилоқ ошкор сохта, бо қалами оташинашон хиёнат ва ҷиноятҳои онҳоро дар саҳифаҳои рӯзнома фош мекарданд. Мухбирони коргару деҳқони рӯзнома ба колхозҳо, колхозчиён ва МТС-ҳо ҳарҷониба ёрӣ мерасониданд, бригадаҳои зарбдор ташкил мекарданд, мусобиқаи сотсиалистиро дар байни колхозҳо, бригадаҳо ва кохозчиёну тракторчиён ривоҷу равнақ медоданд, бо рафтори неки худ ба ҳама дарси фаъолият меомӯзонданд. Дар чойхонаҳо, маҷлисҳо, ҷамъомадҳо ва ҳангоми истироҳат дар саҳро барои колхозчиён бо овози баланд рӯзномаҳо мехонданд. Қарорҳои ҳукуматиро ба онон мефаҳмонанд, ҳамеша ва дар ҳар ҷо раҳнамои насли ҷавон буданд, зеро медонистанд, ки ояндаи мамлакат бечунучаро ба ҷавонон вобаста аст.

«Пахтакори сурх» ва «Ҳаёти қишлоқ»

Дар вилояти Қӯрғонтеппа бошад, якуми майи соли 1944 газета бо номи «Пахтакори сурх» ташкил дода шуда, он то 10 феврали соли 1947-ум ба нашр мерасид. Дар ин муддати кӯтоҳ 253 шумораи рӯзнома аз чоп баромада буд.

«Пахтакори сурх» дар муддати кӯтоҳи мавҷудияти худ қаҳрамониҳои бемисли фарзандони вилоятамонро дар фронт ва ақибгоҳ ба таври барҷаста инъикос намуда, онҳоро ба ғалабаҳои нав ба нави ҷангиву меҳнатӣ сафарбар мекард.

Соли 1944 ҳамчунин рӯзномаи вилоятии «Курган-Тюбинская правда» ба забони русӣ таъсис дода шуда, аввалин шумораи он рӯйи 1 майи ҳамон сол ба дасти хонанда расида буд.

Соли 1955-ум баъди барҳам хӯрдани вилояти Кӯлоб рӯзномаи шаҳрии «Ҳақиқати Кӯлоб» ба рӯзномаи шаҳрӣ табдил дода буд. Соли 1961-1962 баъди ташкил ёфтани управленияҳои истеҳсоли хоҷагии қишлоқ, рӯзномаи шаҳрии «Ҳақиқати Кӯлоб» ба рӯзномаи байниноҳиявӣ табдил дода шуда, бо номи «Ҳаёти қишлоқ» нашр мегардид.

Саҳифаҳои рӯзномаи вилоятии Қӯрғонтеппаю Кӯлоб барои инъикос кардани навигариҳо, ташаббусҳо ва корҳои муъҷизаноки коргарон, колхозчиён ва равшанфикрон ҳамеша кушода буд. Рӯзнома бо суханони илҳомбахши худ ба дили хонандагон роҳ меёфт, ва онҳоро даъват менамуд, ки тамоми ақлу ҳуш, фикру истеъдодашонро барои хизмати халқ ба кор баранд, ба одамон илҳом бахшанд, ки ҷасурона ба пеш рафта, ҳамаи он чиро, ки садди роҳ мешуд, дарҳам бишкананд.

«Ҳақиқати Кӯлоб» дар пропагандаи худ саъю кӯшиш менамуд, ки дар муборизаи идеологӣ ҳамеша дар сафи пеш бошад ва барои мавзӯъҳояш шаклҳои дилчаспу ҳаяҷонбахш ва таъсирбахшро пайдо карда, онро ба оммаи заҳматкаш расонад. Яке аз беҳтарин сифатҳои рӯзнома комёбию камбудиҳоро ошкоро баён кардани он буд. Рӯзнома таваҷҷуҳи хонандаҳо ва зимомдоронро бештар ба масъалаҳои муҳими ҳалнашудае, ки бояд дар оянда ислоҳ мешуданд, ба сафарбар кардани омма баҳри иҷрои планҳои хоҷагӣ ва сохтмон, ба таълиму тарбияи насли наврас ва ошкор кардани хатоҳо ва бетартибиҳо ҷалб мекард. «Ҳақиқати Кӯлоб» дар бораи маориф, маданият ва ҳунари халқ, дар бораи таълиму тарбияи наврасон, таъмини онон бо адабиёти бачагона ва тайёр кардани кадрҳои ибтидоии боистеъдод ба воситаи ташкили кружокҳои адабӣ ва ҳунарӣ дар назди мактабҳо бисёр мақолаҳои шавқовар дарҷ менамуд.

