Рӯзномаи Хатлон » Ҳокимияти давлати » Ташкили бурсҳои ройгон барои наваскарон


Ташкили бурсҳои ройгон барои наваскарон



Шурӯъ аз 17 январ Кумитаи вилоятии Созмони ҷамъиятии мададгори мудофиа дар вилояти Хатлон бурсҳои кӯтоҳмуддати ронандагии ройгон эълон намуд. Дар ин бора муовини сардори Мактабҳои техникии муттаҳидаи Кумитаи вилоятии Созмони ҷамъиятии мададгори мудофиаи вилояти Хатлон Манучеҳр Тоҷиев хабар дод.

Дар айни замон ба бурсҳои ронандагӣ беш аз 70 дархост аз ҷониби наваскарон ворид шудааст. Маблағгузории ташкил ва гузаронидани бурсҳо дар вилояти Хатлон аз ҳисоби Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон амалӣ карда мешавад. Барои омӯзиши ҷавонон таҷҳизоту воситаҳо омода карда шудаанд.

Бо мақсади таълиму тарбия ва омода намудани ҷавонон ба хидмат дар сафи Қувваҳои Мусаллаҳи Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳамчунин бурсҳои тирандозӣ ва асбҳои гуногун, аз қабили ошпаз, тракторчӣ, барқчӣ, кафшерчӣ, сартарош таъсис дода шудаанд. Давраи омӯзиш дар бурсҳои ронандагӣ дар вилояти Хатлон то 3 моҳ идома меёбад. Устодон ва ураббиён ихтиёриёнро ба таври амалӣ ва таҷрибавӣ таълим медиҳанд.

Дар Фурудгоҳи байналмилалии Душанбе Меҳроҷ Камоловро роҳбарияти Федератсияи ҷиуҷитсуи кишвар, дӯстону наздикон, ҳаводорон ва хабарнигорон гарм истиқбол гирифтанд.

http://khatlon-ruznoma.tj/

Дигар хабарҳо

хабарҳои охир

Яндекс.Метрика

Муассис:

МАҚОМОТИ ИҶРОИЯИ ҲОКИМИЯТИ ДАВЛАТИИ ВИЛОЯТИ ХАТЛОН

САРМУҲАРРИР

Носирҷон Маъмурзода