Дар як сатр
» » Занону духтаронро ба касбомӯзӣ ҷалб бояд кард

Занону духтаронро ба касбомӯзӣ ҷалб бояд кард

27-04-2018, 14:02

Ҷаласаи Шӯрои занони мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии вилоят доир гардид.

Қабл аз оғози чорабинӣ занону бонувони ҳунарманд, соҳибкорон маҳсули дастранҷи хешро ба намоиш гузоштанд. Бо иқдоми Президенти кишвар  эълон гардидани соли 2018 Соли рушди сайёҳӣ ва ҳунарҳои мардумӣ бонувони вилояти Хатлонро низ рӯҳбаланд намуда, барои ноил гаштан ба дастовардҳои нав ба нав роҳнамун сохт. Ҷаласаи Шӯрои занони мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии вилоятро муовини раиси вилоят Махфират Хидирзода ҳусни оғоз бахшида, ҳозиринро бо рӯзномаи ҷаласа ошно намуд.

Тавре ки равшан гардид, дар ҷаласа масъалаҳои зерин: ба касбомӯзӣ ҷалб намудани занону духтарон дар се моҳи аввали соли 2018; татбиқи Паёми Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба эълон гардидани соли 2018  Соли рушди сайёҳӣ ва ҳунарҳои мардумӣ дар вилояти Хатлон; дастгирӣ ва рушди фаъолияти соҳибкории занон дар соли 2018 дар вилояти  Хатлон  ва масъалаҳои ҷорӣ мавриди баррасӣ қарор гирифтанд.

Аз рӯйи масъалаҳои мазкур сардори Раёсати Агентии меҳнат ва шуғли аҳолии вилояти Хатлон Наврӯззода Аслбӣ, муовини сардори Раёсати кор бо занон ва оилаи мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии вилояти Хатлон Қумринисо Сангалиева  ва мутахассиси пешбари Раёсати кор бо занон ва оилаи мақомоти иҷроия Меҳринисо Холмуродова суханронӣ намуданд.

Муовини раиси вилояти Хатлон Махфират Хидирзода зимни суханронӣ таъкид дошт, ки Соли рушди сайёҳӣ ва ҳунарҳои мардумӣ эълон гардидан аз ҷониби Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон сокинон бахусус бонувони вилояти Хатлонро хушҳол намуд. Зеро Хатлонзамин дорои мавзеъҳои афсонавӣ, таърихӣ ва ҳунармандони чирадаст ба шумор меравад. Ин иқдоми Роҳбари давлат имкон фароҳам меоварад, ки бонувони ҳунарманди Хатлонзамин ҳунари волои дастони хешро пешкаши ҳамагон гардонанд. Бахусус, рушди ҳунарҳои  мардумӣ истеҳсоли маҳсулоти заргарӣ, кандакорӣ, адрасбофиву атласбофӣ, чакану қуроқдӯзиро ба роҳ монда сатҳи зиндагии хешро боло бардоранд.

Дар ҷаласаи Шӯро масъалаҳои пешниҳодгардида баррасӣ ва аз рӯи онҳо қарорҳои дахлдор қабул гардиданд.

ВАХШОНА,

"Хатлон”



Шарҳи хонандагон +

Матолиби дигар:

Интихоби ҷавонон - тарзи ҳаёти солим

Интихоби ҷавонон - тарзи ҳаёти солим

Тандурустӣ ва экология, АСАЛМО САФАРОВА
Ҷомӣ. Ҷавонон касбу ҳунар меомӯзанд

Ҷомӣ. Ҷавонон касбу ҳунар меомӯзанд

ҲУНАРҲОИ МАРДУМӢ, Ҷавонон ва варзиш, НИЗОМИДДИН ИСОЕВ
Чорабинӣ хотирмон гузашт

Чорабинӣ хотирмон гузашт

ҲУНАРҲОИ МАРДУМӢ, ИСМАТУЛЛО ҲАСАНОВ
Тасдиқи рамзи «соли рушди  Сайёҳӣ ва ҳунарҳои мардумӣ»

Тасдиқи рамзи «соли рушди Сайёҳӣ ва ҳунарҳои мардумӣ»

ҲУНАРҲОИ МАРДУМӢ, Ҳаёти иҷтимоӣ
ИҚДОМИ ПЕШВОИ МИЛЛАТ ДАСТГИРӢ МЕЁБАД

ИҚДОМИ ПЕШВОИ МИЛЛАТ ДАСТГИРӢ МЕЁБАД

Хабарҳо, Туризм