«Хатлон» дар солҳои пас аз ҶБВ

Баъди Ҷанги Бузурги Ватанӣ давраи фаъолияти беназири халқ барои ободӣ ва саодати ҷумҳурӣ оғоз гардид. Лозим буд, ки дар муддати кӯтоҳ хоҷагии халқ барқарор гардад, он нисбат ба давраи пеш аз ҷанг афзояд, қувваҳои истеҳсолкунанда беш аз пеш тараққӣ ёфта, ба дараҷаи такомул бирасанд ва ҳаёти моддию мадании халқ боло равад. Халқи ҷумҳурӣ ин ҳама мушкилотро паси сар карда, дар анҷоми муваффақиятноки нақшаҳои плани панҷсолаи чорум фидокорӣ нишон дод. «Ҳақиқати Кӯлоб» тавассути қувваи сафарбаркунандаи худ меҳнаткашони вилоятро ба иҷрои вазифаҳои муҳими таърихӣ даъват менамуд. Рӯзнома идеяи мусобиқаи сотсиалистиро дар ҳамаи корхонаҳои саноатӣ, сохтмон, колхозҳо ва МТС-ҳо ба таври боз ҳам васеътар паҳн намуда, натиҷаҳои самарбахши ин мусобиқаро дар саҳифаҳои худ инъикос мекард. Дар бораи ҳаёт ва фаъолияти меҳнатии занон, ки чи гуна дар истеҳсолоти сотсиалистӣ корнамоиҳо нишон медиҳанд, характеру иродаи онҳо камол меёбад ва чӣ гуна дар қатори мардон мушкилот ва оқибатҳои ҷангро бартараф мекунанду ба пеш мераванд, матлабҳо ба нашр мерасонд.

Қобили зикр аст, ки журналистони соҳибноми тоҷик, ходимони собиқадори нашрияҳои вилоятии «Роҳи ленинӣ» ва «Ҳақиқати Қӯрғонтеппа» Абдулло Муродов, Аскаралӣ Набиев, Насриддин Мирзоев ва чандин нафари дигар дар Ҷанги Бузурги Ватанӣ иштирок карда, марзу буми Иттифоқи Шӯравиро ҳифз намудаанд.

Мухбирони ҷамоавӣ ва дастовардҳои «Хатлон» дар солҳои 70-80-ум

Меҳнати пахтачинро бо тоннаҳо ҳисоб мекунанд, меҳнати ронандаро ба тай кардани роҳ, меҳнати рӯзноманигорро чӣ? Меҳнати рӯзноманигор на бо ҳаҷму миқдори мақолаҳои чопшуда, на бо адади нашри рӯзномаю маҷаллаҳо, балки бо он маълум мешавад, ки ӯ мақсаду мароми давлат ва арзишҳои фарҳанги миллӣ, эҳсоси худшиносиро ба ҳар як хонанда то чӣ андоза бо забони фасеҳу оддӣ мерасонад, ба дили халқ роҳ ёфта, дар он то чи андоза ҳиссиёти беҳтарин ва наҷибтаринро нисбат ба давлату миллат бедор карда метавонад. Рӯзноманигор ҳам мисли нависанда инженери руҳи одамизод аст. Бинобар ҳамин, дар шахси рӯзноманигор бояд беҳтарин хислати одаму шартҳои одамгарӣ таҷассум ёбанд ва ӯ ин хислатҳоро ба дигарон ҳам талқин карда тавонад. Аз дарси рӯзгор баҳра барад, дониши худро муттасил бой гардонад. Фақат дар ҳамин сурат ӯ ҳодисаҳои зиндагиро дуруст дарк намуда, дуруст маънидод карда метавонад. Рӯзноманигорони рӯзномаи «Хатлон» ҳамин хислатҳои наҷиби рӯзноманигориро аз худ намуда, ҳамеша пешсафу намунаи ибрат буданд.

