Дар як сатр
» » Таҷассумгари сиёсат ва симои давлат

Таҷассумгари сиёсат ва симои давлат

24-04-2018, 10:08

Тибқи нақша - чорабиниҳои тасдиқнамудаи Дастгоҳи иҷроияи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон дар «Кохи Ватан»-и шаҳри Бохтар, Собирҷон Холназаров, мушовири калони бахши ёрдамчии Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба масъалаҳои ҳуқуқӣ ва Мирзозода Сафаралӣ Раҳимӣ, муовини Прокурори генералии Ҷумҳурии Тоҷикистон ҷиҳати расонидани мазмуну муҳтавои суханронии Эмомалӣ Раҳмон бо мақомоти  Прокуратураи Ҷумҳурии Тоҷикистон баромад намуданд.

Дар чорабинии мазкур кормандони мақомоти ҳифзи ҳуқуқи вилоят, мудирони бахш оид ба корҳои дин, танзими анъана ва ҷашну маросимҳои миллӣ, мудирони маорифи шаҳру ноҳияҳо, раисони шаҳраку деҳоти шаҳру ноҳияҳои Левакант, Кӯшониён, Вахш ва Ҷалолиддини Балхӣ, мудирони бахши кор бо занон ва оила, мудирони бахши ҷавонон ва варзиши шаҳру ноҳияҳои вилояти Хатлон ва фаъолони шаҳри Бохтар иштирок доштанд.

Ҳангоми суханронӣ Содиқ Аминҷонов, мудири шуъбаи маъмурию ҳуқуқии дастгоҳи раиси вилояти Хатлон, зикр намуд, ки мақомоти прокуратура яке аз ниҳодҳои муҳими давлатдорӣ мебошад, ки фаъолияти онҳо ба ҳифзи арзишҳои ҷомеаи демократӣ, қонуният, тартиботи ҷамъиятӣ, ҳуқуқу озодиҳои инсон ва шаҳрванд, манфиатҳои давлат ва ҷомеа, ошкору пешгирӣ намудани ҳуқуқвайронкуниҳо ва мубориза бо ҷинояткорӣ равона гардидааст.

- Таъмини қонунияту адолат, амният, сулҳу субот ва ризоият дар ҷомеа аз фаъолияти самараноки мақомоти прокуратура вобаста мебошад, - афзуд ӯ.

- Экстремизм ва терроризм аз ҷумлаи хатарҳои торафт вусъатёбандаи ҷаҳони муосир буда, мубориза бар зидди онҳо ҳамеша дар сархатти вазифаҳои муҳимтарини мақомоти ҳифзи ҳуқуқ ва сохторҳои низомӣ қарор дорад, - зикр намуд Мирзозода Сафаралӣ Раҳимӣ, муовини Прокурори генералии Ҷумҳурии Тоҷикистон. – Аз ин рӯ, бо пешниҳоди Прокурори генералӣ 17 созмону ҳаракат ва гурӯҳу равияҳо бо қарори суд экстремистиву террористӣ эътироф гардида, аввалин Стратегияи миллӣ оид ба муқовимат бо экстремизм ва терроризм таҳия ва тасдиқ карда шуд.

Таъкид менамоям, ки ба анҷом расидани задухӯрдҳои мусаллаҳона дар ҳудуди давлатҳои Ироқ ва Сурия маънии пурра барҳам хӯрдани ташкилоти террористии ба ном "Давлати исломӣ” ва дигар созмонҳои террористиро надорад ва набояд боиси хотирҷамъиву ғафлати сохтору мақомоти дахлдор гардад, - гуфт Сафаралӣ Мирзозода.

- Сарвари давлат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон вазъи соҳа ва фаъолияти кормандони прокуратураро давоми солҳои соҳибистиқлолӣ таҳлилу баррасӣ карда, барои таъмини волоияти қонун, риояи ҳатмии қонунгузорӣ ва иҷрои дигар супоришҳои Ҳукумати ҷумҳурӣ дастуру ҳидоятҳо доданд», - афзуд Собирҷон Холназаров, мушовири калони бахши ёрдамчии Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба масъалаҳои ҳуқуқӣ.

С. Холназаров дар идомаи  суханронӣ  зикр карданд, ки зимни таҳлилҳои амиқ Сарвари давлат таваҷҷуҳи ҳозиринро баҳри ошкор, пешгирӣ ва бартараф кардани ҳама гуна қонуншиканиҳо дар масъалаи истифодаи замин, бо дарназардошти ҳифзи ҳуқуқи истеъмолкунандагон пешгирӣ кардани воридоти маҳсулоти пастсифати хӯрока, пешгирии қонунвайронкуниҳо дар самти татбиқи қонунҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон "Дар бораи танзими анъана ва ҷашну маросим дар Тоҷикистон”,  "Дар бораи баланд бардоштани масъулияти падару модар дар таълиму тарбияи фарзанд”, инчунин пешгирии амалҳои коррупсионӣ, аз байн бурдани ҷиноятҳои марбут ба экстремизм, терроризм, пешгирии гардиши ғайриқонунии маводи нашъаовар ҷалб карда, ба Прокуратураи Ҷумҳурии Тоҷикистон, Агентии назорати давлатии молиявӣ ва мубориза бо коррупсия, сохторҳои ҳифзи ҳуқуқу тартибот, Кумитаи давлатии идораи замин ва геодезӣ, инчунин дигар мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳру ноҳияҳо баҳри ислоҳи камбудиҳои номбаршуда супоришҳои мушаххас доданд.

 

Комрони БАХТИЁР,

«Хатлон»



Шарҳи хонандагон +
Viagra PРіТ‘ Nett I Sverige cialis price Compra Viagra
30 май 2018 23:18

Матолиби дигар:

Тадбирҳо оид ба роҳандозии маърифати ҳуқуқӣ

Тадбирҳо оид ба роҳандозии маърифати ҳуқуқӣ

Ҳокимияти давлатӣ, КОМРОНИ БАХТИЁР
А. Холиқзода: «бузургтарин неъмат барои ҳар як миллат  оромии ҷомеа аст»

А. Холиқзода: «бузургтарин неъмат барои ҳар як миллат оромии ҷомеа аст»

Ҳаёти иҷтимоӣ
Ҷомеаи солим бидуни маводи мухаддир

Ҷомеаи солим бидуни маводи мухаддир

Хабарҳо, Ҷавонон ва варзиш
60%-и кормандони прокуратура иҷоранишинанд

60%-и кормандони прокуратура иҷоранишинанд

Хабарҳо, Ҳуқуқу амният, НИЗОМИДДИН ИСОЕВ
Президент: «Коррупсия кирдори хатарноки зиддидавлатист»

Президент: «Коррупсия кирдори хатарноки зиддидавлатист»

Сиёсат, Хабарҳо, Ҳуқуқу амният