Рӯзномаи Хатлон » Ҳокимияти давлати » ИСТИҚБОЛИ ҒОЛИБИ ОЗМУНИ "МУРАББИИ СОЛИ ТОҶИКИСТОН - 2022"


ИСТИҚБОЛИ ҒОЛИБИ ОЗМУНИ "МУРАББИИ СОЛИ ТОҶИКИСТОН - 2022"



Дар гулгашти Васеъи қаҳрамони ноҳияи Восеъ ғолиби озмуни ҷумҳуриявии "Мураббии соли Тоҷикистон- 2022" Қодирзода Озодамо бо шукуҳу шаҳомати хоса пешвоз гирифта шуд,ки дар он сардори Раёсати маорифи вилояти Хатлон Ғазалшоҳ Сафарзода, раиси ноҳияи Шарифзода Ҷамшед ва дигар масъулон, роҳбарони муассисаҳои таълимию томактабии ноҳия, омӯзгорону хонандагон дар даст парчам ва шодию нишоти беандоза иштирок доштанд.

Дар гулгашти Восеъ ҷамъомад баргузор шуд,ки сардори Раёсати маорифи вилояти Хатлон Ғазалшоҳ Сафарзода, раиси ноҳияи Восеъ Шарифзода Ҷамшед, ғолиби озмун Қодирзода Озодамо ва роҳбари муассисаи томактабии "Оиша" сухан карда, дар хусуси иштирок дар озмун, мақсади озмун, сири муваффақият ва раванди озмуни ҷумҳуриявии "Мураббии соли Тоҷикистон - 2022" изҳори назар карданд.

Ғазалшоҳ Сафарзода, сардори Раёсати маорифи вилоят табрикоти раиси вилояти Хатлон Давлаталӣ Саидро ба ғолиби озмуни ҷумҳуриявии "Мураббии соли Тоҷикистон - 2022" расонида, барои заҳмат ва нишон додани маҳорати баланди касбӣ изҳори сипос намуд.

С. АЗИЗЗОДА 

Дигар хабарҳо

хабарҳои охир

Яндекс.Метрика

Муассис:

МАҚОМОТИ ИҶРОИЯИ ҲОКИМИЯТИ ДАВЛАТИИ ВИЛОЯТИ ХАТЛОН

САРМУҲАРРИР

Носирҷон Маъмурзода