Рӯзнома бе фаъолон вуҷуд дошта наметавонад. Фаъолони ғайриштатӣ сутунҳои рӯзнома мебошанд. Ана барои ҳамин, ҳайати эҷодии рӯзнома ба фаъолони худ такя намуда, бо ёрии онҳо вазифаҳои худро ба ҷо меоварад. Муаллифони ғайриштатии хеле зиёди рӯзнома хабару мақолаҳо навишта, дар ҳар бобат ба рӯзнома мадад мерасонанд. Бо туфайли меҳнати пурсамари муаллифони штатӣ ва ғайриштатӣ рӯзнома якчанд маротиба ғолиби озмунҳои касбии ҷумҳуриявӣ дониста шуда, сазовори мукофотҳои пулӣ ва диплому ифтихорномаҳо гардид.

6 майи соли 1983 Укази Президиуми Совети Олии СССР «Дар бораи бо ордени «Нишони Фахрӣ» мукофотонидани газетаи «Роҳи Ленинӣ»-и вилояти Кӯлоб» ба имзо расид. Дар ин санад чунин зикр шуда буд: Газетаи «Роҳи Ленинӣ»-и вилояти Кӯлоб барои кори самарбахш дар тарбияи коммунистии меҳнаткашон, ба иҷрои вазифаҳои сохтмон хоҷагию маданӣ сафарбар намудани онҳо» бо ордени «Нишони Фахрӣ» мукофонида шавад». Ин Қарорро ҷонишини якуми Раиси Президиуми Совети Олии СССР В. Кузнетсов имзо кардааст.

Ба миён омадани вилоятҳои Кӯлобу Қӯрғонтеппа ва «Роҳи ленинӣ»-ю «Ҳақиқати Қӯрғонтеппа»

Рӯзномаи «Роҳи ленинӣ» то соли 1975 бо номи «Ҳақиқати Кӯлоб» нашр мегардид. Соли 1974, ки соли таҷлили 50-солагии Ҷумҳурии Тоҷикистон буд, барои меҳнаткашони вилояти Кӯлоб соли шодию хурсандӣ, соли зафарҳои нав гардид. Дар ин сол вилояти Кӯлоб аз нав барқарор шуд. Рӯзномаи «Ҳақиқати Кӯлоб» мавҷудияти худро то якуми январи соли 1976 идома дод. Аз якуми январи ҳамон сол рӯзнома тағйири ном кард ва бо номи «Роҳи ленинӣ» вориди майдони матбуоти тоҷик шуд. Он ҳар ҳафта панҷ маротиба дар ҳаҷми чор саҳифа, бо теъдоди 32 ҳазор нусха аз чоп баромада, дастраси хонандагон мегардид.

Соли 1978 масъалаи ташкили рӯзномаи вилоятӣ дар Қӯрғонтеппа низ ба миён омад. Қарор шуд, ки рӯзномаи шаҳрии «Ҳақиқати Қӯрғонтеппа»-ро баста, ҳайати эҷодии он пурра ба рӯзномаи вилоятии навтаъсис ба кор мегузаранд. Дар пленуми Кумитаи ҳизби коммунисти вилоят Муқим Абдураҳмонов муҳаррири рӯзномаи «Ҳақиқати Қӯрғонтеппа» таъин карда шуд ва аъзои кумита ӯро дар ин мақом тасдиқ намуданд.

Шумораи якуми ин нашрия 1 январи соли 1979 дар ҳаҷми 4 саҳифа ба андозаи А2 (формати имрӯзаи «Хатлон» ва «Ҷумҳурият») бо теъдоди қариб 28 ҳазор нусха дар чопхонаи шаҳри Душанбе ба нашр расид. Тафсилоти бештар оид ба шумораҳои нахустини ин рӯзнома ва замону шароитҳои ташкили он, ҳайати эҷодӣ ва мушкилоти фаровони корӣ, ки он рӯзҳо дар миён буд, дар маҷмӯаи мазкур аз ҷониби кормандони собиқу имрӯза ба қалам дода шудааст.
Пайдост, ки қисми зиёди кормандони эҷодие, ки дар марҳилаи аввал дар идораи рӯзнома ҷамъ омаданд, асосан кормандони рӯзномаҳои ноҳиявӣ буданд ва таҷрибаю малакаи дар рӯзномаҳои калон ва ҳаррӯза кор кардан надоштанд. Аз ин рӯ, дар назди идораи «Ҳақиқати Қӯрғонтеппа» мактаби маҳорати рӯзноманигорӣ ташкил дода шуд, ки машғулиятҳои он моҳе як маротиба барпо мегардид ва дар назди шунавандагон кормандони масъули партиявию хоҷагӣ, мутахассисони варзида, ҳуқуқшиносон, кормандони собиқадори соҳаҳои маориф, фарҳанг, рӯзноманигорони ботаҷрибаи рӯзномаҳои ҷумҳуриявӣ баромад мекарданд. Воқеан ҳам, ин мактаб дар такомули касбии кормандони идора такони зиёд бахшид.

