Дар як сатр
» » Интихоби ҷавонон - тарзи ҳаёти солим

Интихоби ҷавонон - тарзи ҳаёти солим

26-04-2018, 11:14

Дар ҷаласаи Шӯрои ҳамоҳангсозӣ оид ба пешгирии сӯйистеъмоли маводҳои нашъадор дар вилояти Хатлон  фаъолияти Шӯроҳои  ҳамоҳангсозии шаҳру ноҳияҳои Левакант ва Дӯстӣ мавриди баррасӣ қарор ёфт.

Аз рӯи масъалаи мазкур ҳозирин  гузориши котиби Шӯрои ҳамоҳангсозии вилоят Насим Ҳомидовро аз натиҷаи  санҷиши фаъолияти Шӯроҳои ҳамоҳангсозии шаҳру ноҳияҳо шуниданд. Сипас, ҳисоботи раисони Шӯрои ҳамоҳангсозии шаҳру ноҳияҳои Левакант ва Дӯстӣ  Зебунисо Шарифзода ва Наргис Қурбонова оид ба фаъолияти Шӯроҳо дар семоҳаи аввали соли ҷорӣ мавриди баррасӣ қарор гирифт. Тавре ки аз ҳисоботҳо равшан гардид, бобати пешгирии сӯистифода аз маводи нашъаовар дар шаҳру ноҳияи мазкур як қатор корҳо ба сомон расонида шуда бошад ҳам, ҳанӯз дар ин самт корҳо мувофиқи мақсад нест. Раиси Шӯрои ҳамоҳангсозӣ оид ба пешгирии   сӯйистифодаи   маводи   нашъадори вилояти Хатлон Махфират Хидирзода зимни суханронӣ таъкид дошт, ки оид ба ин масъалаи доғи рӯз бояд аъзои Шӯрои ҳамоҳангсозӣ ва тамоми қишрҳои ҷомеа фаъолнокӣ нишон дода, дар самти пешгирии ҳодисаҳои қочоқ ва истеъмоли маводи нашъаовар беҳтару хубтар фаъолият намояд. Мубориза алайҳи вабои аср-маводи мухаддир  имкон медиҳад, ки насли солиму арзандаи миллат-ро ба камол расонем.

Сипас ҳозирин ахбороти сардори Раёсати телевизион ва радиои вилояти Хатлонро дар самти иҷрои стратегия, инчунин сатҳи инъикоси чорабиниҳо ва пахши роликҳо оид ба пешгирии нашъамандӣ шуниданд. Тавре ки сардори Раёсати телевизион ва радиои вилояти Хатлон Ҳамро Салимов баён дошт, кормандони эҷодии телевизион ҳамкориро бо Агентии назорати маводи нашъаовари назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон дар вилояти Хатлон ва дигар сохторҳо хуб ба роҳ монда, баҳри огоҳии мардум аз ин вабои аср як қатор барномаю гузориш ва мусоҳибаҳо таҳия намуда, пешкаши тамошобинон гардониданд. Ҳамчунин, дар ҷаласаи Шӯроҳои ҳамоҳангсозӣ ахбороти сармуҳаррирони рӯзномаҳои вилоятии "Хатлон”, "Новий Хатлон”, "Дӯстлик” ва маҷаллаи "Сафо” оид ба татбиқи стратегияи миллии мубориза бар зидди гардиши ғайриқонунии маводи  мухаддир дар Ҷумҳурии Тоҷикистон барои солҳои 2013-2020 шунида шуд.

Тавре ки равшан гардид, дар саҳифаҳои маҷаллаву рӯзномаҳои мазкур оид ба ин масъалаҳо даҳҳо мақолаву мусоҳибаҳо рӯи чоп омада, пешкаши хонандагон гардиданд. Раиси Шӯрои ҳамоҳангсозӣ оид ба пешгириву сӯйистифодаи маводҳои нашъадори вилояти Хатлон Хидирзода Махфират Умар доир ба амалӣ гардидани бандҳои  Стратегияи миллии  мубориза бар зидди гардиши ғайриқонунии маводи мухаддир дар Ҷумҳурии Тоҷикистон барои солҳои 2013-2020 сухан ронда, аъзои Шӯро ва иштирокдорони ҷаласаро вазифадор намуд, ки дар ин самт ба саҳлангорӣ роҳ надиҳанд. Зеро амалӣ гардидани бандҳои Барномаи мазкур имкон медиҳад, ки сатҳи истеъмолу қочоқи маводи мухаддир кам гардида, ҷавонони солим ва арзандаи миллату ватанро тарбия намоем.

- Оқибатҳои ногувори истифодаи маводҳои нашъаовар ба ҳамагон равшан буда,  истифодабарандагонро ба ҳалокат мерасонад. Аз ин лиҳоз тамоми ташкилоту муассисаҳои дахлдорро зарур аст, ки оид ба пешгирии ҷавонон аз ин гуна амалҳои хатарзо кӯшиш ба харҷ диҳем, - таъкид дошт муовини раиси вилоят Махфират Хидирзода. 

Пас аз баррасии масъалаҳои рӯзнома бо истифода аз пешниҳодҳои муфид ҷаласаи Шӯрои ҳамоҳангсозии вилоят қарорҳои дахлдор қабул намуд.

ВАХШОНА,

"Хатлон”



Шарҳи хонандагон +
Can You Buy Flagyl Over The Counter Comprar Cialis Francia canadian cialis Levitra Prix
12 июн 2018 12:53

Матолиби дигар:

Занону духтаронро ба касбомӯзӣ ҷалб бояд кард

Занону духтаронро ба касбомӯзӣ ҷалб бояд кард

ҲУНАРҲОИ МАРДУМӢ, АСАЛМО САФАРОВА
А. Исмоилзода: «маърифат ва сатҳи дониши ҳуқуқии сокинонро баланд бардорем»

А. Исмоилзода: «маърифат ва сатҳи дониши ҳуқуқии сокинонро баланд бардорем»

Ҳуқуқу амният, НИЗОМИДДИН ИСОЕВ
А. Холиқзода: «бузургтарин неъмат барои ҳар як миллат  оромии ҷомеа аст»

А. Холиқзода: «бузургтарин неъмат барои ҳар як миллат оромии ҷомеа аст»

Ҳаёти иҷтимоӣ
Тасдиқи рамзи «соли рушди  Сайёҳӣ ва ҳунарҳои мардумӣ»

Тасдиқи рамзи «соли рушди Сайёҳӣ ва ҳунарҳои мардумӣ»

ҲУНАРҲОИ МАРДУМӢ, Ҳаёти иҷтимоӣ
Ҷомеаи солим бидуни маводи мухаддир

Ҷомеаи солим бидуни маводи мухаддир

Хабарҳо, Ҷавонон ва варзиш