Дар як сатр
» » «Ифротгароии динӣ ва роҳҳои амалии пешгирии он дар маҳалҳо»

«Ифротгароии динӣ ва роҳҳои амалии пешгирии он дар маҳалҳо»

25-04-2018, 14:41

Баррасии масъалаи муҳим

«Дар ҳазорсолаи навин башарият бо хатарҳои ҷиддие рӯ ба рӯ шуд, ки ифротгароӣ ва терроризм аз ҷумлаи онҳо мебошад. Ҳарчанд ифротгароӣ ва тундравӣ дар тӯли таърихи башарият вуҷуд дошт, дар замони муосир он шиддати бесобиқа касб намудааст».

Ин мазмун дар Конфронси илмӣ-амалии ҷумҳуриявӣ дар мавзӯи «Ифротгароии динӣ ва роҳҳои амалии пешгирии он дар маҳалҳо», ки 25 апрел дар театри  мусиқӣ-мазҳакавии ба номи Ато Муҳаммадҷонови шаҳри Бохтар барпо гардид, баён шуд.

Дар конфронс масъулони ташкилоту муассисаҳои вилоятӣ, муовинони раисони шаҳру навоҳии вилоят, масъулони ҷамоатҳои шаҳраку деҳот, имомхатибони масоҷид ва фаъолони дигар иштирок намуданд.

Муовини раиси вилояти Хатлон Махфират Хидирзода зимни ироаи нутқи ифтитоҳии худ дар ин ҳамоиш аз ҷумла зикр кард, ки масъалаи терроризм ва экстремизм имрӯз ба проблемаи глобалие мубаддал шудаанд, ки амният, субот ва тартиботро дар кулли кишварҳои дунё осебпазир гардонидааст. «Маҳз бо дарназардошти муҳиммияти ин масъала Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти мамлакат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар Паёми навбатии худ ба Маҷлиси Олии мамлакат ба ин масъала диққати ҷиддӣ дода, аз ҷумла қайд намуданд, ки соли 2017 зиёда аз сад давлати дунё мавриди ҳамлаҳои ғайриинсонии террористон ва ифротгароён қарор гирифт. Ҳамлаҳои мудҳиши террористӣ, қувват гирифтани гурӯҳҳои тахрибкор, истифода бурдани ин неруҳо аз ҷониби амалгарони муборизаи калони геополитикӣ имрӯз ҳар як кишварро водор месозад, ки дар самти муқовимати устувор нишон додан ба муқобили ин хатари глобалӣ чораҳои мушаххас андешанд. Зеро воқеияти замони муосир нишон медиҳад, ки ҳеҷ як кишвар, новобас-та ба сатҳи рушди иҷтимоию иқтисодӣ, мавқеи ҷуғрофӣ, умумияти динию мазҳабӣ наметавонад, ки амнияти пурраи худро кафолат диҳад. Маҳз бо дарназардошти ҳамин хусусият ҳамгироии бештар бо кишварҳои минтақа ва ҷомеаи ҷаҳонӣ, ба роҳ мондани ҳамкориҳои фарогир муҳим мебошад. Ҷомеаи Тоҷикистон ҳам бояд дар муқобили хатарҳои ифротгароию терроризм зиракии сиёсӣ нишон диҳад, ки ин омили таъмини амният, ваҳдати миллӣ ва волоияти қонун мебошад», - зикр кард М. Хидирзода ва афзуд, ки конфронси мазкур ҷиҳати муайян намудани омилҳои ифротгароӣ, пешгирӣ аз гаравиши ҷавонон ба ҳизбу ҳаракатҳои иртиҷоӣ ва муқовимати устувор нишон додан бо ин зуҳуроти хатарбор метавонад боровар бошад.

Дар идома мудири шуъбаи дин, танзими анъана ва ҷашну маросими Дастгоҳи иҷроияи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Одинашоҳ Вализода сухан гуфта, таъкид намуд, ки таассуб ва ифротгароии динӣ яке аз сабабҳои асосии ташаккули экстремизм мебошад. «Сатҳи баланди таъмини техникӣ, сатҳи баланди танзим ва идора, маблағгузориҳои бузург аз хусусиятҳои терроризми муосир арзёбӣ мешавад», - зикр кард О. Вализода.