Ташкили вилояти Хатлон ва баҳамоии «Ҳақиқати Қӯрғонтеппа»-ю «Роҳи ленинӣ»

Соли 1989 вилоятҳои Кӯлобу Қӯрғонтеппаро муттаҳид карда, номи вилоятро Хатлон гузоштанд. Моҳи январи соли 1990 бошад, дар базаи рӯзномаҳои «Ҳақиқати Қӯрғонтеппа» ва «Роҳи ленинӣ» рӯзномаи «Ҳақиқати Хатлон» таъсис ёфт. Рӯзнома анъанаҳои пешгузаштагонашро давом дода, меҳнаткашони вилояти навро баҳри мустаҳкам намудани хоҷагии халқ, афзун намудани истеҳсоли маҳсулот ташкилу сафарбар менамуд. Дар ин давра рӯзнома дар кори баҳри корнамоиҳо ташкилу сафарбар кардани заҳматкашон яке аз ёрдамчиёни содиқи ҳукумати маҳаллӣ гардид.

Баъди аз нав ба ду вилоят - Кӯлобу Қӯрғонтеппа ҷудо шудани вилояти Хатлон дар ҳар ду вилоят - дар Кӯлоб ба номи «Хатлон» ва дар Қӯрғонтеппа «Навиди Вахш» - рӯзномаҳо нашр шуданд. Коллективҳои эҷодии ҳар ду рӯзнома дар ин давра ҳам қувваю ғайрати худро дар роҳи пешрафти иқтисодиёти вилоятҳо, тарбияи одамон сарф карданд.

Дар ин давра дар назди рӯзномаи вилоятии «Навиди Вахш» Иттиҳодияи ҳамкории муомилоти «Шафақ» фаъолият мекард, ки курсҳои шашмоҳаи «Асосҳои журналистика»-ро ба шунавандагон, мухбирони ғайриштатӣ ва алоқамандони рӯзноманигорӣ доир мекард. Раҳбарии онро журналисти ҷавону пуркор Гурез Қосимов ба дӯш дошт. Ин давраҳои омӯзишӣ мисли як донишкадаи халқии рӯзноманигорӣ фаъолият мекард ва бисёре аз хатмкардаҳои муваффақи он баъдан ба кори рӯзномаҳои шаҳрию ноҳиявӣ ва вилоятӣ ҷалб карда шуданд.

«Хатлон» дар солҳои аввали 90-ум

Соли 1991 Тоҷикистон давлати соҳибихтиёру мустақил гардид. Аммо дар ҷумҳурии мо қувваҳои сиёҳкор барои ба мансабҳо соҳиб шудан халқи тоҷикро ба маҳалҳо ҷудо карда, боиси сар задани ҷанги шаҳрвандӣ гардиданд. Дар ин давра ҳам рӯзномаҳои ҳар ду вилоят барои ҷилавгирӣ аз шиддати ҷанги бемаънӣ талошҳои зиёде ба харч доданд. Дар айёми даргириҳо бошад, рӯзномаҳо дар бобати муҳофизату ҷо ба ҷо кардани гурезаҳо, инъикоси қаҳрамониҳои фарзандони Хатлонзамин, фош намудани сиёҳкорон кори бузургеро анҷом доданд.

Дар солҳои аввали низоъҳои ҳамватанӣ дар Қӯрғонтеппа рӯзномаи фронтии «Ҳақиқати Хатлон» таъсис ёфт. Дар кори нашр намудани рӯзнома журналистони ҳарду нашрия - «Хатлон» ва «Навиди Вахш» - саҳм доштанд. Муассиси рӯзнома Фронти халқии Тоҷикистон эълон шуда буд ва ба як минбари ин ниҳод табдил ёфта буд. Дар сессияи XVI Шӯрои Олии ҷумҳурӣ вилояти Кӯлобу Қӯрғонтеппа аз нав бо номи Хатлон муттаҳид карда шуданд. Баъди ин рӯзномаҳо ҳам муттаҳид карда шудаанд, ки то имрӯз бо номи «Хатлон» нашр шуда истодааст.

