Дар як сатр
» » Сатҳи камбизоатӣ коҳиш ёфтааст

Сатҳи камбизоатӣ коҳиш ёфтааст

24-01-2015, 14:41

Сатҳи камбизоатӣ коҳиш ёфтааст

Cатҳи камбизоатӣ дар Тоҷикистон дар як сол аз 35,6 ба 32 фоиз поён рафтааст.

Дар ин бора дар Паёми имсолаи Президенти кишвар Эмомалӣ Раҳмон ба Маҷлиси Олӣ зикр шудааст. Ба қавли Сардори давлат, даромадҳои пулии аҳолӣ нисбат ба соли пешин 12 фоиз зиёд шуда, ба 23,8 миллиард сомонӣ баробар гардиданд ва пасандозҳои аҳолӣ дар бонкҳо 21 фоиз афзоиш ёфтанд.

- Чораҳои сари вақт андешидаи Ҳукумат имкон доданд, ки сатҳи таваррум дар доираи меъёри барномавии пешбинишуда ва ҳатто камтар аз он нигоҳ дошта шавад, - омадааст дар Паём. - Соли 2014 дар қаламрави мамлакат беш аз 252 ҳазор ҷойҳои нави кории доимӣ, мавсимӣ ва муваққатӣ таъсис дода шуданд. Дар ин давра маҷмӯи маҳсулоти дохилӣ 45,6 миллиард сомонӣ ва афзоиши воқеии он 6,7 фоизро ташкил кард.

Гуфта мешавад, ки соли гузашта аҳолии кишвар дуюним фоиз афзуда, дарозумрии миёнаи шаҳрвандон 73,4 солро ташкил дод, ки нисбат ба соли 2000-ум беш аз 5 сол зиёд аст.


Шарҳи хонандагон +

Матолиби дигар:

Маҷмӯи маҳсулоти минтақавӣ – наздики ду миллиард сомонӣ

Маҷмӯи маҳсулоти минтақавӣ – наздики ду миллиард сомонӣ

Хабарҳо, Иқтисоду тиҷорат, НОСИРҶОН МАЪМУРЗОДА
Рӯ ба рӯ бо мардум

Рӯ ба рӯ бо мардум

Ҳаёти иҷтимоӣ, Хабарҳо, Ҷавонон ва варзиш, Маориф ва илм, АСАЛМО САФАРОВА
ММД-и Тоҷикистон дар соли гузашта 6% афзоиш ёфт

ММД-и Тоҷикистон дар соли гузашта 6% афзоиш ёфт

Иқтисоду тиҷорат, Хабарҳо
Аз 1 июл маошу нафақа зиёд мешавад

Аз 1 июл маошу нафақа зиёд мешавад

Ҳаёти иҷтимоӣ, Хабарҳо, НОСИРҶОН МАЪМУРЗОДА
Таъсиси на кам аз 200 ҳазор ҷойи нави кор дар Тоҷикистон

Таъсиси на кам аз 200 ҳазор ҷойи нави кор дар Тоҷикистон

Хабарҳо, АМОН МАҲКАМОВ