Директори Маркази исломшиносӣ дар назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Файзулло Баротзода дар мавзӯи «Равандҳои нави ифротгароии динӣ дар Ховари миёна ва таъсири он ба Ҷумҳурии Тоҷикистон» маърӯза хонда, аз ҷумла гуфт, ки бо мақсади пурзӯр намудани муқовимат бо экстремизм ва терроризм бо фармонҳои Президенти мамлакат аз 12 ноябри соли 2016, №776 «Стратегияи миллии Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба муқовимат ба экстремизм ва терроризм барои солҳои 2016-2020» ва аз 4 апрели соли 2018, №1042 «Консепсияи сиёсати давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар соҳаи дин» тасдиқ шудааст. Ин консепсия мақсад, вазифаҳо ва самтҳои асосии сиёсати давлатии Тоҷикистонро дар соҳаи муқовимат бо ифротгароӣ ва терроризм, аз ҷумла нақши иттиҳодияҳои динӣ дар пешгирии тундгароии динӣ ва экстремизм муайян менамояд.

- Муҳити динӣ бар асари омилу воқеиятҳои мухталиф аз лиҳози паҳншавии тундгароии динӣ ва экстремизм бештар осебпазир аст, - идома дод Ф. Баротзода. – Мухолифатҳои назариявии дохилимазҳабӣ ба қутбҳо ҷудошавии он бар асари ворид шудани ақидаҳои тундгаро ва донишҳои нокифояи динии аҳолӣ ба ин раванд мусоидат мекунад. Ходимони динро зарур аст, ки пайваста ташвиқу тарғиби арзишҳои миллиро дар воситаҳои ахбори омма ва мулоқоту вохӯриҳо ба роҳ монда, ҷиҳати даъватҳои оммавӣ барои ба амал баровардани фаъолияти ифротӣ, ки тариқи сомонаҳои интернетӣ паҳн карда мешаванд, нишон додани вокунишҳоро роҳандозӣ намоянд.

Муовини якуми раиси Кумита оид ба корҳои дин, танзими анъана ва ҷашну маросимҳои миллии назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон Амирбег Бегназаров доир ба ифротгароӣ ва роҳҳои пешгирии он нутқ ронда, аз қавли Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон иқтибос овард, ки гуфтааст: «Муборизаи мо ба муқобили экстремизму терроризми байналмилалӣ дар асл мубориза барои ҳифзи давлат, истиқлолият, фарҳангу забон, арзишҳои миллӣ ва зиндагии озоду осудаи халқамон мебошад». Ба қавли А. Бегназаров, фаъолияти ташкилотҳои экстремистӣ доир ба ҷалбкунии аъзои нав аксаран дар байни ҷавонон ва занон амалӣ карда мешавад, ки ба амнияти давлативу ҷамъиятӣ ва арзишҳои анъанавии оилавӣ хатарҳо эҷод менамояд. «Пайравии ҷавонони кишвар аз андешаҳои тундгароии динӣ дар шабакаҳои иҷтимоӣ кам нестанд. Мутаассифона, қисме аз ҷавонон ҳамин андешаҳоро дар саҳифаҳои худ ҷой додаанд, ки ин метавонад боиси таъсиси чандин гурӯҳҳои ҳаммаслак дар сомонаҳо шавад. Дар асри иттилооту технологияи муосир, ки ҷаҳонро дигаргун карда, иддае ҳанӯз боварҳои нораво ва хурофотро алам карда, ҷавононро ба кӯи гумроҳӣ ва нокомӣ мекашонанд. Аз ин рӯ, тамоми қишрҳои ҷомеа, махсусан зиёиёну равшанфикрон ва ҳар касе, ки худро дар назди ҷомеа ва таърих масъул медонад, бояд баҳри огоҳии ҷавонон ва ба сирату маънавиёти онон кӯшиш кунад», - хулоса кард А. Бегназаров.