Ҷанги шаҳрвандӣ, талафот ва бозтоби рӯйдодҳои дар «Хатлон»

Солҳои 90-ум рӯзнома бо мушкилоти фаровони молиявӣ, нарасидани коғазу дастгоҳҳо, норасоии кадрҳо рӯ ба рӯ шуд. Моҳе ҳамагӣ 1-2 бор бо теъдоди кам чоп мешуд. Аммо сахттарин талафоти рӯзнома ин буд, ки дар солҳои ҷанги шаҳрвандӣ қавитарин, бузургтарин кормандони эҷодиашро аз даст дод. Шарифамоҳ Кишварова, Олимҷон Ёрасенов, Аюбҷон Неъматов, Пиримқул Сатторӣ, Шарофиддин Қосимов ва чандин нафари дигар аз ҷониби гуруҳҳои номаълум ба қатл расонида шуданд. То ҳанӯз дар бораи ҷузъиёти куштаб беному нишон шудани онҳо маълумоти дақиқ рӯйи даст нест ва ҳатто ҷасади бархе аз онҳоро пайдо накардаанд. Журналистони собиқадори зиёде ҳам бар асари ҷанги шаҳрвандӣ ноилоҷ тарки рӯзнома карданд.

Бо вуҷуди ин ҳама мушкилот, рӯзномаи вилоятии«Ҳақиқати Хатлон» дар солҳои 90-уми асри 20 минбари баёни ақида, муждарасону ҳамрози халқ буд. Ягона нашрияе дар вилоят буд, ки аз воқеаҳои сиёсиву иҷтимоӣ ва фарҳангии мардуми водии Вахш иттилоъ медод. Таҳлилҳо нишон доданд, ки мавзӯи маводҳои рӯзноманигорони он давраро воқеаҳои ҳамон айём муайян кардаанд. Дар шароити идомаи муқовимати сиёсӣ, суроғи роҳҳои сулҳу оштӣ масъулияти сухани рӯзнома дучанд буд. Нашрия аз номи ҳукумат ба халқ муроҷиат мекард ва табиист, ки манфиати муборизони зидди мухолифинро ифода менамуд. Дар маводҳои он солҳо ба эҳсосот дода шудани муаллифон, баҳодиҳии яктарафа ба воқеаҳо, ғалатҳои имлоиву сифати пасти чоп ба назар мерасад. Аммо муҳтавои маводҳои рӯзнома аз ин кам нашудааст. Баръакс, саҳифаҳои он рӯзҳои ҳаёту мамоти давлати навистиқлоли тоҷикро пеши назар меояд, арҷ гузоштан ба фидоиёни роҳи ҳақиқату адолатро парвариш медиҳад, ба шукргузориву созандагӣ ҳидоят менамояд. Махсусан, рӯзнома дар кори ҳаматарафа тараққӣ додани хоҷагии халқи вилоят, барқарор намудани харобаҳои ҷанги бародаркуш, ба Ватан баргаштани гурезаҳои ҷилои ватанкарда саҳми арзанда гузоштааст.

Муҳаррирони «Хатлон»

Дар солҳои гуногун масъулияти муҳарририи рӯзномаҳои вилоятии Хатлонро Насрулло Абдуллоев, Мирсаид Миршакар, Абдулҳамид Ализода, Сафо Ашӯров, М. Орзуев, Қувваталӣ Холов, Шоҳмузаффар Ёдгорӣ, Ҳақназар Ғоиб, Муқим Абдураҳмонов, Шералӣ Яҳёев, Абдувалӣ Абдувоҳидов, Нуриннисо Муртазоева ба дӯш доштанд.

Сармуҳаррири имрӯзаи рӯзномаи «Хатлон» журналисти собиқадор ва шогирди мактаби эҷодии ҳамин рӯзнома Асалмо Сафарова мебошад. Дар ин рӯзнома бо раҳбарии ӯ қаламкашони қавию ҳирфаӣ гирди ҳам омада, машғули кору эҷод ҳастанд. Кор дар рӯзнома ҷӯш мезанад. Ҳоло нашрия ҳафтае як дафъа бо теъдоди қариб 10 ҳазор нусха чоп ва дастраси хонандагони худ дар 25 шаҳру ноҳияи вилояти Хатлон мешавад.

