Дар як сатр
» » Амалҳои инсондӯстона дар шаҳри Бохтар

Амалҳои инсондӯстона дар шаҳри Бохтар

19-04-2018, 09:48

Шаҳрдории Бохтар барои 17 нафар ятимони кулл, ки дар маркази маъмурии вилоят будубош доранд, саёҳати дохилӣ ва барномаи фарҳангӣ ташкил намуда, ба ҳар яке аз онҳо кумаки молиявӣ расонд.

Қабл аз саёҳату барномаи фарҳангӣ вохӯрии раиси шаҳри Бохтар Абдуалим Исмоилзода бо ятимони кулл дар толори хурди мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳр баргузор гардид. А. Исмоилзода аз таваҷҷуҳи давлату Ҳукумати кишвар ва Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба ятимону ниёзмандон ёдовар шуда, бо иштирокчиёни вохӯрӣ доир ба вазъи зиндагӣ ва мушкилиҳояшон суҳбати озод доир намуд. Зикр гардид, ки ҳар яке аз ин ятимон дар бонк суратҳисоби махсуси худро доранд ва аз ҷониби давлату шахсони хайрхоҳ ба он мунтазам кумакпулӣ гузаронида мешавад. Инчунин аз ҷониби раиси шаҳри Бохтар ба 17 нафар ятимони кулл ба маблағи 500 сомонӣ супорида шуд.



Шарҳи хонандагон +

Матолиби дигар:

Абдуалим Исмоилзода: «Эмомалӣ Раҳмон замоне роҳбариро ба дўш гирифт, ки мар ...

Абдуалим Исмоилзода: «Эмомалӣ Раҳмон замоне роҳбариро ба дўш гирифт, ки мар ...

Хабарҳо, Ҳокимияти давлатӣ, ФАРОМӮЗ БОБОЕВ
Темурмалик: Амали хайри афроди саховатманд

Темурмалик: Амали хайри афроди саховатманд

Хабарҳо, Ҳаёти иҷтимоӣ, ҲАНГОМА ПАҲЛАВОНОВА
748 ятими кулл дар Хатлон

748 ятими кулл дар Хатлон

Ҳаёти иҷтимоӣ, Хабарҳо, НОСИРҶОН МАЪМУРЗОДА
Иқдоми хайрхоҳонаи ворисони Ибни Сино

Иқдоми хайрхоҳонаи ворисони Ибни Сино

Ҳаёти иҷтимоӣ, Хабарҳо
Ҳадяҳои солинавии Раиси вилоят ба ятимони Вахш

Ҳадяҳои солинавии Раиси вилоят ба ятимони Вахш

Иқтисоду тиҷорат, Хабарҳо