Дар ҳамоиш ҳамчунин раиси Шӯрои уламои Маркази исломии Тоҷикистон Саидмукаррам Абдулқодирзода дар мавзӯи «Нақши ҷавонон дар нигоҳдошти суботи миллӣ», сардори шуъбаи муқовимат бо терроризм, экстремизм ва назорати иҷрои қонунҳои прокуратураи вилоят Саидқадам Зоирзода дар мавзӯи «Хатари ҳизбу ҳаракатҳои экстремистию террористӣ дар ҷомеаи шаҳрвандӣ», муовини директори Маркази исломшиносӣ дар назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Рустам Азимӣ дар мавзӯи «Нақши ҷомеаи шаҳрвандӣ дар мубориза бо ифротгароӣ», сардори шуъбаи мубориза бо терроризми раёсати Кумитаи давлатии амнияти миллӣ дар вилояти Хатлон  Н. Каримов дар мавзӯи «Таҳдиди терроризм ба ҷомеаи шаҳрвандӣ», муовини аввали сардори раёсати ВКД дар вилоят Абдулваҳҳоб Искандарзода дар мавзӯи «Мубориза бо терроризм», муовини директори Маркази исломшиносӣ дар назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Мутеуллоҳ Наҷотзода дар мавзӯи «Накуҳиши ифротгароӣ аз нигоҳи ислом» ва дигарон суханронӣ карданд.

Нимаи дуюми рӯз дар толори хурди мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии вилояти Хатлон бахши дувуми конфронси ҷумҳуриявӣ дар мавзӯи «Такмили донишҳои хизматчиёни давлатӣ дар маҳал дар самти пешгирии ифротгароӣ» ба кори худ идома дод.

Иштирокдорони ин ҳамоиши илмию амалӣ зимни суханрониҳои худ таъкид доштанд, ки имрӯз дини мубини ислом аз ҷониби баъзе гурӯҳҳои эктремистиву террористӣ дар шаклҳои гуногун ҳамчун омили дастрасӣ ба ғаразҳои нопоки сиёсиашон истифода шуда истодааст. Дар ин замина мо бояд таҳдид ва хатарҳои тундгароӣ, ифротгароӣ ва терроризмро, ки хусусияти динӣ касб кардаанд ва ба ҳаёти мусулмонон ва умуман ислом таҳдид доранд, муайян намуда, интишори онҳоро дар ҷомеа пешгирӣ намоем.

 

Н. Маъмурзода,

«Хатлон»



Шарҳи хонандагон +

Матолиби дигар:

Ҷомеаи солим бидуни маводи мухаддир

Ҷомеаи солим бидуни маводи мухаддир

Хабарҳо, Ҷавонон ва варзиш
ДИИШ зулмат аст

ДИИШ зулмат аст

Хабарҳо, Ҳуқуқу амният, КОМРОНИ БАХТИЁР
Муборизаи зидди терроризм кори дастаҷамъист

Муборизаи зидди терроризм кори дастаҷамъист

Хабарҳо, Сиёсат, Ҷавонон ва варзиш, ФАРОМӮЗ БОБОЕВ
Хатари ифротгароӣ имрӯз сангинтар аз солҳои 90-ум аст

Хатари ифротгароӣ имрӯз сангинтар аз солҳои 90-ум аст

Хабарҳо, Ҳуқуқу амният, Ҷавонон ва варзиш, НОСИРҶОН МАЪМУРЗОДА
Қӯрғонтеппа. Конфронси илмӣ-амалӣ дар мавзӯи «Муқовимат ба терроризм: дасто ...

Қӯрғонтеппа. Конфронси илмӣ-амалӣ дар мавзӯи «Муқовимат ба терроризм: дасто ...

Хабарҳо, Ҳуқуқу амният, Ҷавонон ва варзиш, НОСИРҶОН МАЪМУРЗОДА