Дар як сатр
» » Вусъати умури бунёдкорӣ дар Муъминобод

Вусъати умури бунёдкорӣ дар Муъминобод

20-04-2018, 11:49

Бори аввал дар таърихи соҳибистиқлолии Тоҷикистон буҷети ноҳияи Муъминобод соли 2018 аз ҷониби мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии вилоят ба маблағи 4 миллион сомонӣ таъмин мегардад.

Тоҳирхон Амиршозода, раиси ноҳияи мазкур, зимни тасдиқи ин маълумот зикр кард, ки Муъминобод ноҳияи дотатсионӣ буда, ҳамагӣ 22 фоизи қисми даромади буҷетро таъмин мекунад, 78 дарсади он бо дастгирии Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон сурат мегирад. Бо вуҷуди ин, дар ноҳия корҳои ободониву созандагӣ вусъат гирифтаанд. Азми бунёди пули нав дар болои дарёи Сардоб яке аз чунин иқдомҳост. Он дар оянда метавонад ноҳияи Муъминободро дар тамоми фасли сол бо ноҳияи Ховалинг бипайвандад. «Дар пояи кӯҳи Чилдухтарон аз тарафи соҳибкор А. Саъдуллоев сохтмони меҳмонхонаи замонавӣ, нуқтаҳои хизмати маишӣ ва ҳавзи шиноварӣ идома дорад, ки то моҳи майи соли ҷорӣ ба истифода дода мешавад», - афзуд раиси ноҳия.



Шарҳи хонандагон +

Матолиби дигар:

Қалъаи Муъминобод, асрҳои X-XII

Қалъаи Муъминобод, асрҳои X-XII

Хабарҳо, Туризм, ФАРОМӮЗ БОБОЕВ
Бунёди Қасри фарҳанг дар Муъминобод

Бунёди Қасри фарҳанг дар Муъминобод

Хабарҳо, Фарҳанг ва адабиёт, ҲАНГОМА ПАҲЛАВОНОВА
Роҳ ба мавзеи «Чилдухтарон» наздик шуд

Роҳ ба мавзеи «Чилдухтарон» наздик шуд

Фарҳанг ва адабиёт, Хабарҳо, Тандурустӣ ва экология, НОСИРҶОН МАЪМУРЗОДА
Муъминобод. 69,3%-и буҷет барои маош

Муъминобод. 69,3%-и буҷет барои маош

Хабарҳо, ҲАНГОМА ПАҲЛАВОНОВА
Муъминобод. Иншооти тиббӣ таъмир гардид

Муъминобод. Иншооти тиббӣ таъмир гардид

Хабарҳо, НАҶОТ САФАРЗОДА