Изҳори сипос ва шарҳи маъзарат

Бо таваҷҷуҳ ба ин масъала, ки мутаассифона, то ҳанӯз таърихи пайдоиш ва динамикаи инкишофи ин рӯзнома, функсияҳои сиёсӣ, иҷтимоӣ ва фарҳангии он, нақши рӯзнома дар беҳсозии вазъи ҷомеа аз ҷониби олимону муҳаққиқон пажуҳиш ва аз нуқтаи назари илм арзёбӣ нашудааст, ҳайати эҷодии «Хатлон» тасмим гирифт, ки маҷмӯаеро бо номи «Чеҳраи Хатлон» ба нашр расонад. Ин нахустин таҷриба ва кӯшиши мост барои таҳқиқи таърихи нашрияи вилоятии «Хатлон».

Дар китоби мазкур маълумоти кӯтоҳ оид ба фаъолиятҳои корӣ ва зиндагиномаи бисёре аз кормандони собиқ ва феълии рӯзнома гирд оварда шудааст. Мо дар чанд шумораи рӯзнома дар нимаи аввали соли 2013 дар саҳифаи якум эълоне нашр карда, аз кормандони собиқи рӯзнома, аз пайвандони онҳо ва алоқамандони нашрия дархоста будем, ки дар таҳияи ин китоб кӯмакашонро дареғ надоранд. Бисёриҳо дар гирдоварии маълумоти лозим оид ба таърихи рӯзнома ва собиқадорони он ба мо ёрӣ доданд. Бахусус аз Саидалӣ Бобохонов, Ғайбулло Ҳалимов, Саттор Қарахонов, Наҷот Сафарзода, Солиҷон Комилов ва дигарон, ки маҷмӯаи мазкур бо машварату маслиҳаташон такмил шудааст, изҳори сипос мешавад.

Мутаассифона, фурсати кӯтоҳи дарихтиёрбуда ба мо имкон надод, ки доир ба зиндагинома ва осори ҳамаи қаламкашони рӯзнома иттилоъ ба даст оварем. Аммо ин маънои онро надорад, ки бо ҳамин иктифо хоҳад шуд ва нақшу саҳми кормандони собиқи рӯзномаро, ки дар ин китоб шарҳи ҳолу матлабашон ҷой нагирифт, зери шакку шубҳа қарор доданием.

80-умин солгарди рӯзномаи маҳбуби «Хатлон»-ро ба кулли алоқамандони ин нашрия самимона шодбош гуфта, умедворем, ки дӯстдорони «Хатлон» ва муаррихону собиқадорон барои такмили ин маҷмӯа дар нашрҳои оянда мусоидат хоҳанд кард.

Носирҷон МАЪМУРЗОДА

Адабиёти истифодашуда:
1. Азимов А. Марзи сухан. – Душанбе: «Дониш», 2008.
2. История коллективизации сельского хозяйства и колхозного строительства в Таджикской ССР (1926-1937 гг.) Сб. документов. - Душанбе, 1973. (Т.1. С.647)
3. Миралиев А. Файзи замини падарон. – Душанбе: «Шарқи озод», 2003.
4. Набиев А. Прости нас, Господи… - Душанбе: «Сурушан», 2003.
5. «Роҳи ленинӣ». 1933-1983. – Кӯлоб, 1983.
6. Тоатов Ҳ., Юлдошев Р. Хатлон дар масири таърих. – Хуҷанд: «Ношир», 2006.
7. «Хатлон». 60 сол. Ҷашннома. – Кӯлоб, 1993.
8. Ҳамроев М. Таърихи обёрии води Вахш. – Душанбе: «Ирфон», 2003.
9. Шариф Д. Таърихи Хатлон. – Кӯлоб: «Сада», 1999.


Шарҳи хонандагон +

Матолиби дигар:

Беш аз 1130 матлаби «Хатлон» дар як сол!

Беш аз 1130 матлаби «Хатлон» дар як сол!

Фарҳанг ва адабиёт, Хабарҳо, КОМРОНИ БАХТИЁР
Ганҷи «Баҳористон» - дастраси умум

Ганҷи «Баҳористон» - дастраси умум

Фарҳанг ва адабиёт, Хабарҳо, ҲАНГОМА ПАҲЛАВОНОВА
ҒАЙБУЛЛО ҲАЛИМОВ

ҒАЙБУЛЛО ҲАЛИМОВ

Ҳайати эҷодӣ
САТТОР ҚАРАХОНОВ (С. Аттор)

САТТОР ҚАРАХОНОВ (С. Аттор)

Ҳайати эҷодӣ

ҲУСЕЙН МАЛИКОВ

Ҳайати эҷодӣ